Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ҲАМОСАИ ДОД


ДАРДИ НАХУСТ


Додхоҳон бо умеде пеши довар омада,
Бо сафои дил ва инсони бародар омада.
Пастии ин ҳастии мо аз ҳади имкон гузашт,
Равзани озодии мо аз дари зиндон гузашт.
Зиндагонӣ сахт бошад ҳамчу санги кӯҳсор,
Лутфи худро сӯи мо бо ҳиммати дарё биёр.
Як ҷавобе гӯй моро, ёб як дунё савоб,
Посухи шоҳи вилоят буд монанди сароб.
Ҳафтае бигзашту сад марди худо шуд сад ҳазор,
Гашт майдони «шаҳидон» ҳамчу баҳри беканор.
Хаймаҳо рӯид аз майдону аз майдон гузашт,
Нахвати садри замон болиду аз кайҳон гузашт.
Халқ омад пешу вовайло наомад пешво,
Аз ҳама бигзаштаву аз худ баромад пешво.
Ҳар кӣ аз худ рафта бошад, бо кӣ бошад ошно?
Шояд аз бегонагони худ тарошад ошно?
Маснади ҷумҳурӣ холӣ буду мардум бехабар,
Садр дар таҳхонаи ӯрду ҳамебурдӣ ба сар.
Дар ҷавоби додҳо аз санг меомад садо,
Рӯзи васли додхоҳон гашт чун рӯзи ҷазо.
Рӯ ба қасри холиву бо ҳоли худ мезистанд,
Пас ба даргоҳи худо нолидаву бигристанд.
Гашт майдон минбару «Аллоҳу акбар» шуд баланд,
Дасти деҳқоне, ки буд пайваста бо дасти каланд,
Гашт боло бо дуо боли кабӯтар дар ҳаво,
Панҷаҳо ҳамчу наистону наистон дар наво.
Саҳни майдони ҳукумат гашт майдони умед,
Аз сафедиҳои риши пунбакорон шуд сафед.
Дар талоши дод аҳли хома чун воиз шуд,
То ба ҷое ҳол шуд, моҳи ҳамал поиз шуд.
Аз дари дарбор то парвардигори бениёз,
Розгӯён боз бинмуданд то сиру пиёз.
Бар шуои сӯзи дилҳо пар назад парвонае,
Бадр дар маҳхона буду садр дар таҳхонае.
Соҳиби кавну макон чун равшанӣ хомӯш буд,
Кас надид ин равшаниро, дидаҳо чун гӯш буд.
Дастаи ворастае буданд масти сарварӣ,
Гӯлу кар дар сояи марди худо шуд минбарӣ.
Сози ноҷӯри садо охир фазоро паст кард,
Лофро арзону тири шеърро бешаст кард…
Дар таҳи таҳхона шуд эҷод майдони дигар,
Сурхрӯю дилсиёҳу чеҳрахандони дигар.
Доми тазвире барои халқи Хатлон сохтанд,
Халқро оварда дар доми бало андохтанд.
Дошт ин майдон чу бӯи ҷангу рӯи оштӣ,
Ҳар замон дар ин замин тухми дигар мекоштӣ.
Ҳамчу суратхонаи Монӣ ба сурат нағз буд,
Парчами сабзе ба ин сурхӣ чу барги сабз буд.
Ончунон дидам, ки Восеъро ба найранге зи ғор,
Мебаранду мекашанд аз сарбаландӣ рӯи дор.
Рӯи гарми дӯстон, хешу таборон як тараф,
Аз дили озурда лафзи сангборон як тараф.
Рӯ ба сӯи қиблаи имону инсон як тараф,
Ҷодаи «Майдони сурх»-у марди ҳайрон як тараф.
Ҳар чи аз Қуръону аз тафсиру аз шеъри дарӣ,
Ҳар кӣ медонист бо тозиву лафзи модарӣ,
Гуфт бо таъбирҳо, ҳарду тараф таҳқир шуд,
Баҳс аз гармӣ гузашту чун садои тир шуд.
Чун ҳама навъи сухан бо ин сахо исроф шуд,
Дар миёни ин ду майдон хишт кӯҳи Қоф шуд.
Бо шиору бо сухан чун мушкиле осон нашуд,
Аз фарози аспи мағрурӣ касе поён нашуд.
Садр роҳи дигаре диду салоҳи дигаре,
Дар тариқи ваҳдати мо канд чоҳи дигаре.
Дод бар «Майдони озодӣ» силоҳ ин кинатуз,
Пас «Шаҳидон» ҳам силаҳ бардошт аз рӯи рамуз.
Миллати яктопарасти мо дуӣ эҷод кард,
Ҳикмати Фирдавсиву Зардуштро аз ёд кард.
Девро аз банди нафси хештан озод кард,
Хешро аз ёд бурду девро имдод кард.
Размгоҳи Рустаму Сӯҳробҳо бадном шуд,
Рӯзи ворастан аз ин рӯзи табоҳӣ шом шуд.
То русуми тоҷдорӣ монд дар девори Тӯс,
Тоҷи Исмоили Сомонӣ шуда тоҷи арӯс.
Кард худсӯзӣ Ҳисору то Бадахшон дуд шуд,
Тахти шоҳони Чағонӣ тахтаи тобут шуд.
Шӯҳрати Хатлон, ки боқӣ монда аз ҷанги араб,
Рафт бар боди фано аз ин набарди булаҷаб.
Ҳикмати пири хуҷандӣ гашт чун аспи саманд,
Шуд савори аспи зарринбол як марди лаванд.
Ибрати оби зулоли зиндагӣ аз сар гузашт,
«Об шуд оинаву аз чашми Искандар гузашт».
Дасти болои якеву толеъи пасти дигар,
Кард эҳё аз забардастон забардасти дигар.
Таркише эҷод кард ин дасти зӯри ошно,
Ки парешон гашт тоҷик дар замину дар само.
Хашми Яздон будааст ё макри инсон будааст,
Сарнавишти мо ҳамин ҷамъи парешон будааст.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба