Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Шеърҳо

МЕҲРИ МОДАР

ОБ МЕХӮРАД…

ДӮСТАМ!

НА ҲУКМ, НА ҲИКМАТ…

СИТОРАҲОИ БУРҶИ КРЕМЛ

СИТОРАИ ЗАМИНИ МАН

БУЗУРГӢ ВА ХОКСОРӢ

ХОҲАРИ КУБА

ДУ ГУЛ

КАФШЕРИ МУҲАББАТ

ҶИЛВАГОҲИ ҲАҚИҚАТ

ҲУКМ БАР СИТОРА КУНЕМ

ҚИССАИ ЧАРХИ ФАЛАК

СОЛИ НАВ, МЕҲМОНИ НАВ

ДАР САФҲАИ ОФОҚ

САДДИ НАЗАР

ПИРИ ГУЛФУРӮШОН

КӮҲИ МАЪШУҚ

ИДИ БАХТ

БАШОРАТИ СУБҲ

ДИЛ МЕШАВАД

ОБАКИ ШӮХ

ОБИ ОТАШИН

БА МАНОЛЕС ГЛЕЗОС

ҲУСН

АҲСАНТ БА ОДАМ!

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

ШЕЪРИ ҚАЗОҚ

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ЛАФЗИ МОДАР

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ДУРРИ НОЁБ МЕЁБАД

ХОБИ ҚАҲРАМОН

ХАНДА КУН, ЭЙ ОСМОН!

ОБШОР

НАРАВ, ҚУИ САФЕДИ МАН!

ДАР ПАНОҲИ ШОХСОРОН

ЧАШМАИ САБОҲӢ

РАСМИ НОТАМОМ

ИСФАРА

ГУЛИ БОДОМ

ҚАТЛИ ВОСЕЪ

ДАВОМИ НЕК РОҲАТРО

МАНУ ШАБҲОИ БЕХОБӢ

СОЛИ НАВ, МЕҲМОНИ НАВ



Ин пагоҳӣ зи дарам тифлаки ширинрӯе
Ба даҳан ханда, ба дасташ гул, худ дилҷӯе,
Гашт ворид, к-аз он хонаи ман нур гирифт,
Чун хабар гуфт, дил аз муждаи он зӯр гирифт.
Гуфт бар ман, ки «Амак, ҳадяю тӯёна бидеҳ,
Ба ману ҳамраҳи ман ҷоІЂр ин хона бидеҳ.
Ман ба ин хонаи нав одами нав овардам,
Ҳам туро соҳиби як булбули гӯё кардам.
Ӯ дар он хонаи атфол ба хоби мастаст,
Модараш оинасон дида ба рӯяш бастаст…»
Зуд барҷастаму аз чеҳраи ӯ бӯсидам,
Кӯдаки симтани кишвари худро дидам.
Аз руху дидаи ӯ нури Ватан гашт аён,
Гӯӣ як олами иқбол дар он буд ниҳон.
Ҳастию ҷисми маро мавҷи гулафзой гирифт,
Дил ду-ним гашту дар он меҳри наве ҷой гирифт.
Сари навсабзи ман аз бахт ба афлок расид,
Ашки шодӣ бишукуфт, ғӯра шуду боз чакид.
Гуфтам: - Эй соли нав, эй муждарасонам, ҷонам
Нек-фарзанди диёрам, ватанам, давронам.
Ёру ҳамсоли ҷигаргӯшаи хобидаи ман,
Нек бодо қадамат, фарши раҳат дидаи ман!
Ту ба ин хонаи мо нуру зиё овардӣ,
Бахту иқболи наву умри бақо овардӣ.
Аз ту ин аст муродам, ки дар ин ҷо бошӣ,
Ҳомию ҳамнафаси хурдакаки мо бошӣ.
Неъматаш бахш, ки ӯ бозӣ кунад, ноз кунад,
Қуввату болу параш бахш, ки парвоз кунад!



1958.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба