Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ГАҲВОРАИ СИНО

ГАҲВОРАИ СИНО

То саҳаргаҳ Ситора* меҷунбид,
Тифл бо гоҳвора меҷунбид.
Дар нигоҳаш самои пурахтар
Аз карон то канора меҷунбид.

Мегузаштанд зулмати шабҳо
Дар назарбозиҳои кавкабҳо.
Субҳро мекушод бо сахтӣ –
Аллаи модарону «ё рабҳо».

Зери фоли баланди ахтарзод,
Бо баду некҳои модарзод,
Ба замин чун фариштаи хокӣ
Аз канори Ситора пой ниҳод.

Модар аз пас дуои ӯ мехонд,
Афшана чирадаст меафшонд.
Пеш мерафту Афшана дар ҷой,
Бори ғурбат ба дӯши ӯ мемонд.

Дар Бухоро, ки дард арзон буд,
Дарди инсон атои яздон буд.
Сад шифо дар китоб – дар ганҷур
Баста чун ганҷҳои Сомон буд.

Омаду дар кушод зиндонро,
Кард дар бар китоби дармонро,
Дар дили меҳрпарвари тоҷик,
Ҷой бинмуд Ҳинду Юнонро.

Шамъу Сино ба роҳи матлабҳо
Ёр буданд шаб ҳама шабҳо.
Сӯхт аз васли шамъ парвона,
Сӯхт ӯ дар висоли кавкабҳо.

Зарра-зарра фузуду шаст омад,
Осмони баланд паст омад,
Зина-зина расид рӯи манор,
Ахтари толеаш ба даст омад.

Дид, афсонаест, наҳси Зуҳал,
Дид, бечорагист нақши азал.
Як замоне худои худ гардид,
Дид, дар дасти ӯст дасти аҷал.

Заҳрҳо хӯрд, то шавад дармон,
Ранҷҳо бурд, то шавад осон
Мушкилоти ҳазораи Инсон –
Мушкили беканораи Инсон.

* Ситорабону – номи модари Ибни Сино
||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба