Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН


НАҚШИ АВВАЛ


Бори аввал омад аз гардун хитоб* :
«К-эй мусулмонони Шарқи пуразоб,
Аз паи таъмири дунёи хароб –
Инқилоб!
Ин замин, ин об, ин кӯҳу камар
Шуд раҳо аз банди мероси падар,
Гашт чун моли ҳалоли ранҷбар;
Бохабар!

Баҳри наврӯзи навозод, иттиҳод!
Баҳри дунёи навобод, иттиҳод!
Баҳри ҳифзи тифли навзод иттиҳод!
Иттиҳод!»

Чун камон хам гашт қадди ростон,
То фаромад муждае аз осмон:
Аз баландиҳои афкори Ленин –
Аз замин.
Дар Бухоро ҳам азо ҳам сур буд.
Нола буд, сури наю танбӯр буд,
Айнӣ дар байни сафи муздур буд,
Нур буд.

Аз замини зардрӯи вожгун,
Гӯӣ ҳамчун сабза меомад бурун –
Аскари сурху либоси сабзгун, -
Раҳнамун.

Кӯчаҳои танг – дунёи кушод,
Парчами сурх аз дами боди мурод
Бар сари дохундаҳо пар мекушод, -
Парчами дунёи дод.

«Сояи ҳақ» аз замин чун соя рафт,
Баҳри оташ хонаи ҳамсоя рафт.
Ҳамрикоби олами сармоя рафт,
Давлати бепоя рафт.
Сарнагун шуд тахт чун бахти сиёҳ,
Парфишон шуд парчами олампаноҳ,
Сурхрӯ гардид арки рӯсиёҳ –
Ин пагоҳ.


Мардуми тоҷик ба роҳи офтоб
Субҳидам мехест бо чангу рубоб,
То бигирад рӯзи навро пешвоз –
Умрҳо, умри дароз…

Ин саҳар аз бом, аз рӯи манор,
Аз ҳарам, аз ҳуҷра, аз зиндони тор,
Сарбадорон, саркашон аз пои дор –
Аз Бухоро то Ҳисор –

Ҷумла сӯи рӯзи нав бархостанд,
Ҳурриятро то само бардоштанд.
Шеъри нав гуфтанд бо хуршеди нав,
Рӯзи нав, уммеди нав!

Инқилоб!
Омадӣ, бар ташнагон монанди об!
Омадӣ ҳамчун замини киштбоб!
Омадӣ дар пирӣ айёми шабоб!

Тоҷик аз парвози байрақ пар гирифт,
Аз таги хокистараш ахгар гирифт.
Гулхани хомӯши Восе даргирифт.
Шӯъларо дар бар гирифт.
Гирди байрақ – гирди оташ давр гашт,
Ҳамчу оташдор, чун оташпараст,
Хешро бо нури парчам пок кард,
Шукри обу хок кард…

Гашт ворид ӯ ба ин дунёи нав,
Хонаи нав, ҷодаи нав, роҳи нав!

* Телефонограммаи В.И.Ленин дар назар дошта шудааст. Ин аввалин муждае буд, ки ба Бухоро бо роҳи осмон омад.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба