Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

МАСЪУДНОМА


II


Шикасти мост ҳар они диранги мо
Ва чанги мову ин домони санги мо
Ва чанги ин замину домани гардун,
Дуои мою гарди домани бечун.

Агарчи чорбандам, кӯтали Кайванд
Ба асли хеш рӯзе мезанад пайванд
Ва ин пайванд бо асли кайон бошад,
Ва ин пайванд бо насли ҷаҳон бошад.

Аҷаб субҳе дамиду аз камингоҳам
Бидидам дар Ҳисорак сӯхт хиргоҳам.
Ва мо будем аз пиндор болотар
Ва мо будем рӯи қуллаи хайбар.
Алайҳи мо сафи тайёра меомад
Ва бӯи ҷанги як сайёра меомад.
Аҷаб аскар фаромад рӯи барзанҳо,
Ба пайкори сиёҳе хайли раҳзанҳо.

Адуи мою дар паҳлӯи мо буданд,
Ба тезӣ гӯӣ урдуи само буданд.
Ба қатли мо зи боло бо риё рафтанд,
Ба поён дар халои кимиё рафтанд.
Паёпай бомб мерезанд, мехезанд,
Дар ин хоки муқаддас хок мебезанд.
Ва меболанд то Санги арӯси мо
Чу оташ дар фазои обнӯси мо.
Чу олам манзили меъроҷи инсон аст,
Ба роҳи ҳақ расидан роҳи имкон аст.
Ва «Миге» вожгуна дар Ниёб афтод,
Зи роҳи осмонӣ дар сароб афтод.

Ва дидам сарнишинаш дар қафас омад,
Ба зери чатр бо боли ҳавас омад*2
Ва дидам қаҳрамони рус буд, оваҳ,
Раҳо кардам, бирав аз раҳ, аё бераҳ!

Миёни тиру оташ селаи мурғон
Ба монанди фаришта мезанад ҷавлон.
Пари парранда меборид аз офоқ,
Фиғони булбулон аз синаи муштоқ.

Ва ин рақси самоъи хайли мурғон буд,
Нафири ҷони мурғони хушилҳон буд.
Гирифтам кафтари беҷони мискинро,
Ба чашмонаш бидидам ашки хунинро,

Ва пӯзиш хостам аз хайли кафтарҳо,
Ва нафрин хондам бар хайли аскарҳо!

*2Моҳи апрели 1984, дар набарди ҳафт 3 фирқаи шӯравӣ, 30 ҳазор сарбоз, 200 чархбол, 60 ҷати ҷангӣ, 1200 василаи ҳарбӣ ва танк иштирок кард. Нирӯҳои шӯравӣ ба қуллаҳо фуруд омада, ба водии Панҷшер поён рафтанд ва дар муҳосира афтоданд.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба