Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ПАДАР


Қисми 3


Меравад рӯди шӯх панҷи ба панҷ,
Роҳи лашкар гирифта сарҳади Ванҷ.
Осмон чун даричаи сангӣ
Мекунад бар ситораҳо тангӣ.
Капитан бо ду аскари барно
Раҳ гирифтанд лаб-лаби дарё.
Шаби торику соҳили тезоб,
Чашми тези қаровулон бехоб.
Се нафар меравад чу як лашкар,
Мерасад об аз камар то сар.
Лаби дарё, ки ташнаи хун аст,
Роҳ пурхавф чун шабохун аст.
Ду шарикаш, ки лоҷавоб афтод,
Дар таги об ё сароб афтод.
Ду шарора зи инқилоб афтод,
Ду ситора миёни об афтод.
Капитан бар масоф танҳо рафт,
Акси маҷрои тунди дарё рафт,
Субҳдам чун баромад аз дарё,
Дид худро миёни он дунё,
Ҷаст то шинаки Диловаршоҳ,
Аҳли хиргоҳро надид огоҳ.
Дид: саркор аз паи кор аст,
Хоб рӯи камону бедор аст.
Баргирифт ӯ нишон ба шонаи ӯ,
Шонаи паҳни рустамонаи ӯ,
Аз қазо тири адл дарнагирифт,
Мурғи ҷони «шаҳид» пар нагирифт.
Тиру мили тапончааш тар буд:
Навбати имтиҳони ханҷар буд.

Гашт сӯи қафо чу сарлашкар,
Дид дар рӯ ба рӯи худ ханҷар:
Гуфт: «Агар сад ҳазор ҷон дорӣ,
Ҳамаро бошумор биспорӣ».
Даргирифт ӯю даргирифт камон,
Пардаи субҳ гашт пардадарон.
Ҳама ҷастанду адлро бастанд,
Бандро пушти асп пайвастанд.
Як асиру ҳазору як ғозӣ,
Ғозиён маст, масти ҷонбозӣ.
Сӯи Даштак намуда пешандоз
Ин шаҳидони зиндаи Дарвоз;
Капитан дар миёни ин даста
Буд чун шери дасту по баста.
«Дӯстон, дӯстон, ҷидол кунед,
Рӯҳу ҷонро ҳақо ҳалол кунед, – »
Гуфт ғозӣ… кашида ханҷарро,
Теғ зад тӯсро, санавбарро,
Ёри муздурро, бародарро,
Инқилоби азими кишварро.
Сад фидоӣ барои дасти ҳалол
Мезанад теғу захмҳо чу ҳилол
Мефитад аз ҳаво ба пайкари ӯ…
Медурахшад ситора бар сари ӯ…*
Охирин чора гашт бечора,
Инқилоби азим – овора.

***


Гуфт бо дилхушӣ Диловаршоҳ,
«Ки ғазои худоӣ дар шаш моҳ
Канд аз хок тухми кофарро,
Кошта тухмаи диловарро.
Панҷа зад чун Алӣ ба шонаи ман,
Давр-давру замон-замонаи ман!
Барг бе амри ҳақ намеҷунбад,
Бе сабақ як варақ намеҷунбад;
Нури Яздон, ки пеши рӯям буд,
Ду малоика аз ду сӯям буд,
Ҳама дар ғафлату худо ҳозир,
Рӯ ба ҳақ будаму қафо бар тир,
Кофар омад, дами камон баста,
Баста омад, агарчи вораста…
Сад қасам мехӯрам ба номи Алӣ,
Саҷдаҳо мебарам ба Бурхи валӣ,*
Мекунам аз салиби кофарҳо
Наъли аспи шумо – диловарҳо!
Ҳаст ин теғи ман балогардон,
Аз паси теғи ман, мусулмонон!»



* Оромгоҳи Зинченко дар деҳаи Даштаки ноҳияи Ванҷ маъмур ва машҳур аст.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба