Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

САРАХБОР


Эй додгоҳи хокиён, эй осмони бекарон,
Танг аст ҳоли тоҷикон дар хоку зери хокдон!
Эй дуди оташгоҳҳо, моҷгоҳи оҳҳо,
Тахти баланди Аҳуро, бахти бади аҷдодҳо!
Гӯянд бар аҷдоди мо будӣ зафар, будӣ падар,
Аз шакли ту месохтанд мардони майдонӣ сипар.
Байроқи адли ковиён пар мезадӣ болои сар
Дар дасти садҳо дастаи озодагони Бохтар.
Ҳам тухмаи мардона чун дурдона зери обҳо,
То ин ки рӯяд аз замин Фирдавсию Сӯҳробҳо…
Модархудо будӣ Замин, модархудои васлҳо,
Модархудои наслҳо, модархудои фаслҳо.
Гуфто Замин: «эй Одамӣ, аз хандаат гул мекунам,
Гар тифл рӯяд аз гулам, тифлона ғул-ғул мекунам.
Гоҳе гули гандум шавам, дар мавҷи тилло гум шавам,
Пайдо шавам дар хони ту, чун файзи дастархони ту,
Чун шоҳиди эҳсони ман, чун меҳнати дастони ту.
Ман духтари дар бистарам, эй он, ки мекорӣ маро
Бо дасти чап, бо дасти рост, чун ганҷ бардорӣ маро…
Ман модарам, тифли туро бо чашмсерӣ парварам.
Ман доварам, доди туро то осмонҳо мебарам…»
Тоҷик зи роҳи ростӣаввал заминро кишт кард,
Аз баҳри оташхонаҳо
бо оби рӯяш хишт кард.
Кишти нахустинро дуруд, Яшти* нахустинро суруд
Дар васфи Митро – меҳри пок,
Қонуни аввалро навишт дар исмати зояндахок.
Шаҳри наве бунёд кард, боғи наве обод кард,
Ҳар он чӣ будӣ дастрас, ӯ дар замин эҷод кард…
Як кас расиду ногаҳон гаҳвораи моро гирифт.
Як кас надида ҳарфро, «Қонуни» Синоро гирифт…
Чун хони яғмо шуд Замин, баҳри талоши як нигин
Сад қавми кӯтаҳостин аз ҳар канору ҳар камин
Ҷо кард Балху Суғдро дар ҳалқаи ангуштарин.
Дунёи тоҷик танг шуд, маъвои тоҷик санг шуд,
Аз ҳам гусаста бандҳо, ҳар санг як авранг шуд.
Аз дасти ақвоми араб нури муқаддас нор шуд.
Оташ баромад аз саро, сад шаҳр оташзор шуд.
Аз нури оташгоҳҳо Афросиёб оташ гирифт,
Тасвир дар девору дониш дар китоб оташ гирифт…
Қавми дигар ин шеваро бо тарзи нав такрор кард,
Ҳар ҷо баландии замонро бо замин ҳамвор кард:
Рӯҳи мадорои Хуҷанд – Темурмалики сарбаланд,
Лашкаршикан, занҷиркан, гардид худ занҷирбанд…
Аврангҳо, фарҳангҳо, бо шаҳрҳо шудгор шуд.
Дониш нарӯяд аз замин…
Чун фасли нав бедор шуд,
Аз хоки фарҳанги куҳан рӯид алафзори баланд,
Чун мазраи сабзи фалак аз баҳри гову гӯспанд…
Танҳо баландӣ кӯҳ монд,
рамзи баланди рӯҳ монд,
Байни ду кӯҳи сарбаланд
як қуллаи андӯҳ монд.
Аз ин баландии ҷаҳон то осмон як зина буд,
Лекин само бероҳ буд, кӯру кари дерина буд.
Тоҷик аз ин парвозгаҳ омодаи парвоз буд,
Дар роҳи ёре, ёваре як умр гӯшовоз буд.


Модар-Замин сарандози кабуд бар сар зери гунбази осмон бо виқор истодааст. Шерозаи доманаш ба хок мерасад ва аз подоманаш гул мерӯяд.
Сурӯши осмонгире аз замин ба гӯш мерасад: «Ҳар кӣ дар ман тухми гандум корад, ҳақ корад ва ҳақиқат бардорад… Ҳар кӣ дар ман хашм корад, хирмани оташ бардорад…

* Яшт – гимн, суруд
||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба