Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Шеърҳо

МЕҲРИ МОДАР

ОБ МЕХӮРАД…

ДӮСТАМ!

НА ҲУКМ, НА ҲИКМАТ…

СИТОРАҲОИ БУРҶИ КРЕМЛ

СИТОРАИ ЗАМИНИ МАН

БУЗУРГӢ ВА ХОКСОРӢ

ХОҲАРИ КУБА

ДУ ГУЛ

КАФШЕРИ МУҲАББАТ

ҶИЛВАГОҲИ ҲАҚИҚАТ

ҲУКМ БАР СИТОРА КУНЕМ

ҚИССАИ ЧАРХИ ФАЛАК

СОЛИ НАВ, МЕҲМОНИ НАВ

ДАР САФҲАИ ОФОҚ

САДДИ НАЗАР

ПИРИ ГУЛФУРӮШОН

КӮҲИ МАЪШУҚ

ИДИ БАХТ

БАШОРАТИ СУБҲ

ДИЛ МЕШАВАД

ОБАКИ ШӮХ

ОБИ ОТАШИН

БА МАНОЛЕС ГЛЕЗОС

ҲУСН

АҲСАНТ БА ОДАМ!

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

ШЕЪРИ ҚАЗОҚ

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ЛАФЗИ МОДАР

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ДУРРИ НОЁБ МЕЁБАД

ХОБИ ҚАҲРАМОН

ХАНДА КУН, ЭЙ ОСМОН!

ОБШОР

НАРАВ, ҚУИ САФЕДИ МАН!

ДАР ПАНОҲИ ШОХСОРОН

ЧАШМАИ САБОҲӢ

РАСМИ НОТАМОМ

ИСФАРА

ГУЛИ БОДОМ

ҚАТЛИ ВОСЕЪ

ДАВОМИ НЕК РОҲАТРО

МАНУ ШАБҲОИ БЕХОБӢ

ҚИССАИ ЧАРХИ ФАЛАК



Буд марди соддае дар як замон,
Дошт як хар аз ҳама моли ҷаҳон.

Аз қазо рӯзе ба маъвое расид,
Ки дарахте баҳри харбандӣ надид.

Ӯ харашро дар нишеби чарх баст,
Хоб омад, рафт ӯ дар хоби маст.

Ними шаб чун боди саҳро шӯр кард,
Чарх гардон шуд, харакро ҷӯр кард;

Беибо бардошт то авҷи баланд
Аз фарозӣ ҷониби дарё фиканд.

Соҳиби хар фурсате аз хоб хест,
Дид бечора хараш дар ҷой нест.

Шаш ҷиҳатро кофт, осораш наёфт,
Ҷониби кампири «доное» шитофт.

Рафта назди зол арзи ҳол кард,
Зол рӯ андар дуою фол кард.

Гуфт: - Эй марди худо, рӯзи фалон,
Дар фалон солу фалон моҳу замон

Як сари чархи фалак дар хок буд,
Ки замин он шаб чу дарё пок буд,

Ту хари худро ба он ҷо бастаӣ,
То ба иқлими малак пайвастаӣ,

Баъди чандин чарх аз чархи барин
Боз ояд маркабат сӯи замин…

Он чуноне ки ҳикоят мекунанд,
Ровиён аз он ривоят мекунанд,

Ӯ ба фикру зикри чарх афтодааст,
Дар ҳамон саҳро ҳанӯз истодааст.



1957.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба