Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Шеърҳо

МЕҲРИ МОДАР

ОБ МЕХӮРАД…

ДӮСТАМ!

НА ҲУКМ, НА ҲИКМАТ…

СИТОРАҲОИ БУРҶИ КРЕМЛ

СИТОРАИ ЗАМИНИ МАН

БУЗУРГӢ ВА ХОКСОРӢ

ХОҲАРИ КУБА

ДУ ГУЛ

КАФШЕРИ МУҲАББАТ

ҶИЛВАГОҲИ ҲАҚИҚАТ

ҲУКМ БАР СИТОРА КУНЕМ

ҚИССАИ ЧАРХИ ФАЛАК

СОЛИ НАВ, МЕҲМОНИ НАВ

ДАР САФҲАИ ОФОҚ

САДДИ НАЗАР

ПИРИ ГУЛФУРӮШОН

КӮҲИ МАЪШУҚ

ИДИ БАХТ

БАШОРАТИ СУБҲ

ДИЛ МЕШАВАД

ОБАКИ ШӮХ

ОБИ ОТАШИН

БА МАНОЛЕС ГЛЕЗОС

ҲУСН

АҲСАНТ БА ОДАМ!

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

ШЕЪРИ ҚАЗОҚ

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ЛАФЗИ МОДАР

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ДУРРИ НОЁБ МЕЁБАД

ХОБИ ҚАҲРАМОН

ХАНДА КУН, ЭЙ ОСМОН!

ОБШОР

НАРАВ, ҚУИ САФЕДИ МАН!

ДАР ПАНОҲИ ШОХСОРОН

ЧАШМАИ САБОҲӢ

РАСМИ НОТАМОМ

ИСФАРА

ГУЛИ БОДОМ

ҚАТЛИ ВОСЕЪ

ДАВОМИ НЕК РОҲАТРО

МАНУ ШАБҲОИ БЕХОБӢ

ОБШОР

Эй обшор!
Оинаи беғубори ман,
Ёри замони кӯдакии беқарори ман,
Аз рӯзҳои рафта туӣ ёдгори ман.

Оҳангҳои кӯхнаро такрор мекунӣ,
Ёди бахобрафтаро бедор мекунӣ,
Рози маро ба лафзи худ изҳор мекунӣ.

Дорӣ ба ёд лаҳзае, он хуб манзаре,
К-омад ба об субҳдам он куртапарпарӣ,
Пои бараҳна рӯи гул он чӯҷаи парӣ?

Мӯи сиёҳ бар қади мавзун чу обшор,
Чашме чу чашмаи сафо, рӯе чу навбаҳор.
Қадде ба мисли шаршара ларзону беғубор.

Гулхандае мекарду гул дар об мефиканд,
Тифле ба об гавҳари ноёб мефиканд,
Сӯзе ба ҷони баччаи бетоб мефиканд.

Мерафту рангу равнақи гулзор мешикаст,
Меомаду аз омадаш хуммор мешикаст,
Лабташнагии ташнаи дидор мешикаст.

Он духтарак кӣ буд?
Нишоне зи хоҳарам,
Ё дар баҳори наврасӣ ӯ буд дилбарам?
Ё чун кабӯтари сафед ӯ буд ҳампарам?

Ҳар кас, ки буд,
Ӯ маро аз ҷон азиз буд,
Ҷонам зи ҷоми шарбати ӯ рез-рез буд.

Рӯзе, ки чун ду соҳили дарё ҷудо шудем,
Дарё садо намудаю мо бесадо шудем,
Дар торҳои шаршара ҳарду наво шудем,

Он лаҳзаҳои бебадал гӯё ба хоб рафт,
Умри азизи баччагӣ монанди об рафт,
Чун кабки рав фаромаду лекин шитоб рафт…

Эй обшор!
Боз биё дар канори ман,
Бинвоз он таронаро чун ёдгори ман,
Боре намой сурати он навбаҳори ман!

1965.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба