Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Шеърҳо

МЕҲРИ МОДАР

ОБ МЕХӮРАД…

ДӮСТАМ!

НА ҲУКМ, НА ҲИКМАТ…

СИТОРАҲОИ БУРҶИ КРЕМЛ

СИТОРАИ ЗАМИНИ МАН

БУЗУРГӢ ВА ХОКСОРӢ

ХОҲАРИ КУБА

ДУ ГУЛ

КАФШЕРИ МУҲАББАТ

ҶИЛВАГОҲИ ҲАҚИҚАТ

ҲУКМ БАР СИТОРА КУНЕМ

ҚИССАИ ЧАРХИ ФАЛАК

СОЛИ НАВ, МЕҲМОНИ НАВ

ДАР САФҲАИ ОФОҚ

САДДИ НАЗАР

ПИРИ ГУЛФУРӮШОН

КӮҲИ МАЪШУҚ

ИДИ БАХТ

БАШОРАТИ СУБҲ

ДИЛ МЕШАВАД

ОБАКИ ШӮХ

ОБИ ОТАШИН

БА МАНОЛЕС ГЛЕЗОС

ҲУСН

АҲСАНТ БА ОДАМ!

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

ШЕЪРИ ҚАЗОҚ

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ЛАФЗИ МОДАР

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ДУРРИ НОЁБ МЕЁБАД

ХОБИ ҚАҲРАМОН

ХАНДА КУН, ЭЙ ОСМОН!

ОБШОР

НАРАВ, ҚУИ САФЕДИ МАН!

ДАР ПАНОҲИ ШОХСОРОН

ЧАШМАИ САБОҲӢ

РАСМИ НОТАМОМ

ИСФАРА

ГУЛИ БОДОМ

ҚАТЛИ ВОСЕЪ

ДАВОМИ НЕК РОҲАТРО

МАНУ ШАБҲОИ БЕХОБӢ

СИТОРАИ ЗАМИНИ МАН



Эҳдо ба Валентина Терешкова

Ҳамин замон
зи хоки ман,зи сарзамини поки ман
Парид духтари Ватан,
бигашт ахтари баланд
Ба авҷи осмони мо, фазои бекарони мо.
Ба ҷилва шуд, ба тоб шуд
Ситораи замини ман, замини нозанини ман,
Ситораи ҷаҳони ман, ҷаҳони ҷовидони ман.
Нигар, ки қалби кӯчакам бузург шуд, баланд шуд;
Баланд ҳамчу Каҳкашон,
Зи авҷи ту, зи боли ту, зи кори безаволи ту,
Ситораи замини ман, замини нозанини ман,
Ситораи ҷаҳони ман Ҷаҳони ҷовидони ман!
Куҷост ибтидои ман? Куҷост интиҳои ман?
Замин, ту ибтидои ман! Фазост интиҳои ман!
Ҳамин ду сатри тозаро, ҳамин ду сатри хосаро
Даме бигир дар барат, шавад даме баробарат,
Ситораи замини ман, замини нозанини ман,
Ситораи ҷаҳони ман, ҷаҳони ҷовидони ман!
Ба сӯи ту, ба рӯи ту, ба рӯи ҳамчу моҳи ту,
Ба кору обрӯи ту -баланд ҳамчу роҳи ту -
Чӣ чашмҳо, ки чор шуд, чӣ қалбҳо, ки ёр шуд.
Ситораи замини ман, замини нозанини ман.
Ситораи ҷаҳони ман, ҷаҳони ҷовидони ман.
Замин бувад паноҳи ту, замон бувад гувоҳи ту,
Ки дар фазои амният чу Зӯҳраӣ, чу Моҳӣ ту!
Биё, диёру ёри ту - ҳама дар интизори ту,
Ситораи замини ман, замини нозанини ман,
Ситораи ҷаҳони ман, ҷаҳони ҷовидони ман.


1962.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба