Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН


НАҚШИ СОНӢ


Субҳи нав. Аз гунбази сабзи регистон ва гунбази кабуди осмон ду алами сурх барафрӯхтанд. Ва сарандози кабуди Модар-Заминро бо нур сӯхтанд. Сарандози Модар якбора ранги гулобӣ мегирад ва мегӯяд: «Имрӯз фарзанди кули Замин ва фарзанди ман аз дарёи сабз баромад ва ба сарвақти ман омад…
Аз ин рӯз дигар накоред дар ман ба як даст неку ба як даст бад… Наёред бар ман ба як даст оташ, ба як даст об… Ба дасте ҳаёту ба дасте мамот!..»


Расидӣ. Инқилоби сурх, бар сарҳо чу сомоне,
Барои кӯҳнадардони Бухоро ҳамчу дармоне.
Гадои мушти хоке буд тоҷик, бо дили ҳотам,
Аҷаб соҳибзамини безамин аз давраи Одам.

Ба паҳнои замираш безамин тухми сухан мекошт,
Аз ин тухми алам ашъори шӯрангез мебардошт.
Аз он шеъри дарӣ аз кӯҳсори безамин рӯид,
Суруди базму разм аз синаҳои оташин рӯид…
Муроди халқ: қонуни замину об ободӣ
Ба имзои Ленин омад ба мо аз роҳи озодӣ:
«Бигир, эй безамин, ин даҳ таноб аз ту!
Бигир, эй ташналаб, ин ҷӯи об аз ту!
Бихез, эй бехабар, ин инқилоб аз ту –
Алам аз ту, қалам аз ту, китоб аз ту!
Баро аз чодар, эй зан, ҳамчу рӯят офтоб аз ту!
Ва деҳкон зад ба зону дар сари огард,
Нафасҳои таре бишнид аз хоки тари огард.
Агар то ҳол васли хокро дар гӯри тар медид,
Кунун дар зиндагӣ рӯи заминро диду ҷон бахшид.
Заминеро, ки ӯ бо оби рӯяш обёрӣ кард,
Вай аз нав ҷӯйборе канд, аз нав об ҷорӣ кард.
«Адолатро нигар, мулки амирӣ моли ман гардид,
Ҳазорон беватан монанди ман соҳибватан гардид.
Дар ин як қитъаи хоку дар ин як қитъаи олам
Аз ин соат фақирам ман, вазирам ман, амирам ман!»
Замин ҳамчун зани озоду дасти марди дилхоҳаш
Навозиш кард онро рӯзу шаб то соату моҳаш;
Ба зери бор буд модар, ба зери донаҳои бахт,
Замин оҳиста меболид зери гандуми сартахт.
Ва ризқи баччагонашро ба рӯи сина мепарвард,
Ба ранги шираи гандум, ба ранги хӯшаҳои зард.
Чу рамзи сурхии байроқ аз ҳар боғ гул рӯид,
Сари хоки шаҳидон гӯӣ аз ҳар доғ гул рӯид,
Ниҳоли инқилобӣ панҷа мезад, решаҳо меронд
Миёни ҳотаи деҳқон.
Деҳқон ин дуо мехонд:
«Сари сарчашма рафтам ман ба вақте,
Ба оби дида биншондам дарахте.
Шамол омад, дарахтам решакан шуд,
Мани мискин надорам ҳеҷ бахте…»
«Дарахти бахти ман, акнун калон шав,
Сар афрозу ба сарҳо соябон шав,
Сутуни осмону хонадон шав,
Ҷаҳон дарёст, шаҳпули ҷаҳон шав!»
Ба қасди ин дарахт, ин майса, ин гулбун,
Ба қасди ин баҳору парчами гулгун,
Ҷаҳони кӯҳна шӯри тоза барпо кард,
Ба мақсуди сияҳкорӣ ливои сабз боло кард.
Ливои сабзи пайғамбар
Ба дасти шоҳи дуздон мезанад пар-пар,
Ва Иброҳим ба қалби Олами нав мезанад ханҷар,
Ки хун аз дидаи деҳқону аз сарсинаи аскар
Ба хоки сабз мерезад чу гул дар домани модар…
Маҳи нав хаста дар сартуғаи Анвар – балои нав,
Ба гӯши мурдаи садсола мехонад салои нав.
Замин дар зери суми аспҳои турку тозӣ буд,
Ва ин рӯбоҳи румиро ба думи шер бозӣ буд.
Чунон метохт бар озодию ободии тоҷик,
Ки аз ҳам мегусаст ин манзили аҷдодии тоҷик.
Замину сабза шуд помол аз наълайни аспонаш,
Ва нақши моҳи нав рӯид зи гӯристону бӯстонаш.
Зи паҳнои Бухоро то Ҳисору тангии Дарвоз
Макони хушку холӣ шуд, фазои тири дар парвоз.
Чу дарё фавҷи дуздон мавҷзан аз ағба сар мекард,
Ва аз ин тангии таърих бо тундӣ гузар мекард…
Ба мисли воҳаи сабзе дар ин майдони користон
Сипоҳи сабзпӯши инқилобӣ – чун баҳористон,
Нумӯ мекард дар Ғарму Хисору Нораку Хатлон.
Ва деҳқони сарозод аз замину хоки озодаш
Ба ёрон дона мебардошт, баҳри душманаш – оташ.
Ба рӯҳи инқилобӣ бо сару афзоли деҳқонӣ
Ниҳоли инқилобиро ҳамекардӣ нигаҳбонӣ.
Замоне киштзори халқ майдони шикорӣ шуд,
Басе гумроҳ зери босмачӣ аспи саворӣ шуд.
Замин омад ба фарёд: эй замон, доде!
Ман озодам, Чаро дар зери поям?
Халқ имдоде!
Ман охир модари зояндаам, аз ёдҳо рафта,
Зи рӯям аспҳои бодпо чун бодҳо рафта.
Ба зери байрақи сабзу сафедат хушк гардидам.
Ба авҷи наъраи дуздони одамтоз ларзидам!
Мадад, эй парчами гулгун, фидои сурати досат!
Фидои чаккуши оташфишону доси алмосат!
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба