Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

КИТОБҲОИ ЗАХМИН



II


Пагоҳӣ тахтаҳои синфро канда,
Ба девори зали зебои суратдор бинҳоданд,
Ба ҷои чор синфи бози дарбаста
Дари як синф бикшоданд.
Ба девори сафеди саҳнаи мактаб
Қатори тахтаҳои рӯсияҳ метофт,
Савоби рӯзгорон чун гунаҳ метофт.
Ба рӯи тахтаи аввал
Сарахбори тамоми илмҳо ҳарфи камарбаста
Зи пушташ ҳарфҳои созӣ пайваста,
Ҷудо буданд чун армони нашкаста.
Ба ман ин ҳарфҳо аз рӯзи аввал ошно буданд,
Зи устодам ба мисли ёдгори бебаҳо буданд.
Ман акнун ҳарфҳоро ҷанг меандохтам дар дил,
Аз он ёди муаллим мешуд андар синаам ҳосил.
Зи рӯи тахтаи дигар кунад такрору рӯбардор
Ҳисоби рӯзҳои якнаворо: ду карат ду – чор.
Аз ин тахта ба он тахта муаллима гузар мекард,
Ба як соат зи худ мерафт,
Оламро сафар мекард.
Зи рӯи лутф механдид,
Даруни сина менолид.
Муаллима нафас нагрифта, н-осуда,
Қаламро, дастҳоро, ҳарфҳоро рост бинмуда,
Ба кӯдакҳои синфи як сабақ медод, мебардошт,
Ба ҳусни хат чу ҳусни хеш меангошт.
Ба рӯи тахтаи ман ҳарфҳои ду карат ду-чор,
Даруни синаи ман мешудӣ такрор бо такрор.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба