Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

СИТОРАИ ИСМАТ

БОБИ I


1
Ситора мепарад аз осмони субҳи симобӣ
Ва меборад зи чашми осмон ашки ятим обӣ,
Замини намкашида аз барои ҷуфт нобоб аст,
Замири ғамкашида дар шаби наврӯз нотоб аст.
Замини лойҷуфт аз баҳри неши дона зиндон аст,
Ки аз зиндони лой сар кашидан ғайри имкон аст.
Замини рӯзи наврӯзӣ ба мисли синаи раҳм аст,
Сабоҳ оинаи раҳм аст, само оинаи ваҳм аст.
Ва Исмат ҷуфтрони охирини деҳааш имрӯз
Баромад дар адои фарзи наврӯзи ҷаҳонафрӯз.
Зи рӯи ёлаҳо, ки сабза сабзӣ мекунад аз дур,
Ду тан рафтанд: пири пофитода, Исмати пурзӯр.
Ду ҷуфти гов пешандоз, гилеми сабза пойандоз,
Ва мурғи дил ба як боли саломат мекунад парвоз.
Ҷуволи гандуми тухмӣ ба пушти гови борӣ буд,
Зи нури офтоби субҳ саҳро обёрӣ буд.
Ду ҷуфти говро баста Шарифи пири барнодил,
Бигуфт, эй хоки бобоӣ, зи ман кишту зи ту ҳосил.
Ду дастам бо дуою бо сахои ҳазрати Одам,
Дар ин саҳрои шакли нова ҳамчун нимаи Олам
Бикорам рӯзии инсон,
Бикоҳам тухмаи шайтон,
Чу вақти ҷуфт шайтон мегурезад аз раҳи инсон.
Барои ризқи аскарҳои дар саҳрои користон,
Барои модарони мушти пар дар ин баҳористон,
Барои кӯдакони бекасу бекӯй мекорам
Ду доман тухмро, то ки ду олам бор бардорам.
Ва Исмат сар намуд огарди бепоёни гардонро.
Замини нов ними курраи арз аст говонро.
Агар рӯи замин як рӯю яксон буд, мебурдам,
Сари огардро то он сари дунёву мехӯрдам –
Сари бар сар яке бо арзи деҳқон, марзи деҳқонӣ,
Дар ин пайванд иҷро менамудам фарзи деҳқонӣ.
Заминро як камарбанди наве месохтам заррин,
Ба ранги хӯшаи гандум, ба ранги хӯшаи парвин.
Ва ҷуфти гови ӯ дар нов чун гирдоб мегардад,
Ва Исмат аз қафои говҳо бо тоб мегардад.
Нафас аз гармхезӣ ҳамраҳи ҳаври замин мехест,
Зи ҷабри ин замони хунталаб ҷаври замин мехест.
Ба боло мебаромад аз замини сарнишеб Исмат
Ва боло мебаромад дар самои сарнагун қисмат.
Қиёми офтоб омад, нагун шуд сояи говон,
Ба лаҳни «Бош, ҷанвар» ҷуфтро хобонд.
Падарро дид чун кӯдак аҷаб хушҳол меболид –
Зи кори пухтаи фарзанд.
Уқоби гушна рӯи пушта менолид.
Фаромад аз бари шудгори худ, назди падар омад,
Чунон бо роҳи печон рафта, гӯё аз сафар омад.
Зи баъди нонхӯрӣ нонрезаҳоро чида бӯсиданд,
Кадуи обро бар сар кашида, об нӯшиданд.
Дуо гуфтанду мурғи дар ҳаво гӯё гирифт омин,
Фаромад, ё баромад дар замин зоғи сияҳ – мушкин.
Даме осудаю бастанд ҷуфти гови сониро
Ва фарзанди Шариф медод доди ҷуфтрониро.
Тагорӯ мешавад хоку ба зераш рӯзии мардум,
Ба зераш донаи гандум, ба рӯяш хӯшаи анҷум.
Қариби шом шуд огард зери пардаи шомӣ,
Ситора дар само рахшид рамзи неканҷомӣ.

2
Саҳар аз равзани Исмат бараҳна офтоб омад,
Ҳама олам бараҳна пеши чашми масти хоб омад.
Зи равзан шӯълаи хуршед дар рӯи Нигор афтод,
Ту гӯӣ шохаи нуре ба рӯи лолазор афтод.
Аҷаб рӯи гулафшоне шукуфта дар канори ӯ,
Чӣ эъҷозест имшаб дар канори навбаҳори ӯ.
Зи рашки чашми худ пӯшонд рӯи офтобиро,
Ки чашми бад набинад ҳеҷ ин рӯи китобиро.
Зи ҷо бархоста пӯшид ӯ афзори корашро,
Чӣ сон танҳо гузорад аз барои кор ёрашро?
Равон гашту дили ӯ то сари саҳрои неъматзо
Чу тифли якраве мерафт бо фарёду бо ғавғо.
Дили нарму замини нарм ҳар ду донапарвар буд,
Миёни ин ду нармӣ ишқ довар, ишқ ёвар буд.
Накард озурда говонро, ки ӯро ёр ҳамкоранд,
Ки гарданро ба зери юғу зери теғ бигзоранд.
Агар аз хок рӯидем, агар мо одами хокем,
Чаро дар сарнавишти ин замин лоқайду бебокем?
Замин чун хонаи дарёст,
Замин чун лонаи дилҳост.
Замин бо лафзи мо гӯёст,
Замин бо одами дунёст,
Чаро қадри замину қадри инсонро намедонем?
Ҳама нон мехӯрему заҳмати донро намедонем.
Ва Исмат нарм-нармак гом аз рӯи замин мезад,
Сараш сарчархҳо аз бӯи дилҷӯи замин мезад.
Даме ки офтоб аз теппаҳо се найза боло шуд,
Чапони кори Исмат дар вуҷудаш нурполо шуд.
Кушода ҷуфти говашро, ба Итарка назар андохт,
Ба пои он паризоде, ки пеш омад, сипар андохт.
Нигори нозанинаш бо либоси оҳарӣ омад,
Кӣ медонад, барои дилдиҳӣ ё дилбарӣ омад.
Аҷаб сарве, ки дар ин теппаҳои бегияҳ руста,
Ниҳоли офтобе аз дили хоки сияҳ руста.
Ба дасташ кафши булғораш,
Ба фарқаш тӯшаи ёраш,
Ба рӯи куртаи карбос мӯи мушки аттораш.
Садаф моҳи маҷозӣ буд дар қулфи гиребонаш,
Саропо буд исмат аз гиребон то ба домонаш.
Ва ҳар чӣ пеш меомад, ба сӯи хеш меомад,
Зи худ вораста ҳамчун шоҳ ё дарвеш меомад.
Аз ин эъҷоз охир лол ё тимсол шуд Исмат
Ва ҷону дил ризоӣ дод аз пешомади қисмат.
Аҷаб давлат, ки духтар пеши чашми ман калон гардид,
Замоне шуд, ки ӯ зеботарини духтарон гардид.
Ба ман аз наврасиву навтанӣ меҳри ниҳонӣ дошт,
Ба фаҳми содааш балки маро дилдор мепиндошт.
Бароям себро бо дасти худ чун даста* меовард,
Гувоҳаш гунаҳои сурх – чун дилбаста меовард.
Худоро, бахти ман имрӯз чун Бобои деҳқон аст,
Ки ишқам дар сари саҳрои навкорида меҳмон аст.
Ба Исмат ҳолате рух дод, ӯро бурд бо роҳе,
Ки дар изҳори ишқаш нест ҳамтоеву ҳамроҳе.
Ва Исмат хест, ҷисмаш гарм,
Ҷисмаш шарм, ҷисмаш нарм:
Нигорашро ба чашми шубҳаю гушна ба серӣ дид:
Бидид он қадр мӯяшро, ки дар баҳри сияҳ ғӯтид,
Бидид онқадр рӯяшро, ки чашмонаш сиёҳӣ зад,
Гирифт аз банди дасташ, ки ба чангаш ширмоҳӣ зад.
Ба нармӣ гуфт: Исмат, ист охир шир мерезад…
Зи дасти ишқ об аз панҷаи тадбир мерезад…
Бале, аз дур дидам, тӯшае бар душ меомад,
Қарин дидам, ҷаҳони ишқ дар оғуш меомад.
Худашро ончунон дидам, надида чашми хуршедаш,
Надида модараш на шом, на дар субҳи уммедаш.
Чунон бӯсид рӯяшро,
Ба рӯбинон сари мӯе намемонад,
Чунон бӯсид аз чашмаш,
Барои ташнагони гап лаби ҷӯе намемонад.
Бизад зону ба пояш, ламс кард ӯ китфу бозуяш,
Нишаста рӯ ба рӯю тан ба тан, зону ба зонуяш.
Ба ҳам нафсу нафас печид ҳамчун боди наврӯзӣ,
Дили духтар ба сина мезанад пар-пар зи пирӯзӣ.
Ва хам зад қомати зебои ӯ дар хоки бобояш,
Замини нарми навкорида шуд болини болояш.
Ва Исмат дид ин пайванди якбанди тану ҷонаш:
Ва зери синааш ҷон метапад, ё ҷисми ҷононаш?
Ба ду дасти тавонояш заминро мекашад дар бар,
Замин бо сабзаи наврӯ, замин бо пайкари духтар.

3
Само дар чашми Исмат софу боинсоф метобад,
Замини кишта ҳамчун рағзаи навбоф метобад.
Зи доман то сари ёла замини кадхудо бошад,
Ба ҷои киштаю нокишта пайванду ҷудо бошад.
Замини кишта ҳаллоқ асту нокишта ҳамон хок аст,
Ки гандумзор чун субҳи дамон, оби равон пок аст.
Ва Исмат гов басту аз хати парчи замин сар кард,
Заминро чун китоби зиндагӣ гардонд, аз бар кард.
Миёни хоки гандумкор, миёни ишқи оташзор,
Савор омад зи рӯи кишти ноҳамвор ноҳамвор.
Зи дунболаш Нигору момаи Тилло равон буданд,
Ба лабҳо мӯҳри хомӯшию дар ботин фиғон буданд.
Чунон дармонд дар кораш, ки Исмат ҷуфтро хобонд,
Ту гӯӣ оҳани ҷуфташ ба санги қисматаш дармонд.
Ҳамоно аз хамӯшӣ растагорӣ оҳу шеван буд,
Ва он ҳам шӯру исёни дили зан буд.
Савор аз рӯи зин гуфто, ки Исмат, ҷуфтро хобон,
Ту бо Гитлери саг дар ҷанг хоҳӣ рафт… - Беимон -
Зи бераҳмии инсон чок зад Тилобибӣ пироҳани покаш,
Бараҳна кард сарро, мӯйҳои абри баҳманро -
Парешон кард.
Ба ҳам омехт шабро, рӯзи равшанро.
Ва чоки куртаи якторааш бигзашт аз доман,
Ба домони замин пайваст.
Нигор аз олами ширини тифлӣ ногаҳон вораст,
Аҷоиб маҳшаре рӯид аз майдон…
- Забонатро нигаҳ дод, эй расули охири олам,
Ба одам гар сухан гӯӣ, суханро гӯй чун одам...!
…Замини киштаро чун арши ишқи одамӣ пиндошт,
Нигорашро зи ҷо бардошт, мобайни замин бигзошт.
Ва ҷуфти говро гардонд дар гирдаш,
Чизеро вирд мекарду чӣ рамзе буд дар вирдаш.
Расо се давр зад, се давра пайдо шуд,
Миёни давраҳо бар ишқ маъво шуд.
- Кашидам аз муҳаббат се хати маҳсар,
Ба гирдат давр мегарданд то маҳшар.
Дар ин се хат ҳавою оташу об аст,
Тилисми ишқ гирдоб асту чун ҷавола дар тоб аст.
Аз ин хат нагзарад на деву на инсон,
Аз ин хат бигзарад ҷон, бигзарад ҷонон.
Мани деҳқон, ки илми симиёиро намедонам,
Ба ҷуз гандум гиёҳи кимиёиро намедонам,
Агар Бобои Деҳқон аз барои донаи гандум
Басе овора шуд рӯи замину зери ин анҷум,
Дар ин оворагӣ ҳамвора бо ишқи Ҳаво будӣ,
Ҳаво обу ҳаво будӣ, ба дарди ӯ даво будӣ.
Агар мешуд, ки ман ҳам бо Нигорам ҷанг мерафтам,
Аз ин ҷо то лаби дунё ду лак фарсанг мерафтам,
Бадонро хок мекардам, ҷаҳонро пок мекардам,
Ва одамро дубора мисли худ аз хок мекардам…
Аз ин саҳро, ки бошад хонаи ишқам,
Аз ин ҷонона чун дурдонаи ишқам
Ҷудоӣ сахту сангин аст:
Вале имрӯз инҷоро гузидан кори нангин аст.
Барои тухми шоҳин вусъати як ошён кофист,
Вале чун пар кашад аз байза, авҷи осмон кофист…
Зи марзи зодгоҳам додгоҳам мешавад оғоз,
Ки ин хоку фазоро метавон паймуд бо парвоз.
Падар, аз дасти испорат бигиру ҷуфтро гардон,
Намонад то ки даври зиндагӣ аз гардиши даврон.
Дуо гӯед, пирони хирад, дар ин раҳи дурам,
Ки бахшад заррае зӯрам:
Чу ман бо душмани пурзӯр меҷангам,
Ба ҷои дур меҷангам,
Агар ҷони адӯ санг аст, ман то гӯр меҷангам!


* Даста- дар рӯзҳои Иди Наврӯз наврасон ва духтарони қадрас ғолибан себ чизи дигарро ҳамчун даста ё тӯҳфа ба дасти бачаҳои хурдсол мефиристанд.
||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба