Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

КИТОБҲОИ ЗАХМИН



Ш


Садои занги мактаб ин саҳар дар кӯҳ мепечид,
Навои зиндагӣ дар қуллаи андӯҳ мепечид.
Ба мактаб омада сад баччаи нимсеру нимурён,
Зи оҳи модарон ғамгину аз ҳаҷри падар гирён.
Чӣ асроре?
Муаллима табассум дар лабон омад,
Ба золи сояравшан офтоб аз осмон омад.
Ба мӯяш дастаи райҳон,
Ба гардан шаддаи марҷон,
Кушод аз нома – аз сандуқи пурэҳсос сарпӯша.
Ба як сӯ монд дафтаррову мистарро,
Зи ёдаш бурд мактаброву минбарро,
Кафи дасти булӯрашро барои нома миҷмар кард,
Ба ваҷде номаро – шаҳмонаро сар кард:
«Салом, эй давлати ман, меҳрубони дуру наздикам,
Ало тоҷи сари ман, ёри тоҷикам!
Ба шабҳо офтоби раҳнамоям кулчаи рӯят,
Диҳам шамшери худро тоб аз оби ду абрӯят.
Балогардони ман ишқ аст, ман бебок меҷангам,
Ба мисли посбони ишқ бо нопок меҷангам,
Ба чашми худ чу бинам ҳар пагоҳӣ чашми душманро,
Ба номи зиндагон мебарам аз ёд мурданро.
Яқин дорам, ки ҷонам дар тилисми ишқ пинҳон аст,
Даруни синаи ту, дар паноҳи кӯҳсорон аст.
Саломат бош, то ту зиндаӣ, ман зинда мемонам,
Зи барфи софи саҳро номаи ишқи ту мехонам…
Салом, эй баччаҳои болдори шӯхи бебокам,
Шуморо дар миёни корзорон турфа муштоқам.
Ба пеши рӯй душман, шаҳри Ленин дар қафои ман,
Гузаштан нест, рафтан нест аз роҳи вафои ман.
…Ана аз ҷониби душман садои тир меояд,
Агар ӯ пеш ояд, аз дами шамшер меояд,
Ба ҷои абрӯвонат бӯса кардам аз дами шамшер.
Сухан боқӣ…
Зи ҷо бархостам…ё пир!»
Ҳама аз ҷой барҷастему биншастем,
Зи худ растему бо устод пайвастем…
Муаллима табассум кард, аз чашмони хандонаш
Берун омад
Сиришки дона-дона мисли марҷонаш.
Касе дар рӯи қоғаз мӯхраро дидаст, медонад.
Аз ин сурху сафедӣ номаи душвор мехонад.
Нахустин бор дидам гиряи талхи худоёнро,
Баландиҳои инсонро,
Сукути абру боронро.
Садои занг ногаҳ чун садои тирборон шуд,
Дар ин ҷо дарс поён шуд.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба