Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ДОСТОНИ ОТАШ


НУР ДАР ЗУЛМОТ

Зулм – аз зулмот, озодӣ – зи нур,
Дод – аз инсоф, бедод – аз ғурур
Офарид одам барои одамон
Чун худованди замину осмон.
Доду озодӣ ба ҳар ҷо зӯр шуд,
Аз ҷаҳон то хонадон пурнур шуд.
Лек он давре ки ёдаш мекунам,
(Ахтаре дорад, ки бодаш мекунам),
Зулм ҳоким буд, озодӣ – асир.
Дасти золим буд шамшери амир.
Зулму бедодӣ чу бо ҳам ёр шуд,
Рӯзи мардум мисли шабҳо тор шуд.
Боз одам дар паи анвор шуд,
Дар сиришти ӯ худо бедор шуд.
Боз марде хост орад бар замин
Оташе аз қалбҳои оташин,
На зи яздон; аз ниҳоди хокиён,
Ки ниҳон буд ахгаре аз бостон.
Зинда кард он оташи садсоларо,
Шӯъла кард он ахгари садпораро,
Марди деҳқону дами оҳангарӣ,
Меҳри озодӣ чу меҳри модарӣ…
Шаб аҷаб торику беовоз буд,
Нур дар зулматсаро чун роз буд.
Дар сари кӯҳи баланди Балҷувон
Гулхане афрӯхт имшаб ногаҳон.
Аз замин мехест боло оташе,
Оташи монанди Восе саркаше.
Аз ҳамин оташ, ки дар ин ними шаб
Шӯълаафшон гашт чун нори ғазаб,
Гашт равшан тирагии кӯҳсор,
Гашт мардум сӯи оташ раҳсипор:
Ҷуфтро хобонд марди ҷуфтрон,
Дастаи испор шуд дасти камон.
Доси деҳқон ногаҳон шамшер шуд,
Ғамзаи абрӯи хубон тир шуд.
Хест дар як дам ҳама Хатлонзамин,
Сӯи оташ рафт халқи оташин.
Гирд омад кӯҳсори бенаво
Баҳри озодӣ ба гирди пешво.
Пешво буд шербасти қадбаланд,
Аз замин меҷаст бар аспи саманд,
Баски меҳраш бо замини пок буд,
Дар саворӣ ҳам рикобаш хок буд,
Назди оташ ӯ ба по истода буд,
Гӯиё назди худо истода буд.
Реша дар гил дошт ин шамшердаст,
Шӯъла дар дил дошт ин оташпараст,
Ногаҳон ӯ зад ба зону рӯи хок,
Саҷдае овард назди нури пок.
Гуфт: «Ёрон, ҳурмати номи ватан,
Ҳурмати ин оташи сӯзон, ки ман
Ас надорам даъвии тоҷу нигин,
Раъи ман, саъи шумо – обу замин;
Пас барои ҳурмати обу замин,
Ҷанг бояд кард, ёрон! Гап ҳамин!»
Кард омин, халқ ҳам омин гирифт,
Аз замин худро ба рӯи зин гирифт.
Гирди сар гардонд машъалро ба шаст,
Рафт машъал як замон дасти ба даст.
Баъд ҷорӣ гашт дарёи ғазаб,
Машъалистон гашт дунёи чу шаб.
Дар ҳамин пайкор мири Балҷувон
Гум шуд, - зилли худои ломакон.
Чун сари сарбоз, кӯри Аллаёр
Рафт аз болои зин зери ҳисор.
Мардуми деҳқон бе гурзу сипар,
Бо силоҳи кор – бо досу табар
Баъди ҷанги сахт Хатлонро гирифт,
Аз ситамгар моли деҳқонро гирифт…
Баъди Хатлон буд ҷои корзор
Дар дили тоҷик – дар мулки Ҳисор.
Буд Восеъ пеш, мардум аз қафо,
Мавҷи досу путку калтак дар ҳаво.
Досҳои сохта баҳри дарав
Дар замин метофт ҳамчун моҳи нав.
Акси машъалҳо ба дарёи калон
Ҳамчу ахтар буд рӯи Каҳкашон.
Осмон имшаб фуромад бар замин,
Хасми инсон буд имшаб дар камин,
Зер – дарё, кӯҳ – боло, роҳ – танг,
Тангное, аз замин то моҳ санг.
Пули Сангин буд дар пеши сипоҳ
Чун гиреҳи суст дар байни ду роҳ.
Дар ҳамин дам ногаҳон аз осмон
Тир борид, теғ борид ногаҳон, -
Селаи сарбоз рӯи Кӯҳи Нор
Ҳилаи манҳусро мебурд кор.
Дар масофи досҳо шамшер рехт,
Саф шикасту – дона аз занҷир рехт.
Дар сафи мардум парешонӣ фитод;
Дастае бар санги хоро сар ниҳод,
Дил пурармон, ҷовидон дар хоб рафт,
Як гурӯҳе мавҷ шуд, дар об рафт.
Як гурӯҳе гашт аз тангӣ асир,
Як гурӯҳе дошт ҳоло дору гир.
Ғарқа дар хун гашт халқи бегуноҳ,
Доди худро ёфт халқи додгоҳ.
Дар ҳамин ҷо машъали онҳо фитод,
Дар замин ё дар дили дарё фитод,
Рафта-рафта бод шуд хокистараш,
Боз дар дилҳо ниҳон шуд ахгараш…
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба