Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Шеърҳо

МЕҲРИ МОДАР

ОБ МЕХӮРАД…

ДӮСТАМ!

НА ҲУКМ, НА ҲИКМАТ…

СИТОРАҲОИ БУРҶИ КРЕМЛ

СИТОРАИ ЗАМИНИ МАН

БУЗУРГӢ ВА ХОКСОРӢ

ХОҲАРИ КУБА

ДУ ГУЛ

КАФШЕРИ МУҲАББАТ

ҶИЛВАГОҲИ ҲАҚИҚАТ

ҲУКМ БАР СИТОРА КУНЕМ

ҚИССАИ ЧАРХИ ФАЛАК

СОЛИ НАВ, МЕҲМОНИ НАВ

ДАР САФҲАИ ОФОҚ

САДДИ НАЗАР

ПИРИ ГУЛФУРӮШОН

КӮҲИ МАЪШУҚ

ИДИ БАХТ

БАШОРАТИ СУБҲ

ДИЛ МЕШАВАД

ОБАКИ ШӮХ

ОБИ ОТАШИН

БА МАНОЛЕС ГЛЕЗОС

ҲУСН

АҲСАНТ БА ОДАМ!

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

ШЕЪРИ ҚАЗОҚ

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ЛАФЗИ МОДАР

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ДУРРИ НОЁБ МЕЁБАД

ХОБИ ҚАҲРАМОН

ХАНДА КУН, ЭЙ ОСМОН!

ОБШОР

НАРАВ, ҚУИ САФЕДИ МАН!

ДАР ПАНОҲИ ШОХСОРОН

ЧАШМАИ САБОҲӢ

РАСМИ НОТАМОМ

ИСФАРА

ГУЛИ БОДОМ

ҚАТЛИ ВОСЕЪ

ДАВОМИ НЕК РОҲАТРО

МАНУ ШАБҲОИ БЕХОБӢ

ДӮСТАМ!


Барои Пӯлод Толис

Шоирон гарчи баробар мекунанд,
Лек асло одамӣ хуршед нест.
Баъди ту як чизро фаҳмидаам:
Ҳеҷ кас дар ин ҷаҳон ҷовид нест.

Гар чизе андар вуҷуди одамӣ
Зиндаи ҷовид мебошад - дил аст.
Ҳар кӣ дил дорад, бимонад ҷовидон,
Чун дил аст, онро ба дилҳо манзил аст.

Дӯстам, эй марди сар то пой дил,
Дил ниҳодиву бирафтӣ ногаҳон.
Як диле аз синаи соҳибдиле
Ёдгорӣ монд баҳри дӯстон.

Он дили софе, ки танҳо баҳри ман
Бори меҳри он гаронӣ мекунад.
Андаруни сина ҷо кардам варо,
Кори қалбамро ниҳонӣ мекунад.

Дил гаронбор аст, бо ҷон мекашам
Бори меҳри гарму ҷӯшони туро.
Мебарам дар синаву дар дидаам
Қалби поку рӯи хандони туро.

Мебарам бори ду дилро сӯи пеш
Аз сабукборони соҳил нестам.
Мекунам кори ду дилро, дӯстам,
Нағз медонӣ, ки бедил нестам!

1962.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба