Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

СИТОРАИ ИСМАТ




ХОТИМА


Пас аз ду моҳ ин ҷанги ҷаҳонӣ аз ҷаҳон бигзашт,
Гар одам буд меҳвар, одамӣ аз имтиҳон бигзашт.
Адолфаш заҳр ошомид ба ҷои ҷоми фирӯзӣ,
Даме ки бутааш оташ гирифт аз ин ҷаҳонсӯзӣ.
Ба Курляндия боло шуд ҳазорон парчами сархам,
Ҳазорон парчами таслим, ҳазорон парчами мотам.
Таассуб фоли нусратро ба номи раҳнамо андохт,
Ва тири як камарро аскари мо дар ҳаво андохт.
Ҳама пирӯзии худро зи файзи пешво медид,
Ҳама нокомии худро зи даргоҳи худо медид.
Ба рӯи шаҳрҳо парчам ба хун олуда меболид,
Яке аз васл меболид, яке аз ҳаҷр менолид.
Ҳама сарзиндаҳо аз ҷанг бо ному нишон омад,
Ҳар он, ки бе нишон рафта, ба ҷои ӯ фиғон омад.
Ҳисоби аскари беном аз номовар афзун аст,
Зи хуни рафта дар рӯи замин дарёи Ҷайҳун аст.
Расида бар ҳама шодӣ ба рӯзи иди фирӯзӣ,
Баробар бар ҳама н-омад валекин нони нимрӯзӣ.
Намоемад баробар ҳасрати беном бо номӣ,
Намеғунҷид якҷо лаззати хушкому нокомӣ…
Касе ғарқи зимистон шуд, ба тобистон намеояд,
Зи Ҳиндустон хабар ояд, зи гӯристон намеояд.
Ва Исмат чун баромад зинда аз се разму се гӯраш,
Ҳамебояд биёсояд даме ин ҷони ранҷураш:
Набудӣ вақти осудан, набудӣ фурсати будан:
Набудӣ фурсати алмос судан, нур полудан…
Дар ин ҷо қаҳрамони аслию амрӣ баробар буд,
Дар инҷо паҳлавону нотавон ҳарду бародар буд.
Паёми фавти Исмат ин пагоҳӣ дар ба дар омад,
Ба рӯзи ид байни шодию ғам беасар омад.
Саводи нома ранги қир мезад рӯзи равшанро,
Ана пироҳани Исмат, бипӯш ин хӯду ҷавшанро.
Намепӯшад касе пироҳани номуси Исматро,
Ки бардорад даме бори ҷаҳонро, бори қисматро…
Намегиряд касе дар мотаму мавти шаҳи мардон,
Ба зери хок ашки модараш… хушкид новардон…
Ба поён Оби Тоҳир ранги ашки лолагун мерафт,
Зи дасти бекасии Исмати бечора хун мерафт.
Куҷо Таҳминае, ки зор нолад бар сари Сӯҳроб,
Куҷо покизае, ки пок дорад гавҳари Сӯҳроб?

***


Даме овозаи ҷанги ҷаҳонӣ аз даҳон афтод,
Даме ки тири охир дар Женева аз камон афтод,
Зи нав дар ёд оварданд номи қаҳрамононро,
Кушода меҳвари ин ҷангро, нируи инсонро.
Дубора номи Исмат аз хамӯшӣ бар забон омад,
Ба Хатлон бори дигар қаҳрамони бенишон омад,
Комиссар гирд оварда ватандорону хешонро,
(Кӣ орад ҷамъ арвоҳи парешонро?)
Сухан гуфт аз набарди Исмату аз зӯри бозӯяш,
Сухан гуфт аз камону аз камину рӯю абрӯяш.
Зи номи момаи Тиллобибӣ то исми авлодаш,
Ҳама бигзашт аз фарёду аз ёдаш.
Ба номи ҳар яке бо шеваи ҳарбӣ садо андохт,
Ҳама аз ин ҷаҳон рафта, садое ба само андохт.
Чӣ меҷӯӣ! Ҳама ғамкуштаҳо дар пуштаҳо хобанд,
Дуои хайр гӯӣ, хайр меёбанд.
Ситора дар кафаш шамъи мазори дур месӯзад,
Ба мардум дод онро… Дидаи мардум барафрӯзад…
Кафо
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба