Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ГАҲВОРАИ СИНО


МУШКИЛОТИ ЯК


Бар дарди Нӯҳи Сомонӣ* давое нест дар дунё,
Саропо дарди ӯ пайдо, давои ӯст нопайдо.
Табибон чораашро гоҳ аз таъбири тан ҷустанд,
Гаҳе аз роҳи ҷон ҷустанд,
Гаҳ аз гӯру кафан ҷустанд.
Ба ҳар як чора чун бечорае аз хеш мерустанд
Ва дасти кӯтаҳи худро ба оби сард мешустанд.
Биёварданд Синоро,
Ҷавони ақлбиноро.
Бибид ӯ бар сари бемор тоҷу шавқи миноро.
Бигуфто: «Ё амирам, авф бинмо, тоҷро бардор,
Ки аз баҳри ҳакиме дар даво кофист як бемор».
Сукуте дар миён омад,
Сукунат бар забон омад,
Ва Сино дар баён омад:
«Надиме баҳри ман кофист,
Чу як ҷони муносиб аз барои як бадан кофист».
Табибон интизори ҳукми шоҳи бистарӣ буданд,
Барои ин «Ҳусайни Карбало» чун муштарӣ буданд.
Амир аз ноилоҷӣ мефаромад аз сари кинаш,
Барои ҷони ширинаш
Гузашт аз тоҷи зарринаш.
Ба рамзи як ишорат кард хилватхонаро холӣ,
Намуд аз бодаи кибри шаҳӣ паймонаро холӣ.
Ва худро ёфт беморе,
Ва худро ёфт ночоре,
Ва худро ёфт озод аз шару шӯри ҷаҳондорӣ.
Ва Сино аз мизоҷаш кофт ҷои решаи дардаш,
Чу оташ ёфт савдои ҷаҳонро дар дили сардаш.
Бигуфто: «Эй надим, сӯи ҳакими хосаи дарбор,
Ҷаҳонро нек пиндору варо некӯ бигӯ ахбор».
Ба шаҳ гуфто: «Чу амри ман раво бошад, даво бошад,
Ва ҳар фармудаам дар ҳукми фармони шумо бошад»,
Ба чил рӯзе гироид аз паи дорую дармонаш,
Ки боре сар намепечид амир аз зери фармонаш.
Бад ин ҷо аз димоғи ӯ баромад бӯи беморӣ,
Набуд аз нахвати шоҳӣ ба хулқаш ҳеҷ осоре.
Ба Сино хӯ гирифту гуфт: «Ҳошо ин гирифторӣ,
Хушо аҳволи беморию чун Сино мададгоре,
Надонам аз куҷо омад, куҷо шуд бораи дардам,
Куҷо шуд тифли якрав бастаи гаҳвораи дардам».
Ман ин гаҳвораи танро гаҳе тобут медидам,
Нафасҳои ҳакимонро шамоли ҳут медидам.

Зиҳӣ гаҳвораҷунбоне, зиҳӣ инсони пурдоне,
Зиҳӣ шаҳри Бухоро бо чунин хуршеди тобоне!»
Чу Сино интиҳои дардро чун ибтидо дарёфт,
Ба дарди танпарастию фароғат, дар даво биштофт.
Ба амри вай май оварданду миное,
Бинӯшиданд се ҷоми саломатро ба танҳоӣ.
Зи Исмоил ҳадисе гуфт дар кори ҷаҳондорӣ.
Ки дар он шуд ишоратҳо ба тамкину гаронборӣ.
«Чӣ марде буд Исмоил ба адлу донишу инсоф,
Зи фикраш пур бувад атроф,
Ба зикраш пур бувад акноф.
Пас аз мавти муборак нимаи асре ба унвонаш
Тамоми додхоҳон арза меовард бо номаш».
Ба нафси шоҳ шуд бедор ногаҳ фарри шоҳияш,
Бигуфто: «Ман паноҳ овардаам дар бепаноҳияш».
Пас он рои дигар рух дод ногаҳ Ибни Синоро,
Куҳандижро ба ёд оварду девори Бухороро:
«Чу бо амри киромӣ вожгун карданд девораш,
Ки девори наве бояд Бухороро чу адвораш.»
Бигуфто аҳли девонаш: «На аз ҳикмат бувад корат
Чу саҳро ҳамла орад, не ҳарам монад, на бозорат».
Бигуфто: «Аз сиёсат, аз мадоро мекунам девор,
Ба саҳро мебарам аз Шоҳрӯд, аз ростӣ анҳор,
Чу ман дар ҳифзи молу ҷони афроди ватан бошам,
Даме то зинда бошам, пояи девор ман бошам…»
«Ба шукри ҳақ, Бухоро ҳасту Сомон асту девораш,
Набояд чашм пӯшидан вале аз чархи даввораш.
Чу туркони хито дар ин вилоят ҳамлаҳо доранд,
Паи коре бишав, бо аҳли саҳро то ба пайкоранд».
Аз ин ахбор шуд бемор як марди сипаҳсолор,
Набуд ин мард он бемор, набуд он хоб ин бедор.
Ва амре дод: «Боз оред тоҷамро, нигинамро,
Саманди зери зинамро, бубинам сарзаминамро.
Димоғи шоҳ дар як сония зайле дигар шуд,
Ки Сино шуд замину фарри шоҳӣ авҷи гардун шуд.
Ба ҳам овард девонро, сипаҳсолори волоро,
Бипурсид аз умури кишвари худ пасту болоро.
Шунид аҳволи кишварро, бидид авзои лашкарро,
Ба чашми дил бидид он хайли навкарро,
Ки дар роҳи мадоро кӯтаҳӣ доранд,
Ки аз роҳи сиёсат бераҳӣ доранд,
Ҳама бар тан либоси аблаҳӣ доранд,
На аз дунё, на аз дил огаҳӣ доранд.
Бигуфто: Амри мо ин аст бар лашкар:
Паси девор бояд бораи дигар,
Чу садди зиндае аз лашкари ҷаррор,
Ки ҷорӣ бошаду дар ҷаҳд чун анҳор.
Равон кард ӯ расуле бар ҷайи туркон,
Ба коғазномае бо шеваи туркон:
«Ки мо ҳамсояю ҳамбораю ёрем,
Салоҳу сулҳро ҳар ду талабгорем.
Хушо бо дастаҳо дар иди наврӯзӣ
Ба ҳам созем вақти гулханафрӯзӣ.
Пас он сабқат шавад дар гӯю дар ҷавгон,
Пас он рағбат шавад дар тиру дар пайкон.
Пас он дар найзабозию сипардорӣ,
Ба дастуре, ки н-ояд бӯи пайкоре…
Шаҳоншаҳи вилоят тухмаи Мансури Сомонӣ
Ба амри ҳақ, ба амри шоҳии шон дорад имоне».
Ҷавоби рад гирифт аз сарвари туркон,
Бигуфто: «Оштӣ ҷустем бебурҳон».
Пас он меҳраш ба Сино бештар афзуд,
Тадорук аз барои анҷуман фармуд.
Ба ҳам омад ҳакимону вазиронаш,
Сияҳкорону ҳам равшанзамиронаш.
Бигуфто: «Ин ҷавонмард анқариби мост,
Ба ҳар дарде табиби мост,
Зи даргоҳаш насиби мост.
Бифармо, эй ҳаким, аз ин вилоят ҳар чӣ мехоҳӣ,
Дар ин кишвар бубахшоям туро аз мурғ то моҳӣ»
Бигуфто: «Ё амирам, чун гузаштӣ з-имтиҳони хеш,
Агар бигзашта бошам з-имтиҳони шоҳ чун дарвеш,
Ҳамин инъоми олӣ бас,
Дили пур, дасти холӣ бас!
Чу аз моли ҷаҳон дониш бувад гармии бозорам,
Вуруде дар дари ганҷинаи дониш талаб дорам».
-Бувад ин амри ту воҷиб.
Дигар чизе най толиб?
Табибон: «Зар биҷӯ, кишвар биҷӯ, нодон!»
Бигуфто: «Бод ин кишвар насиби дудаи Сомон!»
Яке хандон, яке ҳайрон,
Расид ин базмро поён,
Набуд ин назмро поён.

* Нӯҳ бинни Мансури Сомонӣ (соли 977) охирин амири солори ин хонадон буд.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба