Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ПАДАР


Қисми 2


Чун асар аз туфангу тир нашуд,
Ҷумлаи чора дастгир нашуд,
Тӯпро харсавор оварданд,
Бе каминаш ба кор оварданд.
Зидди як тӯп як камонвар буд, -
Сарвари ғозиён Диловар буд.
Сахтии сангҳо мададгораш,
Пуштаҳо пуштибони пайкораш.
Тӯпи нав рӯ ба рӯй бо сангар,
Ду сипоҳӣ алайҳи як лашкар.
Субҳдам шӯъла хест аз дами тӯп,
Кӯҳҳо дар садо чу ҳамдами тӯп.
Шинаки ғозиён фиғон бардошт,
Сад камондаст як камон бардошт.
Он қадар ҷанги рӯ ба рӯ тафсид,
Ду тараф то ба тори мӯ тафсид,
Тӯпи тафсону тири сарди камон
Тан ба тан, сар ба сар, нишон ба нишон;
Дар ҳамин ҷанги рӯ ба рӯ охир
Ё зи тақдир ё ки аз тазвир
Кушта шуд навҷавони тировар;
Тӯпчӣ пушти тӯп беёвар…
Пас Диловар чунон нишон бигрифт.
Гӯӣ аз мили тӯп ҷон бигрифт.

Аз қазо тирро чунон андохт,
(«Тири ғайбе зи осмон андохт»).
Гуфт:«Ин тири ман – балогардон,
Аз паи тири ман, мусулмонон!»
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба