Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

СИТОРАИ ИСМАТ





БОБИ III


1
Ба роҳи ҳақ басе ҷон додаму аз ҷон чӣ мепурсӣ,
Ду раҳ мурдам дар ин майдону аз майдон чӣ мепурсӣ?
Ба худ ҷангидаам аз ёлаҳо то домани Орёл,
Пиёда бар саманди орзуям мезадам чангол.
Зи Орёл то Днестр ҷанги майдон буду осон буд,
Ҳумои ишқ аз тайёра боло болафшон буд.
Фано гаштам,
Шудам эҳё ба зери сояи болаш,
Муҳаббат арши Инсон аст,
Натвон кард помолаш.
Чаро ки аз Нигору модарам пайку паёме нест.
Магар дар деҳаи Итарка як марди саломӣ нест.
Аҷаб хоби парешон дидаму хотирпарешонам,
Чӣ осебе расида бар ҷаҳони ишқу армонам.
Агар ман қаҳрамони ростину ростон бошам,
(На аз боди бурутам қаҳрамон бошам):
Дар ин майдони сеҷабҳа басо мардона ҷангидам,
Вале аз ҳамдиёронам паёми нек нашнидам.
Надорӣ гар дили ойина дар сина,
Агар ҷавҳар надорад пушти ойина,
Намеёбад ситора акс дар ойинаи сина…
Кунун ҷанги калон аз пушту шаҳри Рига дар пеш аст,
Ба гирдаш ҳалқа се мори сияҳ бо заҳру бо неш аст,
Ва ин морӣ зи ганҷи бебаҳо ё лутфи арзон аст,
Гули мору гули хораш ба сангарҳо гулафшон аст.
Кашида се хати маҳсар ба гирди шаҳри бегона,
Ватанро ҳифз месозанд аз соҳибватан ин хайли девона.
Агар дар маркази се ҳалқа будан амри имон аст,
Ба хоку оби кишвар васли инсон аст,
Даруни ҳалқа будан амри имкон аст.
Агар хирман тиҳӣ аз тухми уммед аст,
Агар даври фалак холӣ зи хуршед аст,
Тамоми давраҳо чун ҳалқаи дор аст,
Тамоми ҳалқаҳо чун ҳалқаи мор аст…
Ду лашкар дар камингоҳ аст,
Рамузаш дар само дар ҳолаи моҳ аст.
Агар маҳ ҳола бандад, сахт меборад,
Балои осмонӣ бар сари бадбахт меборад.
Чӣ банде буд оташхезу оташзо,
Зи фӯлоди димишқу санги оташсо:
Аҷоиб арраи гардони алмосӣ,
Ҳамезад даврҳо – даври ҷарангосӣ.
Ҳамезад чарх танку тӯпу тайёра,
Баландиҳо шуда ҳамвор ҳамвора…
Маҳи нав андаруни ҳалқаи абр аст ё дуд аст,
Шаб оташзою оташбоз ҳамчун иди мавлуд аст.
Чи мезояд шабе бо ин сияҳкорӣ,
Чӣ мезояд аҷузе бо сияҳкорию маккорӣ?
Магар гӯшам кашид овоз ё омад садои най,
Магар ҷони Нигори зор омад дар навои най,
Ки ҷонам дар вуҷудам чун ғарибе нолаҳо дорад
Ва ёди лолаи Итаркаро дар ёлаҳо дорад.
Ба ёд омад маро як суннати сайёди ботадбир,
Камонро гӯр бинмояд зи баъди сайди сад нахчир.
Вагарна хуни оҳу мезанад бар гардани сайёд,
Ба фатвои фаришта мешавад сайёд чун ҷаллод.
Дар ин ҷанги дарози мисли афсона,
Шудам оғушта ҳам дар хуни худ, ҳам хуни бегона.
Натарсам аз аҷал, ман аз мукофоти амал тарсам,
Надорам бими ин дунё, ман аз нақши азал тарсам.
Аҷаб сангар, ки аз пӯлод карда тору пудашро,
Бизан бо тӯпу бингар дар ҳаво дуди кабудашро.
Аз ин дуди кабуду сангари сангин гузар бояд,
Барои ин гузар шамшери Рустам дар камар бояд.
Худои ҷанг бо хашми худовандӣ садо бардошт,
Фиғони обҳою хокҳоро то само бардошт.
Агар дарё бо зоти обияш бо дуди тар сӯзад,
Дареғи одам, ин шамъи саҳар аз фарқи сар сӯзад…
Ба истеҳкоми обӣ мавҷи танк омад, гарон омад,
Ту гӯӣ шаҳпаланги бешаи Мозандарон омад.
Замин силсилҷунбон шуд,
Замин зилзиласомон шуд.
Фиғони дашти гандум ҳамчу овои найистон шуд,
Ва ин овози беимдод аз ҷонам фиғон бардошт,
Давоми ин садоро шевани тиру камон бардошт.
Аз ин ҷанги ҳисорӣ лашкари душман фирорӣ шуд
Ва мавҷи лашкари мо аз канори хеш ҷорӣ шуд.
Ва холӣ ёфтем ин шаҳрро чун банди афсона
Ва холӣ ёфтем ин ҷому паймона.
Ҳама холӣ, ҳисори эътиқоди вожгун холӣ,
Ҳама атроф гӯё аз забардасту забун холӣ…
Аз ин назми шикаста ҳикмати Ҷамшед меояд,
Ки зулмат бор бандад, хандаи хуршед меояд.
Дар ин шаҳри камарбаста надидам як дари баста,
Ба зери по салиб афтода чун рӯъёи бишкаста.
Садои арғунун дар шаҳри маҳзун мешавад ҷорӣ,
Ва талқин мекунад бар хуфтагон овои бедорӣ.
Ва ниру медиҳад имони Инсонро,
Баробар менамояд назми кайҳонро.

2
Аҷаб дегест Курляндия, меҷӯшад,
Сарашро осмон оҳиста мепӯшад.
Барашро аз замину аз замон бастем,
Дарашро аз дарун ӯ басту мо бастем.
Адӯ дар ҳалқа ҳамчун моҳу хиргоҳаш,
Зи ду роҳӣ заминӣ баста шуд роҳаш.
Раҳе дорад, ки роҳи киштию об аст,
Гузаргоҳи наҳангу ҷои гирдоб аст,
Чаҳор урдӯи чоройина дар банд аст,
Ба гӯшаш ҳалқа ҳамчун ҳалқаи панд аст.
Даме ки ҷанг дар Одеру Олмон аст,
Даруни ҳалқа ҷангидан на осон аст.
Ва Шернер гоҳ меболиду гаҳ маъюс,
Ба пешонӣ кашида қисмати Паулюс.
Ва амре дод:
«Касе аз ҷабҳаи Волга сухан гӯяд,
Сухан бар зидди миллат ё Ватан гӯяд…»
Замини Добеле шудгори тайёр аст,
Чу ҷирми осмон сокиту сайёр аст.
Замин ин лаҳза гӯё ёри айёр аст,
Гаҳе дар дасти мо, гоҳе ба ағёр аст.
Агар ин буми нав мебуд.
Ва одам тухми ҷав мебуд, айёми дарав мебуд.
Вале ин хоки беҳосил назояд тухми одамро,
Надорад қуввати бардошт ин сели дамодамро.
Аҷаб хоке, ки дар ҷое надидам одами хокӣ,
Магар ин ҷо бурун рафта зи амри олами хокӣ,
Ҳама ҷо сангару сарбоз, ҳама дар тозу дар парвоз,
Садои тӯп ин ҷо мекашад то осмон овоз.
Ба рӯи хоки обӣ то камар дар об мегардӣ,
Ҳазорон тунд гардӣ, гӯиё дар хоб мегардӣ.
Надидам хонаободе, ки дорад ёди ободӣ,
Надидам одамеро, ки ба ӯ овардам озодӣ.
Ба ҳар ҷо буд одам, дар замини ғам парешон буд,
Дар ин ҷо тухми душман ҳар чи хоҳӣ буд, арзон буд.
Сари қавс асту дар нӯки дарахтон абри боронӣ,
Ҳама ҷабре шавад ҷуброн, ҳазар аз ҷабри боронӣ,
Ва аз шохи дарахтон мезанад борони пайваста,
Ва чархи танкҳо дар гил миёни бешаҳо баста.
Барои теппа ҷангу хона ҷангу роҳ ҷангидем,
Барои чор фарсах бедарак се моҳ ҷангидем,
Ба ҳар фарсах ҳазорон ҷон супоридем -
Ҳазорон ҷони ширин дода ё бар хок ё бар бод,
Ки бошад ҷони одам дар бадан ё дар ватан озод.
Ҳазорон фарди нотакрор, ҳазорон олами асрор,
Ҳама рафтанд бо имон, ки рӯзе мешавад такрор –
Ба ранги фаслҳо рангин,
Чу ёди васлҳо ширин, -
Ки аз лавҳу қалам то лавҳи гӯристон,
Зи зулмоти лаҳад то нури нуристон,
Зи пири бенаво то кӯдаки навзод –
Ибодатхонаи ёди азизон мекунад бунёд.
Ба шаҳри Добеле як лашкар аз зери замин бигзашт,
Аз ин ҷанги ҷаҳонӣ то камингоҳӣ яқин бигзашт…
Баҳор омад ва авҷи охирини корзор омад.
Ба Булён сабзаҳо сабзида вақти киштукор омад.
Ба рӯи ёлаҳо борони найсон реза меборад,
Замини Исмати моро кӣ мекорад, чӣ мекорад?
Ва аз нав жолаи фӯлод меборад дар ин водӣ,
Ки аз ин ҷанги тӯлонӣ надорад ҷои ободӣ,
Ҳадиси ҳар шаҳид аз зиндаҳо тафсир мехоҳад,
Набарди ҳар шаҳиде нуқтаи тасвир мехоҳад.
Кирил дар лаҳзаи мурдан ҳадисе гуфт дар гӯшам:
«Либоси ҷангро имрӯз монанди кафан пӯшам.
Ҳама хоки худо бошад ибодатхонаи одам,
Агар як хонае сӯзад, бисӯзад хонаи Олам.
Чӣ хокистар шудему оташи мо сӯхтан дорад.
Чароғи рӯҳи мо аз офтоб афрӯхтан дорад.
Маро бардор, Исмат, то бубинам офтобамро,
Маро бардор…
Дидам офтоби хиратобамро,
Баробар сохтам бо нуру бо зулмат ҳисобамро.
Видоъ, акнун ту меёбӣ ҳисобамро… китобамро…»
Аҷаб, даврони ҷанги ҳалқабанду ҳуқабоз омад,
Магар дар ҷои сарлашкар ба ин ҷо ҳалқасоз омад?
Ҳамин дирӯз вақти ҳамлаи рота ба ин беша,
Барои даҳ қадам даҳ марди мо афтод аз реша.
Кирил ҳам дар қатори он ҷавонон решагардон шуд,
Кирил ҳамчун дарахте дар ҳаво як дам парафшон шуд.
Ки шохи ҳар дарахте лонае дорад,
Ва ҳар як лона тухму донае дорад.
Чу мард афтад, чанори хона меафтад,
Ва мурғони ҳаворо лона меафтад…
Адӯ дорад силоҳи автомат, бо тири тарканда,
Намуд ин бешаи хушрӯйро товуси парканда.
Зи зарби тири алмосӣ санавбар вожгун гашта,
Чу марди сарфарозу сарнагун гашта.
Зенитка – офати тайёраҳоро сӯи мо гардонд,
Сарашро аз само бар ин замини бенаво гардонд.
Сабо дар марзи Белли разм шуд гардон,
Ба беша тири чархӣ мезанад ҷавлон,
Ва меафтад ҳазорон донаи занҷир аз занҷир,
Зи ҷони рафта меояд ба гушам нолаи шабгир.
Ба рӯи мо ҳамоно давр мезад тиру меборид,
Даруни беша гӯё дар найистон шӯъла мекорид.
Ва мо нақши замин будем, дар ҳукми камин будем.
Сафи тайёра омад, паст омад рӯи ин беша,
Ҳамеларзид дарахти беша то реша.
Ба дил гуфтам: Ба ин аҳвол мурдан шеваи ман нест,
Намонад кишваре поянда, гар ӯро Таҳамтан нест.
Садо кардам, ки бархезед, аз ҷо зиндаҳо бархост,
Ба ҷои мурдаҳо як села кафтар дар ҳаво бархост,
Тамоми зиндаҳоро пеш бурдам сӯи ин сангар,
Ва тири тӯп мезад аз ду ҷониб рӯи ин сангар.
Миёни ин ду оташ пеш мерафтем,
Дар ин пеша фурӯ андар ниҳоди хеш мерафтем.
Ду оташ гар шавад як ҷой пайваста,
Аз ин гулзори оташзо набандӣ ҳеҷ гулдаста.
Миёни ин ду оташ ҳар ки монад, бекафан монад,
Зи оташ сӯхтан монад,
Зи нур афрӯхтан монад.
Миёни ин ду оташ пеш мерафтам,
Ба оташ пешпо хӯрдам, гумон кардам, ки меафтам.
Наафтидам, - ҷудо шуд аз замин поям,
Надонистам, фитодам, ё ки барҷоям.
Надонистам, ки ин тири худӣ ё тири душман буд,
Ва ё тири қазо дар шонаю пешонаи ман буд…
Тани Исмат ба рӯи хок рӯ бар осмон афтод,
Биларзид, ларза дар кавну макон афтод.
Зи равзан дид рӯи офтоби навбаҳоронро,
Ба гирди офтоби зард мавҷи лолазоронро.
Дарахтон давргардон руста сӯи осмон рафтанд,
Ба сӯи бешаи нилуфарии ҷовидон рафтанд.
Даруни чашми ӯ – дар чархи нилобӣ,
Дар ин ҳавзи кабуди нурию обӣ
Ҳамезад чархҳою чархҳо хуршед,
Ба ҳар чархе ба боло мебаромад оташи ҷовид,
Ба боло рафт… боло рафту пинҳон шуд,
Даруни гавҳари чашмаш фурӯзон шуд.
Сиришки ҳамчу оташ меравад аз дидаи анҷум,
Ду чашми хонаи хуршедро пӯшед, эй мардум!

3
Ин чӣ фоле, ки сари сол биёмад хабаре,
Зада бар решаи ин зоти ҳумоюн табаре.
Бори ин пораи хатро накашад номабаре,
Ба кӣ гӯянд, чу аз кунда намонад шаҷаре.
Хатти сурх омаду лекин хабараш буд сиёҳ,
Ба ҳама сурхии рӯяш асараш буд сиёҳ:
Қаҳрамон мурд дар ин ҷанги ҷаҳони гузарон
Бигузашт аз сари ин кавну макони гузарон.
Хабари роҳила бо номи Нигор аст ҳанӯз,
Дили ғамкуштаи ӯ банд ба ёр аст ҳанӯз.
Гарчи баъд аз ду хабар рафт аз ин хонаю дар,
Сару болини дигар, ҳам сару савдои дигар,
Лек аз ин хабару аз ду алам месӯзад,
Зи шари дасти қаламкаш чу қалам месӯзад.
Занаки хонахудо ҳамчу гадо рафт ба дар,
Кард ӯ шикваи дунё зи падар.
Рафт бо мӯи парешону парешон сари кишт,
Ин ҳамон кишт, ки ояд зи бараш бӯи биҳишт.
Ин ҳамон кишт, к-аз он донаи Исмат рӯяд,
Лолаю доғи варо жолаи Исмат шӯяд.
Канд бо панҷаю нохун ба дили хок мағок,
Гӯӣ мекофт диле дар дили хок,
Бастае аз таги ин хок бароварду кушод,
Бастаро дар қафаси сина ниҳод.
Хати Исмат бифитод аз шикани пираҳанаш,
Номаро бурд ба сӯи даҳанаш.
Бӯи ҳулбӯи тар аз номаи Исмат омад,
Он чӣ будаст ба қисмат, омад…
Номаро чун хати иршод кушод,
Номаро дар ҳарами хок ниҳод.
Саҷда овард ба сӯи нома,
Зор нолид ба рӯи нома.
Гунаҳе рафт зи ҷабри падарам,
Зи дили соддаи аз кори ҷаҳон бехабарам,
Нашавад шуста ба об:
Хонаи ишқи маро сӯхтӣ, эй хонахароб!
Номаро дар ҳарами сина ниҳод,
Номаро дар паси ойина ниҳод…
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба