Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Шеърҳо

МЕҲРИ МОДАР

ОБ МЕХӮРАД…

ДӮСТАМ!

НА ҲУКМ, НА ҲИКМАТ…

СИТОРАҲОИ БУРҶИ КРЕМЛ

СИТОРАИ ЗАМИНИ МАН

БУЗУРГӢ ВА ХОКСОРӢ

ХОҲАРИ КУБА

ДУ ГУЛ

КАФШЕРИ МУҲАББАТ

ҶИЛВАГОҲИ ҲАҚИҚАТ

ҲУКМ БАР СИТОРА КУНЕМ

ҚИССАИ ЧАРХИ ФАЛАК

СОЛИ НАВ, МЕҲМОНИ НАВ

ДАР САФҲАИ ОФОҚ

САДДИ НАЗАР

ПИРИ ГУЛФУРӮШОН

КӮҲИ МАЪШУҚ

ИДИ БАХТ

БАШОРАТИ СУБҲ

ДИЛ МЕШАВАД

ОБАКИ ШӮХ

ОБИ ОТАШИН

БА МАНОЛЕС ГЛЕЗОС

ҲУСН

АҲСАНТ БА ОДАМ!

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

ШЕЪРИ ҚАЗОҚ

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ЛАФЗИ МОДАР

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ДУРРИ НОЁБ МЕЁБАД

ХОБИ ҚАҲРАМОН

ХАНДА КУН, ЭЙ ОСМОН!

ОБШОР

НАРАВ, ҚУИ САФЕДИ МАН!

ДАР ПАНОҲИ ШОХСОРОН

ЧАШМАИ САБОҲӢ

РАСМИ НОТАМОМ

ИСФАРА

ГУЛИ БОДОМ

ҚАТЛИ ВОСЕЪ

ДАВОМИ НЕК РОҲАТРО

МАНУ ШАБҲОИ БЕХОБӢ

СИТОРАҲОИ БУРҶИ КРЕМЛ



Фоли ин сол сарнагун омад,
Аз сари сол бӯи хун омад.

Наҳс гӯё ба хонадон афтод,
Душману дӯст дар гумон афтод.

Поку нопок бетафовут шуд,
Неку бад, ҳар ду рафт, нобуд шуд.

Буд оё қирони ахтарҳо,
Ё қирони ҳазорҳо сарҳо?

Дар ҳамин сол аз манораҳои Кремл,
Дар ҷило шуд ситораҳои Кремл.

Ахтари бахт номи онҳо шуд,
Васфашон аз ситора боло шуд…

Лек афтод ахтарон дар банд,
Пушти деворҳои сахту баланд.

Посбонон, ки бешумор шуданд,
Гирди девор ҳамчу хор шуданд.

Чекаи номдор дарбон шуд,
Баста дарҳои додхоҳон шуд.

Ҳамсафони Ленин дар паси дар,
Монд бо мандати даҳо музтар.

Шуд қабулгоҳи хоксори даҳо
Оқибат ҳамчу боргоҳи худо.

Менамуданд чанд ғайбатгар
Рафтуо дар миёни пайғамбар.

Хонаи халқ гашт қасри «малак»
Чархи таърих гашт чархи фалак.

Рафта-рафта макони кори Ленин
Дур шуд, дур шуд з-аҳли замин.

Рафта-рафта ситораҳои Кремл
Дур шуд аз манораҳои Кремл.

Ахтари бахт рафт аз сари мо
Дуртар аз ситораҳои само.

То фароянд ахтарон ба замин,
То ба мардум шаванд ёру қарин.

То ки онҳо ба пеши бар бошанд,
То ки онҳо ба мӯи сар бошанд.

То диҳӣ дастро, ба даст оянд,
То ишорат кунӣ, ба паст оянд.

То нишиниву рози дил гӯӣ,
То бигириву бахти кул ҷӯӣ.

Буд боре зарур дасти матин,
Қувваи осмону азми замин.

Буд лозим басо ситорашинос,
Санъи яздону суннати алмос.


1962.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба