Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

СУРӮШИ ДУЮМ

Дарё
Аё модар!
Шунидам аз лабони хушк овозат,
Манам парвардаи эҳсону эъҷозат,
Ҳамеша дар барат – пеши дарат будам,
Замоне духтарат, имрӯз сарбозат.
Ба соҳилҳои симинат,
Бари домони гулчинат,
Ману Ленин мисоли додару хоҳар калон гаштем,
Ду дарё бо дуои ту равон гаштем,
Ба тундӣ роҳ паймудем,
Туро аз бандагӣ озод бинмудем…
Баҳорон куртаи нилоб пӯшидам,
Зи оби чашмаҳоят об нӯшидам,
Парии обро ман бо ҳарири мавҷ печидам,
Чу духтарҳо зи домони ту гул чиданд,
Гул чидам,
Чу хандиданд, хандидам.
Дамидам, то заминро ташналаб дидам,
Баногаҳ душманатро хунталаб дидам,
Хурӯшидам,
Ман акнун ҷавшани пӯлод пӯшидам,
Ки ман Гурдофаридам, гурдавлодам,
Ту озодӣ,
Чу ман дарёи озодам.
Зимистон аст, яхбандам –
Ба роҳат шаҳпуле аз хеш мебандам,
Ба додарҳои ҳамширам, -
Ман акнун роҳи тақдирам.
…Шабонгаҳ тӯпҳою танкро бар дӯш меорам,
Ҳама бори гаронатро, харидорони ҷонатро
Ба заҳмат, бо лаби хомӯш меорам.
Чу ҳангоми гузар
Аз тири душман
Додарони ман
Фитода аз сари дӯшам,
Ба оғӯшам,
Ба монанди садаф дар синаи софам
Ниҳон гаштанд,
Сияҳпӯшам…
Ҳама хашми тую рӯҳи бародарҳост дар ҷӯшам!
Машав маъюс, эй модар!
Туро аз чашмаҳо уммед меорам,
Зи пушти қуллаҳо хуршед меорам,
Ки шабҳои сиёҳи ту шавад равшан.
Лабонат хушк гардидаст, ман қурбони лабҳоят.
Бигир, ман косаи обам,
Сафеду соф чун номуси авлодам,
Бинӯшам то дами серӣ,
Бишӯ чангу ғуборатро,
Бишӯ домони аз хун лолазоратро,
Шикан аз мавҷи нилобӣ хуморатро,
Биҷӯ аз ман баҳоратро.
«14 октябр. Нируҳои мо заводи «Баррикада»-ро гирифтанд, вале ба Волга, ки сад қадам беш нест, расида натавонистанд. Русҳо на аз ҷинси башар, балки махлуқи рӯинтананд, онҳо хастагӣ, тарс ва ҳаросро намедонанд, аз оташ наметарсанд. Маллоҳон дар сармои қаҳратун бараҳна меҷанганд. Мо беҳолу бемадор шудем. Ҳар сарбоз худро тӯъмаи навбатии марг мешуморад. Маҷрӯҳ шудан ва ба ақибгоҳ рафтан – ягона умед аст…»
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба