Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Шеърҳо

МЕҲРИ МОДАР

ОБ МЕХӮРАД…

ДӮСТАМ!

НА ҲУКМ, НА ҲИКМАТ…

СИТОРАҲОИ БУРҶИ КРЕМЛ

СИТОРАИ ЗАМИНИ МАН

БУЗУРГӢ ВА ХОКСОРӢ

ХОҲАРИ КУБА

ДУ ГУЛ

КАФШЕРИ МУҲАББАТ

ҶИЛВАГОҲИ ҲАҚИҚАТ

ҲУКМ БАР СИТОРА КУНЕМ

ҚИССАИ ЧАРХИ ФАЛАК

СОЛИ НАВ, МЕҲМОНИ НАВ

ДАР САФҲАИ ОФОҚ

САДДИ НАЗАР

ПИРИ ГУЛФУРӮШОН

КӮҲИ МАЪШУҚ

ИДИ БАХТ

БАШОРАТИ СУБҲ

ДИЛ МЕШАВАД

ОБАКИ ШӮХ

ОБИ ОТАШИН

БА МАНОЛЕС ГЛЕЗОС

ҲУСН

АҲСАНТ БА ОДАМ!

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

ШЕЪРИ ҚАЗОҚ

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ЛАФЗИ МОДАР

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ДУРРИ НОЁБ МЕЁБАД

ХОБИ ҚАҲРАМОН

ХАНДА КУН, ЭЙ ОСМОН!

ОБШОР

НАРАВ, ҚУИ САФЕДИ МАН!

ДАР ПАНОҲИ ШОХСОРОН

ЧАШМАИ САБОҲӢ

РАСМИ НОТАМОМ

ИСФАРА

ГУЛИ БОДОМ

ҚАТЛИ ВОСЕЪ

ДАВОМИ НЕК РОҲАТРО

МАНУ ШАБҲОИ БЕХОБӢ

ХОБИ ҚАҲРАМОН

Ба хотири Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Тӯйчӣ Эрйигитов

Лашкари омода бар ҷанги шадид
Ҳамчу як дил гашт, - Майдон метапид,
Дар камин,дар синаи дашти кушод,
Дар замин дилҳои инсон метапид.

Мушаки сабзе баромад дар ҳаво,
Нақшае бигзошт чун тиру камон,
Хест лашкар.Аскарони сабзпӯш
Аз камин ҷастанд чун тири парон.

Ногаҳон чун хандаҳои Аҳриман -
Аз пулемёте садо омад ба гӯш,
Боз яксон гашт аскар бо замин,
Монд гӯё мавҷи дарёе зи ҷӯш.

Лаҳзаи паймудани паймон расид,
Фурсати санҷидани виҷдон расид,
Лаҳзае, ки ҷавҳари ҷони шуҷоъ
Мешавад чун ханҷари урён, расид.

Тоҷики навхат иҷозат хост, хест,
Аз паи санҷидани тақдир рафт,
Рафт пинҳон, гранат андохт, дид:
Барабас ин чораю тадбир рафт.

Дид ҷуз як чора дигар чора нест,
Шуд ба чашмаш қатраи ашке шарар.
Ёди модар, ёди кишвар кард, хест,
Шуд ба ҷони ӯ ҷавонмардӣ сипар.

Дар қафояш лашкари дар хоку хун,
Сад ҳазорон чашмҳои интизор,
Дар хаёлаш модари танҳои ӯ,
Модари то рӯзи тӯяш чашмдор.

Пеши рӯяш як сурохи тангу тор,
Медурахшад з-он ду чашми шӯълабор,
Тангии чашмаш чу чашмони фашизм,
Шӯълаҳояш - тир, тири заҳрдор.

Тангии фурсат ва ширинии ҷон,
Марги наздику ҳаёти ҷовидон,
Нафрати душман, умеди дӯстон
Аз дилаш бигзашт ногаҳ барқсон:

«Хайр, эй ояндаи нодидаам,
Хайр, ишқи поки новарзидаам,
Ишқи яктое, ки дар тафсири ман
Аввалаш модар буд, охираш - Ватан!»

Ин суханҳо як дам аз ёдаш гузашт,
Ҷаст, худро роҳбанди тир кард.
Баҳри лашкар синаи ӯ шуд сипар,
Мардиро то нуқтаи охир кард.

Бар димоғаш мезанад бӯи замин,
Бӯи райҳон, бӯи гулҳои баҳор,
Рафту рӯи сабзаи тар хоб рафт
Дар таги токе канори ҷӯйбор…»

Хоби ӯ онқадр ширин будааст,
Ки намеояд сифоташ бар забон,
Ӯ нашуд бедор з-ин хоби гарон,
Буд ин хоби муқаддас ҷовидон…
1964.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба