Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Шеърҳо

МЕҲРИ МОДАР

ОБ МЕХӮРАД…

ДӮСТАМ!

НА ҲУКМ, НА ҲИКМАТ…

СИТОРАҲОИ БУРҶИ КРЕМЛ

СИТОРАИ ЗАМИНИ МАН

БУЗУРГӢ ВА ХОКСОРӢ

ХОҲАРИ КУБА

ДУ ГУЛ

КАФШЕРИ МУҲАББАТ

ҶИЛВАГОҲИ ҲАҚИҚАТ

ҲУКМ БАР СИТОРА КУНЕМ

ҚИССАИ ЧАРХИ ФАЛАК

СОЛИ НАВ, МЕҲМОНИ НАВ

ДАР САФҲАИ ОФОҚ

САДДИ НАЗАР

ПИРИ ГУЛФУРӮШОН

КӮҲИ МАЪШУҚ

ИДИ БАХТ

БАШОРАТИ СУБҲ

ДИЛ МЕШАВАД

ОБАКИ ШӮХ

ОБИ ОТАШИН

БА МАНОЛЕС ГЛЕЗОС

ҲУСН

АҲСАНТ БА ОДАМ!

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

ШЕЪРИ ҚАЗОҚ

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ЛАФЗИ МОДАР

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ДУРРИ НОЁБ МЕЁБАД

ХОБИ ҚАҲРАМОН

ХАНДА КУН, ЭЙ ОСМОН!

ОБШОР

НАРАВ, ҚУИ САФЕДИ МАН!

ДАР ПАНОҲИ ШОХСОРОН

ЧАШМАИ САБОҲӢ

РАСМИ НОТАМОМ

ИСФАРА

ГУЛИ БОДОМ

ҚАТЛИ ВОСЕЪ

ДАВОМИ НЕК РОҲАТРО

МАНУ ШАБҲОИ БЕХОБӢ

ГУЛИ БОДОМ

Руҷӯи қаҳрамони Ҷанги Ватанӣ
Саидаҳмади Карим

Суми мармар, думи мухпар,
Пари кафтар, дави сарсар.
Миёне дастаи ханҷар,
Чӣ гардан, гардани духтар!
Аҷаб хушрӯю бозингар -
Гули Бодом!

Ба Волга бори аввал
Чун садои тӯп бишнидӣ,
Чу тори чанг ларзидӣ,
Садо кардӣ,
Нидо кардӣ,
Гули Бодом.

Даме ҷанги ҷаҳон
Бори гарони ин замин будӣ,
Фишанги оҳанин будӣ,
Ба Волга дар камин будӣ,
Ҳамеша зери зин будӣ,
Гули Бодом.

Зимистон, як саҳар
Монанди тире аз камон ҷастӣ,
Зи банди оҳанин растӣ,
Чу абру бод дар даште
Зи садҳо асп бигзаштӣ,
Гули Бодом.

Зи Волга то Калач он рӯз
Пешоҳанг мерафтӣ,
Нахустин ҷанг мерафтӣ,
Зи саҳрои ба хуни одамӣ
Гулранг мерафтӣ,
Гули Бодом.

Сипас чун Рахш майдонӣ
Шудӣ дар ҷанг беҳамто,
Чу тӯфон – ҳокими саҳро,
Басе шабҳо, ки душманро
Шабохун мезадӣ танҳо,
Гули Бодом!

Ба зери зин гузаштӣ
Се баҳору се зимистонро.
Гузаштӣ чӯли тафсонро,
Аёсу барфу боронро,
Гузаштӣ даври гардонро,
Гули Бодом.

Ба девори Брест имшаб
Ҷилаврез омадӣ, Бодом,
Арақрез омадӣ, Бодом,
Накарда хокро озурда,
Гулрез омадӣ, Бодом,
Ай Бодом!

Аз ин ҷо хок дигар шуд,
Дават гардам, парат гардам,
Сумат гардам, сарат гардам,
Кунун як зӯри дигар зан,
Чу соҳиб чокарат гардам,
Гули Бодом!

Бизан дар кӯчаҳои Аврупо
Бонги саодатро,
Бирон аз он асоратро!
Ба оби Висла мешӯям
Кунун чангу ғуборатро,
Гули Бодом.

Дави аспи ҳисорӣ,
Марди човандози хатлонӣ,
Замини сахти олмонӣ,
Ба сарҳо хашми яздонӣ,
Ба дилҳо меҳри инсонӣ,
Набуд ин роҳи осоне,
Гули Бодом!

Агар душман ба по бошад,
Зи рӯяш хез мекардӣ.
Агар афтода бошад, зер не,
Парҳез мекардӣ,
Аҷаб рафтори пандомез мекардӣ,
Гули Бодом.

Гули ман дар таҳи поят.
Кунун Одер мехобад,
Аҷаб ором метобад.
Такопӯи дилат ин ҷо
Даме ором меёбад,
Гули Бодом.

Ҳамин дам танк аз беша
Баногаҳ рӯ ба рӯ омад,
Нафасҳо дар гулӯ омад,
Кушод оташ, фитодӣ,
Хунат аз ҳар тори мӯ омад,
Гули Бодом.

Чу одам гиря кардӣ,
Чашм пӯшидию ларзидӣ,
Ҷаҳонро лолагун дидию
Хандидӣ
Маро ду пой бибридӣ,
Гули Бодом!

Кушо чашмони бодомӣ,
Бубин, дар пеш як дарё,
Бубин, дар пушт як дунё,
Бихез аз ҷо, бихез аз ҷо!
Намур, эй муждаи гулҳо, -
Гули Бодом!

Кушояд дар диёрат
Ин пагоҳӣ ғунчаи бодом…
Видоъ, эй ҷӯраи хушном!
Раҳи ман боз дар пеш аст,
Ту додӣ роҳро анҷом…
Гули Бодом,
Гули Бодом!

1966
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба