Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

МАВҶҲОИ ДНЕПР

МАВҶИ НУР

Роҳбандони ту бисёр омаданд,
Бо дами шамшери хунбор омаданд,
Лек бастан роҳу маҷрои туро,
Ё шикастан азми ту,
рӯҳи туро,

Ҳеҷ оламгир натвонист, не!
Зидди душман мавҷи ту шамшер буд,
Дар миёни бешаҳо чун шер буд.
Мавҷҳо чун лашкари иқболи ту,
Чун сафи Богдан ба истиқболи ту,
Бо салобат буд умре раҳсипор…

Лек як рӯзе, ба айёми баҳор
Лашкаре омад ба сӯят бешумор,
Лашкари чӣ, одамони хоксор -
Коргар,
деҳқони оддӣ,
шахтёр,

Лашкари пурзӯри бе тиру камон.
Одамоне, ки на дунё доштанд,
Не ҳашам, не мулки Доро доштанд.
Азми сахту
хуни гарму

қалби нарм,

Ҳиммати монанди дарё доштанд;

Сарвати онҳо ҷавонӣ буду бас.
Ҳуҷҷати онҳо валекин зӯр буд,
Ҳуҷҷати чӣ,
балки он дастур буд.

Нақшаи ГОЭЛРО буд,
нур буд,

Буд ин фармон бар обу замин,
Зери фармон -
ному имзои Ленин…


Ё барои ҳурмати ин ном буд,
Ё барои бахти фарзандони худ,
Ногаҳон додӣ сару сомони худ,
Пири саркаш тобеи фармон шудӣ.

Бо ҷавонон ту ҷавонӣ ёфтӣ,
Зӯри нав,
зӯри ҷаҳонӣ ёфтӣ,

Чун ба мавҷат мавҷи дилҳо ҷӯр шуд,
Мавҷи бебоки ту мавҷи нур шуд,
Номи ту бо номи нав машҳур шуд.

Аз ДнепроГЭС,
аз маъвои ту,

Ҳамчу хуни тоза дар рагҳои ту
Нур ҷорӣ гашт дар саҳрои ту,
Гашт равшан оламу дунёи ту,
Оламе, ки орзуи халқ буд.
Дар замину дар ҳаво ҷорӣ шудӣ,
Дар биёбон рафта,
гулзоре шудӣ,

Дар хиёбон рафта,
анворе шудӣ,

З-он шаби Полтава охир рӯз шуд,
Ҳам ҷавонӣ ёфт дунёи куҳан.
Барқи ту, оре бувад ҳамсоли ман,
Нури чашму оташи иқболи ман.
Дидаро бо нури ту бикшодаам,
Чашм бикшода, ба ту дил додаам…
Нури имон аст дар нури шумо,
Мавҷҳою,
мавҷҳою

мавҷҳо!..

Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба