Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

КИТОБҲОИ ЗАХМИН


I


Дару девору саҳни мактаби деҳа
Зи ҷасту хезу аз овоз меларзид,
Ба мисли селаи паррандаҳо тифлон
Аз ин озодӣ меболид,
Зи бонги занг метарсид,
Зи баъди бесарӣ аз бесаробонӣ
Хунук шуд бозии сарбозии тифлон,
Биёмад аз раҳи ҳаррӯзааш танҳо
Муаллима парешон, саргарон, ҳайрон.
Ба сӯи мо назар нокардаю бигзашт,
Ҳама дар ҷои худ ях баст,
Дусад чашми сиёҳ аз пушти ӯ мерафт,
Сукут аз ҷои худ ҷунбид, ях бишкаст.
Нафасҳо бастаю хомӯш мерафтем,
Муаллим рост бар золи калон мерафт,
Ҳама ором – кафтарбачаҳои ром,
Зи пушташ ҳар диле бо сад гумон мерафт.
Ҳама дар ҷой биншастем,
Ӯ бар пой меистод.
Бигуфто бо садои хаста бе шеван:
«Муаллим ҷанг рафт…акнун ба ҷояш ман…
Ҳама ин ҷой мемонед,
Ҳама ин ҷой мехонед…»
Ва духтарҳо газида рӯймоли заргарониро,
Фурӯ бурданд фарёди айёниро.
Писарҳо – чӯҷаҳои навпари шаҳбоз
Фурӯ монданд аз парвоз.
Нахустин дарси мо бо ин сабақ сар шуд,
Варақҳо – боли ширкафтар ҳама тар шуд,
Сабақҳо бастаю парвозҳои мо таҳи пар шуд,
Кашида занг овози ҳазину дарс дигар шуд.
||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба