Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

МАВҶҲОИ ДНЕПР

МАВҶ ДАР ПЕШОНАИ ПОКИ ТАРАС

То наҷӯяд ростиро,
То нагӯяд рост дар дунёи каҷ,
Асри сангин, ҳукми нангин
Шоири озодро сарбоз кард.
Рӯҳи шоир буд шоҳин,
Шоҳинеро манъ аз парвоз кард.
Фикри ӯро, зикри ӯро, -
Шеъри ӯро шери дар занҷир кард.
Баҳри ӯ бо амри дунё
Шеър гуфтан манъ шуд,
Гӯиё роҳи Днепро банд шуд.
Мавҷаи раҳбастаи ӯ
Дар даруни синаи ӯ оқибат гирдоб шуд, -
Ончунон гирдоби ҳоил
Ончунон гирдоби дил! –
Бо ғазаб мехост бинмояд нагун
Даври каҷбунёдро, ҳам олами бедодро.
Мавҷи дарё буд шоир,
Дар ғами дарёст аз дарё ҷудо…
Дур аз мавҷи Днепр,
Дар ғамистон,
дар биёбони қазоқ,
Дар муҳити мавҷҳои реги тафсони қазоқ
Дар сараш савдои Киев,
Дар дилаш ёди Днепри модараш, -
Моҳҳою солҳоро
дар биёбон сарф кард:

Оқубат мавҷи Днепр
Мисли чине дар ҷабинаш нақш баст, -
Мавҷи дарёи тафаккур,
Мавҷи кин,
мавҷи ғазаб,
мавҷи асаб –

мавҷҳои зиндагӣ…
турфа асрорест дар зери шумо,
Мавҷҳою,
мавҷҳою
мавҷҳо!..

Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба