Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Шеърҳо

МЕҲРИ МОДАР

ОБ МЕХӮРАД…

ДӮСТАМ!

НА ҲУКМ, НА ҲИКМАТ…

СИТОРАҲОИ БУРҶИ КРЕМЛ

СИТОРАИ ЗАМИНИ МАН

БУЗУРГӢ ВА ХОКСОРӢ

ХОҲАРИ КУБА

ДУ ГУЛ

КАФШЕРИ МУҲАББАТ

ҶИЛВАГОҲИ ҲАҚИҚАТ

ҲУКМ БАР СИТОРА КУНЕМ

ҚИССАИ ЧАРХИ ФАЛАК

СОЛИ НАВ, МЕҲМОНИ НАВ

ДАР САФҲАИ ОФОҚ

САДДИ НАЗАР

ПИРИ ГУЛФУРӮШОН

КӮҲИ МАЪШУҚ

ИДИ БАХТ

БАШОРАТИ СУБҲ

ДИЛ МЕШАВАД

ОБАКИ ШӮХ

ОБИ ОТАШИН

БА МАНОЛЕС ГЛЕЗОС

ҲУСН

АҲСАНТ БА ОДАМ!

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

ШЕЪРИ ҚАЗОҚ

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ЛАФЗИ МОДАР

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ДУРРИ НОЁБ МЕЁБАД

ХОБИ ҚАҲРАМОН

ХАНДА КУН, ЭЙ ОСМОН!

ОБШОР

НАРАВ, ҚУИ САФЕДИ МАН!

ДАР ПАНОҲИ ШОХСОРОН

ЧАШМАИ САБОҲӢ

РАСМИ НОТАМОМ

ИСФАРА

ГУЛИ БОДОМ

ҚАТЛИ ВОСЕЪ

ДАВОМИ НЕК РОҲАТРО

МАНУ ШАБҲОИ БЕХОБӢ

ДУ ГУЛ




Ба ёд ояд мудомам он насими мушбӯи Вахш,
Шукуфта пахтаҳои софи саҳрои накӯи Вахш,
Миёни пахта хандон духтарони хубрӯи Вахш,
Равон овози нози духтарон чун оби ҷӯи Вахш.

Ба саҳро пахта гулрез асту ҳар як гул ба болидан,
Табассум дар лабони ғунчаҳо гулбоз дар чидан.
Чӣ хуш дар ханда рӯи ёрро дар баъни гул дидан,
Гули рӯи накӯяшро ба рағми ғунча нозидан…

Ниҳолон сабзпӯшу мисли ошиқ гул ба сар карда,
Зи шабнам субҳгоҳон баргу бори хеш тар карда,
Аз он як села духтарро ба сӯи худ хабар карда:
-Биё, хандида сӯи мо, зафар пушти зафар карда.

Ду гул бишкуфта дар майдон айёми саҳар дидам,
На гул, дар зебу қиммат гӯиё дурру гуҳар дидам,
Якеро рамзи шӯҳратовари они дигар дидам,
Ба чидан он дигарро қаҳрамони номвар дидам.

Яке з-он аз сафедӣ нуқраи хом аст, пиндорӣ,
Ба зераш пахтазорон чатри нилфом аст, пиндорӣ,
Фурӯзон рӯи он худ ахтари шом аст, пиндорӣ;
Дигар дар байни он манзар маҳи том аст, пиндорӣ.

На он сон гул, ки ҳар соле ба даҳ рӯз аст давронаш,
Ба назди мардумон собит набошад аҳду паймонаш.
Барои булбули бечора дидан нест имконаш,
Агарчи то саҳар бошад зи ҷону дил ғазалхонаш.

Гули мо зеби саҳро, дурри беҳамтои даврон аст,
Нигори зодаи меҳнат, саропо бахтҷавлон аст.
Дигар он пахтаи симин, ки ӯро зеби домон аст,
В-аз он аҳли Ватан ӯро зи ҷону дил санохон аст.

Ба рӯи бениқоб ӯ бо табассум бингарад сӯям,
Зи дил хуни ҷавонӣ медамад андар сару рӯям.
Магар дигар гулеро боз меҷӯям? – Намеҷӯям.
Ба як умре нахобам то суруди васфи он гӯям.



1955.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба