Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ГАҲВОРАИ СИНО


МУШКИЛОТИ ДУ


Ривоят мекунад мардум,
Ишорат мекунад анҷум.
Ки Нӯҳ охир парешон кард ҳамчун тухма дар саҳро
Ба зарбе аҳли саҳроро,
Вале рӯид дар паҳно
Барои зиндагӣ одам,
Барои бандагӣ одам…
Барои ин зафар базме бапо бинмуд шоҳона,
Ба хосон тӯҳфаи хосе ато бинмуд шоҳона.
Бигуфто шоире, ки Нӯҳи Сомон аз малак омад,
Сифоти Нӯҳ аз рӯи замин то нӯҳ фалак омад.
Шаҳ аз ҷоми паёпай маст ё аз мадҳи маддоҳон
Ба имое бидод ин базмро, ин назмро поён. Ҷамоатро дуое доду бо хосони дарбораш –
«Ба Сино имтиҳон дорам, ки раҳ ёбам ба асрораш».
Бигуфто, эй ҳаким, айвони мо танҳо ду дар дорад.
Агар шаҳ аз қазо азми сафар дорад,
Бигӯ то аз кадомин меравад берун?-
Сабуксорона зад бар тори қалби Бӯалӣ нохун.
Ва Сино гуфт: «Чун рою атои шоҳ яксон аст,
Зи ҳар дар, ки барояд, роҳи имкон аст.
Агар хоҳед рои хешу раъи бандаро донед,
Бароеду дароеду сипас ин руқъаро хонед».
Амир амре намуд аз аксии фитрат:
«Дари дигар кушоед аз дари ҳикмат!»

Ба як дам амр иҷро шуд,
Ба девори ҷанубӣ як даре во шуд,
Амир он ҷою ин ҷо шуд,
Гирифт он руқъаро санҷид:
«К-амир аз тахт бархезад,
Раҳи имкон напӯяд, бо раҳи касрат даромезад.
Дари дигар кушояд аз ҷанубию бадар ояд…»
Вале аз рӯи ҳикмат ин ҷаҳон танҳо ду дар дорад:
Раҳи бозомаду рафтан,
Раҳи бедорию хуфтан,
Раҳи вайронӣ, ободӣ,
Раҳи инсофу бедодӣ.
Амир аз роҳи охир рафт, вовайло,
Бухоророю аҳволи Бухороро!

***


Чу бозии бузургон ёфт поён,
Кушода раъи дигар некроён:
Ки дар шаҳри Бухоро чун балое
Даде шабҳо намояд худнамоӣ.
Ҳар он шахсе, ки бозояд дучораш,
Барояд кӯрдуде аз димораш.
Басе зӯроварон зӯр озмуданд,
Зи рӯи хок нақши худ зудуданд.
Агар аҳвол ин бошад, ки бошад,
Аз ин девор нақши мо тарошад.
Чи дастурест Синоро дар ин боб,
Паи дафъи балою ҳифзи аҳбоб?
Ҳаким гуфто: «Агар он дад маҷозист,
Ба нафси хеш моро чорасозист,
Шуда дар нафси мо дарранда бедор,
Шуда фитрат мутеи ваҳш ночор.
Дар ин ҷанги дадӣ бо ақли солим
Бади худро бубояд кард таслим.
Агар он ҷинс бошад, кори саҳл аст,

Зарурат нест бар зӯри забардаст.
Дар ин сурат бибояд як ҳунар сохт,
Зи фӯлоди димишқӣ як сипар сохт,
Ки чун оина дар пардоз бошад,
Ки чун оина аксандоз бошад.
Пас он марде ба тадбиру ирода,
Шавад дар рӯ ба рӯи он пиёда:
Чу бинад акси шуми хештанро,
Даду бад тарк гӯяд ин ватанро,
Бимирад он зи бими ҳайбати хеш,
Надорам чорае дигар аз ин беш…»

***


Ҳаким аз ганҷи сомонӣ гузида илми оламро,
Ки бинмояд баробар бо Бухоро насли одамро.
Амир аз нобасомонӣ ба ҷое бурд сомонро,
Ки ҳамчун тоҷ медид бар сараш хуршеди тобонро.
Пас аз сулҳу мадоро хонд рӯзе Ибни Синоро,
Ки то аҳли назар бинад фурӯғи чашми биноро.
Ҷамоат буд ноҳамвор:
Яке хобу яке бедор,
Яке роҳиби безуннор,
Яке зоҳиди бедастор.
Басе донишварон аз Ҳинду Эрону Араб буданд,
Чу дониш нисбате дорад, ҳама доноталаб буданд…
Ҷамоат ҷамъу хомӯш аст,
Ҳама чашму ҳама гӯш аст.
Гаронии хамӯшӣ ҳамчу бори хона бар дӯш аст,
Муроди ҷумла сарпӯш аст.
Ҷавони навхати болобаланде бо маром омад,
Ба сар имои таъзиме намуда дар мақом омад.
Ба курсии худаш биншасту аз қайди худӣ вораст,
Замину сақфи ин даргоҳро санҷид бо як даст:
-Азизон, ман чунин дарёфтам: ё фарши ин маъво
Ба қадри бораи ханҷар шуда боло.
Ва ё пастӣ гузида осмон чун бораи ханҷар,

Ба таъбири ҳаводис нест моро чораи дигар».
Ва ҷамъи гӯл гӯё шуд,
Ва ҷамъи кӯр бино шуд…
Ба таъзиме баромад ӯ аз ин даргоҳ,
Паяшро канда аз ин роҳи беҳамроҳ.
Пайафкан мефиканд аз дил
Ба ин дунёи беҳосил,
Ба ин дарёи бесоҳил
Ҳама дурдонаҳои ошноиро,
Ва чашмаш роҳ медид – роҳи танҳоӣ, ҷудоиро…
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба