Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ҲАМОСАИ ДОД


ДАРДИ ДУВВУМ


Зи абри сиёҳ аст борон сафед,
Ба ҷисми ҳабаш нури имон сафед.
Зи оби сафед аст сели сиёҳ,
Нарӯид одам зи одамгиёҳ.
Яқин одам аз тухмаи одам аст,
Сари офариниши ин олам аст.
Ба Кӯлоб селоб омад баҳор,
Бишуст аз замин сабзаи пунбазор.
Дари хонаву хони мардум гирифт,
Зи хона ҳама нони гандум гирифт.
Яке сели дамхӯрда аз роҳи дур,
Биёмад зи марказ ба зориву зӯр.
Аҷаб сел омад ба ваҳму ситез,
Ба нармӣ наёму ба кин теғи тез.
Гурӯҳе пушаймону зор омада,
Гурӯҳе паи корзор омада,
Ҳама пеши хешу табор омада.
Ва сели дигар омад аз сӯи Вахш,
Парешону афшон чу гесӯи Вахш.
Басе халқи Кӯлоб шуд хонахез,
Зи марзи Ватан то Ватан даргурез.
Ба як ҳавза ин селҳо банд шуд,
Бинолиду ин нола савганд шуд.
Дар ин ҷои раҳ баста, маҳ бастааст,
Чӣ меҷӯӣ Юсуф, ки чаҳ бастааст.
Чу қаҳру алам зад гиреҳу гиреҳ,
Чу занҷир гашту силеҳу зиреҳ.
Дигар таъна бориду шуд таънасор,
Силаҳдор бо модари дилфигор.
Фазоро фаро бенавоӣ гирифт,
Саронро ғами худраҳоӣ гирифт.
Чу будӣ ба нону ба имон ниёз,
Басо даст мешуд ба ин ҷо дароз.
Дар ин дастҳо тир бо шир буд,
Дар ин ёварӣ бӯи тазвир буд.
Аз он тухм к-ин дастҳо коштанд,
Ҳама тухми моро бибардоштанд
Кунад сели обӣ заминро хароб,
Кунад сели одам замонро сароб.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба