Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

СУРӮШИ СЕЮМ

МИХАИЛ ПАНИКАХО
Пас аз ҳиҷрон ба васли ту расидам боз, эй дарё,
Даруни синаи ман шӯри нав андоз, эй дарё!
Ба мисли зиндагонӣ меравӣ,
вопас намегардӣ,

Зи роҳи худ ба амри ҳар касу нокас намегардӣ.
Вале ман бар хилофи амри виҷдонам қафо гаштам,
Ман охир тифли дарё будам,
аз дарё ҷудо гаштам.

Даме, ки киштии тӯфониям аз бахти бефарҷом
Ба зери баҳр –
қабристони беором шуд ором,

Ба соҳил ду қадам роҳи нахустин гӯри ман будӣ,
Ва мавҷи охирин аз пушти ман мисли кафан будӣ,
Ман охир зинда аз гӯрам гузаштам бо азоби гӯр,
Садои тӯпҳои дур ҳамчун таблаи ноҷӯр.
Гумон кардам: зи ҷунбиш монд дарёям,
Ба ҷои мавҷи дарё
Гарди саҳро дар таҳи поям.
Ба ранги зарди хоки дарднок оҳиста дил бастам,
Хуморамро ба ранги осмон бишкастаму растам.
Туро дар ташнагӣ дарёфтам, дарё,
Бишав бар киштии умед лангарҷо!
Диламро ҳамчу лангар дар шиканҷи мавҷ андозам,
Агар сар зинда бошад,
баъди нусратҳо сар афрозам.

Барои исмати дарё,
Барои исмати модар.
Барои қисмати тифлони саргардони беёвар,
Ба он соҳил
Маро, эй мавҷ,
бо тундӣ бубар,

Ё аз сарам бигзар,
Ба он манзил,
Ки монанди дилам то рӯз месӯзад,
Миёни шаҳр садҳо хонаи нимсӯз месӯзад!
…Ана соҳил
Мана қотил,
Зи рӯи мавҷ барҷастам,
Замин тангаст монанди кафи дастам,
Ба ҳар як санг чун фарсанг,
Ба мисли синаи сарбоз дунё танг, -
Дар он ҷо дил намеғунҷад,
Дар ин ҷо одилу қотил намеғунҷад!
Ба зарби найзабозӣ, ҳамлагардонӣ
Саҳар шуд бо зафар ҷанги шабистонӣ.
Хамӯшӣ дар миён омад,
Сукути хоки лангардор,
Ба дӯшам бори ноҳинҷор.
Замин чун киштие ларзид ногаҳ
аз садои танк

Ва душман чун сиёҳӣ аз қафои танк.
Дамодам танкҳо наздиктар-наздиктар мешуд,
Чу умри ҷангҷӯ роҳи миён кӯтоҳтар мешуд.
Замин-дарё,
дили сарбоз лангар буд,

Лабони хушки соҳил ҳамчу сангар буд.
Садо омад:
«Ба сӯи танкҳо оташ!»
Гирифта танкҳо бо сангҳо оташ.
Валекин ҳамлаҳо такрор мегардад,
Саҳар оҳиста шоми тор мегардад…
Ба сӯи Миша танк аз пушти танк омад.
Муҳити танг чун пироҳани номус танг омад.
Баромад аз камонаш охирин тираш,
Бараҳна медурахшад ҷавҳари номус –
шамшераш.

Ягона шишаи таркандаро бардошт,
Ба ҷанги тан ба тан
Бо танки фӯлодӣ қадам бигзошт.

Вале таркид шиша дар сари дасташ,
Зи китфаш шӯълае бархост монанди қаду басташ,
Шарар ҷони ҷавонаш сӯхт,
Нидои охиринро дар лабонаш сӯхт.
Саропо оташи зинда
Ба зери танк метозад,
Ба ин дастур Данкоро замоне зинда месозад…
Аз ин оташ тамоми шӯълаҳо хомӯш мегардад,
Аз ин мардӣ адӯ беҳуш мегардад,
Сурӯше бесадо бар гӯш меояд,
Замин бар ҳуш меояд,
Чу меҳри модарӣ ин шӯъларо дар сина мегирад,
(Ҳамин ҷо ҷанг мемирад…)
Ҳамин ҷо зинда мегардад,
Ба мисли шӯъла механдад.
«16 ноябр. Имрӯз аз занам мактуб гирифтам. Онҳо умедворанд, ки то иди мавлуд ба Германия бармегардем ва итминон доранд, ки Сталинград ба дасти мост, чи иштибоҳи бузурге. Ин шаҳр моро ба як дастаи беҳис ва беруҳ табдил додааст. Сталинград дӯзахи дунёст. Ҳар рӯзи худо ҳуҷум мекунем. Агар пагоҳӣ 20 метр пеш равем, бегоҳ моро ақиб мепартоянд…
Як аскарбачаи рус як дастаи моро рӯҳан ва ҷисман шикаст медиҳад…»
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба