|
Ҳукумат аз сари минбар,
Хиёнат аз паси чодар,
Сипоҳӣ дар замину бешаю дарё
Ҳама як роҳро пӯё,
Ҳама Ленинро ҷӯё,
Ки гардад инқилоби қавмҳо бесар.
Ба як андешаи ботил
Гаҳе дар дил,
Гаҳе дар гил
Ҳама мекофт гӯре баҳри озодӣ.
Ба як зӯъму ба як фарёд
Ҳама меканд аз бунёд
Дарахти тӯсро - чун инқилоби рус!
Даҳои хондаи кишвар,
Даҳои рондаи кишвар
Ба Разлив дар паноҳи шохсорон буд.
Барои оламе пайдо.
Барои хасм пинҳон буд,
Чу узви ин табиат буд пайваста.
Ба рӯи кундае тӯсе -
Асоси зиндае тӯсе,
Ки дар қаъри замин ӯ решаҳо дорад,
Варақҳо зиндагонӣ дошт,
Нумӯи ноаёне дошт,
Даҳо фикри ҷаҳоне дошт дар ин ҷо.
Ба рӯи миз сархам буд,
Ба рӯи миз шабнам буд,
Зи баски дар замини рус маҳкам буд,
Китоби инқилоби рус,
Ҳама кори савоби рус
Зи меҳри доҳию қалби замин меруст.
Аз ин мӯъҷизаи одам,
Ки пинҳон буд аз олам,
Хабар медод Балтика ба тӯфонаш.
Агар ҷангал забон дорад,
Сукути ҷовидон дорад,
Хабар медод бо овози мурғонаш.
Зи бедоди ситамгарҳо,
Ба имдоди санавбарҳо
Китоби инқилоби рус поён шуд,
Ба рӯи баҳр тӯфон шуд,
Ба мулки рус исён шуд,
Ҷаҳони дигаре аз байни тӯфонҳо намоён шуд!
1965.
|
|