Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

СИТОРАИ ИСМАТ


БОБИ II


1
Нахустин ҷанг дар Орёл, нахустин санҷиши сарбоз
Шурӯъ шуд бо ғиреви тӯпҳою тири дар парвоз.
Гумон мекард раъду барқ дар фармони инсон аст,
Ва тирандозии «Катюша» оҳи шӯълаборон аст.
Ва акси ҳар садояш мегузаштӣ аз дили инсон,
Зи таркишҳо бадал мегашт инсон бо гили инсон.
Чӣ эҳсосе ки дил холию мағзи устухон холӣ,
Ба рӯи синаи бекинаи ӯ ҷои ҷон холӣ.
Ва гӯшаш мекашид овозу ин овоз
Саропои вуҷудашро танинандоз.
Ва ҳиссаш аз замини тан ниҳон шуд дар замири тан,
Гузида мӯҳраи ҷон дар сутуни мӯҳрааш маскан.
Ва фармон шуд: Ба пеш аз баҳри меҳан, пеш!
Ҳама бархост аз хандақ ва ҳар кас аз мароми хеш.
Ва Исмат бори аввал хешро парранда мепиндошт,
Намедонад заминӣ ё ҳавоӣ пой мебардошт.
Расид ӯ то даруни хандақи душман,
Набуд як ҷон ҳама ҷо тан.
Ҳама ҷо мурдаҳои бекафан дар охирин маскан,
Дар ин водии хомӯшони пурҷӯшанд бе «ман-ман»…
Камингоҳи адӯ чун хонаи сели бало будӣ,
Ки сели оҳанин бигзашта, акнун бесадо будӣ.
Касеро ӯ надид аз ҳамяроқонаш ба паҳлӯяш,
Ки бошад қуввати дил, зӯри бозуяш.
Бидид аз пеши рӯяш танк мелағжид чун харсанг,
Садояш мебаровард аз замин бо ларзае оҳанг:
Мароҳил танг, фурсат танг.
Ба кор ин ҷо наояд ҳиллаю найранг.
Ба дил гуфто, ки ман бардошта мошину борашро,
Сари дав доштам аспу саворашро,
Ба танки шаҳпалангаш мерасад зӯрам,
Вагарна зинда дар гӯрам.
Ва тир андохт, н-омад ҷуз садои тиру занҷире,
Гулӯла ҳам накарда кора, ё пирам, чӣ тадбире?
Ба по шуд, то бидорад, танкро бо зӯри бозуяш,
(Ва ин амри ҳақиқат буд, мапиндоред, ҷодуяш)
Ҷаҳиду пеши танк омад,
Худаш донад, ки чун омад, чӣ ранг омад.
Ниҳод ӯ шонаашро бар зиреҳи танк,
Валекин тасмаҳои пургиреҳи танк,
Ӯро пеш мебурданд, гоҳе дакка мехӯрданд;
Дар ин талвоса пояш рафт дар хандақ,
Ҳақиқат буд аҷаб ноҳақ.
Ва танк аз рӯи марди зинда кӯҳи хокро гардонд,
Ба рӯяш давр гашту шасти ин бебокро гардонд.
Сипоҳи танкрон аз мурдаҳои хеш метарсид,
Магар аз тарс ё аз хашм меларзид.
Ва танкашро ба истеҳкоми сонӣ ронд,
Гуноҳаш бо савобаш дар қафояш монд.
Аҷаб ки хоки беҳис мешиносад хокпошонро,
Навозиш мекунад мардони кору ҳақталошонро.
Расид Исмат ба зери маънии ин ҳарфи таҳдоре:
Зи бори хок вазнинтар набошад дар ҷаҳон боре…
Ба зери хокдон вақту фазо маҳдуд мегардад,
Ҳар он чӣ ёд орӣ, дуд ё нобуд мегардад.
Ва танҳо ақл дар таҳрик мемонад,
Зи шаш эҳсос канда, тираю торик мемонад.
Кунун кишти баҳорамро даравгарҳо дарав дорад,
Яке уммеди гандум, дигаре савдои ҷав дорад,
Ҳаметарсам, ки чапдосе Нигорамро дарав созад,
Ниҳоли офтобамро нагун дар шабдарав созад.
Ҳамон фурсат, ки дар ёдаш Нигор омад,
Умеди зиндагӣ омад, мадор омад.
Чу бошад зиндагӣ як дам, ҳамин дамро,
Ба мардӣ бигзаронам, то биёбам гӯри ҳотамро.
Ду дасту пои ӯ барҷой буданд, зери тан буданд,
Ҳама узваш ба фармони бадан буданд.
Ба зӯри бежанӣ ӯ хокрою чоҳро ҷунбонд,
Ба рӯи хоки худ арвоҳро ҷунбонд.
Ба зӯри дигаре ду шонааш аз хок боло шуд,
Ба рӯи шонаи ӯ мурдаи сарбоз пайдо шуд,
Ки буд сарбози олмонӣ,
Аҷоиб раҳм пинҳон аст дар бунёди инсонӣ.
Ба зӯри се баромад то сари гӯраш,
Даромад ҷони ранҷураш.
Шаби тор аст, лоҳавло, сиёҳӣ мезанад чашмам.
Мулоим гаштаам, ку оташи хашмам ?
Ман охир дар куҷоям:
Дар самоям, ё ки дар хокам?
Даме бедор шав, эҳсосу идрокам.
…Баногаҳ осмонро бекарон дида,
Сафи исторагонро ҷовидон дида:
Агар он ҷо само бошад,
Яқин андар замин астам,
Ҳамоно дар замину дар камин астам…

2
Як баҳори дигар аз ғулғулаи ҷанг гузашт,
Алами мурдани Исмат зи дили санг гузашт.
Ба алам рафт Шариф, омада рӯзи чили ӯ,
Сабзае сар накашидаст ҳанӯз аз гили ӯ.
Чӣ сияҳрӯзӣ, сияҳнома ба номаш омад,
Чӣ парешон буду арвоҳ саломаш омад.
Зи дили момаи Тилло алави ҷанг гузашт,
Тоқату тоб зи пуртобии отанг гузашт.
- Бачама гиря куне, гиря, ҳама хешу табор…
Гиря мекард ҳама зори ба зор,
Гиря мекард, аҷаб гиряи тифлона Нигор,
Рафт аз рӯи замин ашки баҳор.
- Писарам, хоб кун осуда ба гаҳвораи ноз,
Рафтию омадӣ, дер омадӣ аз дашти дароз.
Писарам, хатти сиёҳат ба пари зоғ омад,
Рафтӣ аз боғи ҷаҳону ба дилам доғ омад.
Алла гуфтам сари гаҳвора, ки хуш хоб равӣ,
Рафтаӣ хоб, чӣ гӯям, ки ту бедор шавӣ.
Ту калон будиву дар чашми ҳама ҷои ту буд,
Дар замири ҳама кас нақши қадамҳои ту буд.
Шерзодам, зи чӣ гаҳвораи нозат холист,
Ҳама дар хонаю дарвозаи бозат холист.
Соҳиби зиндаи ман, мурдаи ман, во писарам,
Меравӣ зинда ба тобут зи пеши назарам…
Шоли гулдор чу гулзор ба гаҳвораи ноз,
Нола мехест зи холигаҳи гаҳвораи роз.
Ба хазон рафтӣ ту аз боғи ҷаҳони гузарон,
Гули ин боғ шавад боз насиби дигарон.
Ин ишорат зи ҷавонмаргии мардон будаст,
Гардиши чархи фалак косаи гардон будаст.
Мурдаро чун бисупоранд ба хок,
Сабр ояд зи дили хок ба ҳар синаи чок, -
Сабр – бар хона, ба дил, бар идрок,
Сабр чун роиҳаи олами пок…
Лек холигии ин шатти равон пур нашавад,
Ин халогоҳи бало дар ду ҷаҳон пур нашавад.
На ба таскину на бо оҳу фиғон пур нашавад,
Ҳавзи бебун зи дами оби равон пур нашавад.
Ҷанг аз рӯзи азал санҷиши мардон будаст,
Гӯиё хашми худованд ба инсон будаст.
Гар тавонӣ, ки ба як амр бигирӣ олам,
Натавон бурд ба сад амр саводи мотам.
Ҷанг агар маҳзари мардист, аҷаб номард аст,
Ба маҷоз оташи сӯзону мизоҷаш сард аст.
Ба тани аскар агар тири камон рост расад,
Ба дили модари ӯ тир чу алмос расад.
Зи паи тири қазо нест фазо, нест садо,
Захми ин тир надорад зи паи хеш даво.
Алами ҷанг ба як гиря нагардад хомӯш,
Абр мегиряду механдад барқи алапӯш.
Алами ҷанг фузун аст, варо дуд кунед,
Баҳри ҳар мурдаи ин ҷанг ду тобут кунед.
Тани тобути нахустин ба замин биспоред,
Сари тобути дигарро ба само бардоред!

3
Чӣ асроре, ки пеш аз ҳамла хандақ ҳамлу хомӯш аст,
Вале хандақ ҳама ҳушу ҳама чашму ҳама гӯш аст.
Ва хоби аскари омода ҳамчун хоби заргӯш аст,
Хурӯши қалби инсон зери сарпӯш аст.
Ва мегардад замин пора ба вақти ҳамла якбора
Ва одам мебарояд аз замин монанди истора.
Ва меҷунбад замин дар зери по монанди гаҳвора,
Ва меояд садои «Урра» ҳамвора.
Аҷоиб ҳолате бошад, ки мурдан дар гумон бошад,
Вале афтодани сарбоз чун парвози ҷон бошад.
Зи паҳлуят фитад марде, фитад якбора як болат
Ва бори ӯ фитад бар бурзу бар ёлат.
Бигардад раҳми инсонӣ бадал бар хашми яздонӣ,
Ба майдон мебарояд аз ниҳодат деви зиндонӣ,
Макун дигар дар ин ҳолат умеди раҳму раҳмонӣ.
Ба сад ҳамла зи садҳо инқилоби рӯҳ бигзаштам,
Зи кӯҳи рӯхбахшу водии андӯҳ бигзаштам…
Кунун дар хандақи пуроб бехобам.
Ва домони шинемалро ба зери пой мекобам.
Ана деҳи Димитрушки, ки истеҳкоми ағёр аст,
Битарсам аз худӣ, гар бо адӯи хеш ҳамкор аст.
Ба пеши мо, ба пеши деҳа анҳор аст,
Таги ях об кам, асрор бисёр аст.
Егоров рафта буд дар хилвати шаб, то «забон» гирад,
Кишанди оҳанини ин каминро аз даҳон гирад.
Ба гуфтӣ ӯ ба пеши мо ягон Доти дифоӣ нест,
Камингоҳи қазоӣ нест.
Даме, ки ҳамлаи мо бо имое, бесадо сар шуд,
Ва мо наздик рафтему ба мо наздик сангар шуд:
Замини барфпӯши бегияҳ монанди дафтар буд:
Ки дар он як ҳиҷо, як нақши пое нест,
Ба ғайр аз шарфаҳои по садое нест.
Ба сӯи наҳр роҳи сарнишеб омад,
Нишебӣ пеши по доми фиреб омад.
Баногаҳ аз баландӣ, аз лаби анҳори яхбаста,
Ба ин гӯри булӯрине, ки буд зеру забар баста –
Пулемётҳо фишонд оташ,
Ва аскарро ба рӯи ях нишонд оташ.
Ба рӯи ях ба зери оташи ҷонсӯз хобидан
Ва ин марги муфоҷоро ба чашми хештан дидан,
Чӣ сангин асту нангин аст –
Булӯри ях зи хуни сурх рангин аст.
Ва дар оинаи ях метаровад сархати хунин,
Ба як дам мекунад ях – даҳшати хунин…
Гумон кардам зи даҳшат меравад хунам зи нохунам,
Агар коре кунам, ёрон, мепиндоред маҷнунам.
Ман акнун оташу обам,
Бибояд чорае ҷӯям, бибояд чорае ёбам.
Ду чашми ду пулемёт чашмаи хун аст,
Ба он соҳил расидан ё ҳақиқат ё ки афсун аст.
Бидидам пеши рӯям буттаи найро,
Гирифтам реҷаи рафторро, пайро…
Расид Исмат ба зери буттаю пушташ паноҳе ёфт,
Лаби ҷӯ обгири хонаҳоро дид, роҳе ёфт –
Ба сӯи хона печон меравад пайроҳаи печон,
Ба ҳар печаш барояд ҷон, дарояд ҷон,
Ба он пайроҳа боло хаста боло шуд,
Ба ғафлат дар камингоҳи адӯ ҷо шуд.
Ба як оташ тани шаш посбонро бар замин андохт,
Гулӯла сӯи Доти оҳанин андохт.
Зи таркиш дар камину дар дили душман танин андохт,
Ба сӯи Доти дигар тохт,
Ба фарёд оташи ин Дот шуд хомӯш.
Бубин акнун гурези душманонро чун дави харгӯш.
Агарчи сарнавишти лашкаре ин лаҳза бар дӯш аст,
Аз он, ки ҷанги ӯ ҳамранги ҷанги шеру харгӯш аст,
Аҷоиб ханда карду наъраи Рустам ба ёд омад,
Ба чашмаш Рахши Рустам ёлафшон мисли бод омад…
Расида зуд ёронаш, намуда бӯсаборонаш,
Ҳама буданд дар ҳайрат зи кору корзоронаш…
Аҷоиб ҳамлаи тунде гузашт аз байни ин деҳа,
Надида ҳеҷ кас зебоии ин нозанин деҳа.
Кушода дастро занҳо – кушода бол аз рӯмол,
Ба оғӯши кушода аскаронро карда истиқбол.
Надида Исмати мо ҷуз Нигораш рӯи як занро,
Бибӯсид рӯи занро – рӯи меҳанро.
Сари зону нишасту саҷда карду хокро бӯсид,
Чу деҳқон хоки неъматофарини покро бӯсид.
Аз ин суннат бурун омад фиғон аз синаи занҳо,
Ҳамин мардӣ, ҳамин ихлос шуд ойинаи занҳо.

***


Ана боғи София, ҳавзи пуробаш чу паймона,
Фитодам дар миёни олами зебои афсона.
Егоров чун ватандор асту таҳдон аст,
Ба ман бикшод рамзеро, ки зери парда пинҳон аст:
Ана симои Афлотун, ки ӯ пири ҳакимон аст,
Ҳакими ҳақгузору ҳақшиноси мулки Юнон аст.
Ана он пайкаре, ки аждаҳо печида ҷисмашро,
Чӣ сон гӯям ба ту ман корзорашро, тилисмашро.
Ҳамон Геракл бошад, раҳкушои ростон бошад,
Ки аз гаҳворагӣ ӯ паҳлавони достон бошад.
Ки ӯ бо аждаҳо ҷангид, то имрӯз меҷангад,
Муроди разми ӯ некӣ бувад, пирӯз меҷангад.
- Агар ӯ кушт аждарро, чаро ин тухми аждар монд?
Чаро дар зиндагию дар ривоят деви сесар монд?
- Чаро ки аждаҳо дар тиннати ҳар шахс пинҳон аст,
Ҳамоно аждаҳо нафс асту дар фармони инсон аст,
Даме одам ғуломи нафс гардад, аждаҳо гардад,
Бигардад аз ҳақу ҷӯёи ганҷи бебақо гардад.
Ба ҷои роҳ паймудан хазиданро биомӯзад,
Ба ҷои лабгазиданҳо газиданро биомӯзад…
Ана саҳрои сангистон, ки борид бар сари шайтон,
Ки аз кибраш накард ӯ саҷда пеши ҳазрати Инсон.
Ҳама ин санги лаънат гӯиё аз хашми яздон аст,
Вале он хасми яздон то кунун дар шакли инсон аст.
Ману ту бо кӣ меҷангем, магар бо миллати Олмон?
Магар бо вориси Шиллеру Ҳайне – марди пурармон?
На асло, ҷанги мо бо майлу бо хайли фашистон аст,
Чу ҷанги равшанӣ бо зулму зулмоти шабистон аст.
Агар Гитлеру Иблис зодаи ду давру давронанд,
Вале фарзанди як хилқат, зи як домону пистонанд.
Китоби ростинро каҷназарҳо чаппа мехонанд,
Фалакро чун палак фаҳмида чанде давр меронанд.
Ба давре чаппагардон сохта таърихи инсонро,
Баробар мекунанд бо фарри инсон шохи ҳайвонро…
Ва Зӯҳро – пайкару олиҳаи урёни зебоӣ,
Нишаста дар сари чашма ба танҳоию яктоӣ.
Ҳаметарсад, ки чашми ғайр бинад ҷисми урёнаш,
Ва дасте рӯи сина, дасти дигар рӯи ду ронаш.
Бакорат аз вуҷудаш метаровад, об мегардад,
Вуҷудаш ғарқи ширполоии маҳтоб мегардад.
Зи ширмаҳтобу аз шири вуҷуди ӯ,
Ба сони шир ширин менамояд тору пуди ӯ.
Ду чашми Исмати моро рабуд ин пайкари покӣ,
Ба чашми ӯ намуд онқадр оддӣ, онқадар хокӣ.
Баногаҳ дид ҷои ӯ Нигорашро,
Ки урён асту гирён аст…
Зи ҳиҷрон ё ки аз сӯзи ниҳонӣ синабирён аст?
Сари Исмат сари зонуи исмат буду хобаш бурд,
Миёни хоб обаш бурд.

***


Хоби Исмат зи қазо ёфт чу таъбири дигар,
Хабари мурда қафо рафт, қафо тири дигар.
Ҳадафи тири қазо момаи Тилло будаст,
Зи куҷо то ба куҷо тир ҳаво паймудаст.
Ба сари тир бувад заҳргиёҳи дигаре,
Ба пари тир бувад хатти сиёҳи дигаре.
Тири садҳалқа ба сарҳалқаи занҷир расид,
Зи қабатҳои само бар табақи шир расид.
Шир шуд аз хабари шуми сияҳнома сиёҳ,
Хат сиё, хома сиё… Ҷома сиёҳ.
Зи пари тир, ки алмоспар, оламсипар аст,
Чӣ кунад очаи бечора, ки худ мушти пар аст.
Зи камони фалак ин тири парон меояд,
Ҷониби қомати монанди камон меояд.
Ба аламхонаи Тиллобибӣ танҳост Нигор,
Ҷони танҳош дар ин қомати раъност фигор…
Як сари бачаму ду хатти сиёҳаш омад,
Сари ӯ зиндаю ду бор гувоҳаш омад.
Мо, ки бехатту саводем, ҳисобе дорем,
Аз ҳисоби аламу дард китобе дорем.
Сару саркардаи ин ҷанг, ки Афлотун аст,
Дар шумори сари сарбоз ҳисобаш гум аст.
Ду хабар омаду ду боли расоям бишикаст,
Санги пар омаду ду пои равоям бишикаст.
Чӣ аловест, ки афрӯхта дар фарқи сарам,
Об мерезад аз фарқи сарам чашми тарам.
Рафт аз сар писарам, во сари бефарёдам,
Вой, ин хонаи беравзану бебунёдам.
Кӣ саробони занат – духтари сарсой шавад,
Хонаи меҳр фитад, ҷуғз дар он ҷой шавад.
«Оча, аз ишқ нишон ҷӯиву аз нола асар,
Дар гирифтаст дар ин ёлаи ман сабзаи тар.
Зи алови дили ман бистари ман месӯзад,
Ба сари синаи ман барфи Яман месӯзад.
Ишқ медошт агар шеваи эъҷози баланд,
Мепаридам ба пари ишқ ба парвози баланд.
Мерасидам ба сару сарвақташ,
Парниён карда замини сахташ…»
Вақти ин нола яке момаи Тилло бигузашт,
Ҷисм дар хонаи вайрона, нигоҳаш сари дашт…
Ҳама огоҳ шуд аз маргу қазои ду шаҳид,
Сухани нек ҳама гуфт сазои ду шаҳид.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба