Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Созҳои Шероз

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

ТАХТИ ҶАМШЕД

ЗОИНДАРӮД

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

МАРО ГУФТ}О:БИЁ ШЕРОЗ – ПОЙАНДОЗ

СУРУДИ ОХИРИН

ЁД

РАИС

ИДГОҲ

ХИЁБОНИ ИҚБОЛ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

РӮЗГОРОНИ БАЛАНД

ХУМБОВ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ХУНИ БАҲОРОН

ШАҲРИ ДИЛ

ЗИЛЗИЛА

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

НАСИМИ ФОРСӢ

ШИКАСТ

МИРИ ШИКОР

ОЯД

ХУШ ОМАДӢ

БИЁ

НАМЕРАСАД

БИГИРЯМ

ЛОФИ ВАТАН

КИ МАСЪУД ЗОДАСТ ЧАРХИ БАРИНАШ

ТАРҲИ ЗОБУЛ

КАТИБАИ КУРУШИ КАБИР

МАҶОЗОТИ ҶАМШЕД

ОЛАМ ҒАЗАЛОМЕЗ ШУД

ДАР СУГВОРИИ УСТОД ОСИМӢ

ТО РУСТАМИ ЗАМОНА

НАХЛ МЕГИРЯД

ВАТАН

ЯК ЧАМАН СУХАН

ДУБАЙТИҲО

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

НАВРӮЗИИ ПАНҶРУД

РУБОИЁТ

САБЗМОҲ

ХАМӮШӢ

ХУНИ БАҲОРОН

center> ХУНИ БАҲОРОН
Баҳорон сабз дидам теппаи сабзи шаҳидонро,
Шунидам аз нумӯи сабзаҳо набзи шаҳидонро.
Сукути пур зи овое, дами симобсимое,
Зи маҳди хокдон ояд садои тифлу лолоӣ:
«Ба ҷанги рӯ ба рӯю тан ба тан мурдан ҳунар бошад,
Ба роҳи ҳақ зи тири ноҳақе мурдан зафар бошад.
Барои Инқилоби Савр размидем мардона,
Аҷаб тире, ки мо хӯрда, на аз пешона, аз шона.
Аҷаб обе, ки мо хӯрдем заҳрогин,
Аҷаб хобе, ки мо бурдем бо таскин.
Аҷаб ёре, ки аз рӯзи азал ағёри мо будаст,
Чӣ хунхоре, ки дар пайкор пушти кори мо будаст.
Ва мо ин марзи хоболударо кардем хуш бедор,
Ва мо кардем ин ҷомеаро яктову чорафзор.
Ва мо дар торҳои рангаи рангинкамони дил,
Кашида бори сангинро ба сӯи манзили одил.
Ба майдон пеш мерафтем бо гармӣ,
Таассуб аз қафо мерафт бо нармӣ.
Ва тири барқи хашмолудаи хандону гирёнаш,
Ҳамезад аз қафо бар шонаи мо оҳи бирёнаш.
Набудӣ чун сипар аз пушт,
зеро раҳсипар будем,

Зи некӣ бохабар ё аз бади худ бехабар будем.
Ҳама мурдем бо марги Сиёвушӣ,
Ҳама хунинкафан рафтем, парҳез аз сияҳпӯшӣ!
Зи дасти Аҳриман мо куштаи дасти падар гаштем,
Сипар буд офтобу дар ғурубаш бесипар гаштем».
Азизони ҳама олам, шаҳидони ҳамин олам,
Шумо рафтед он ҷое, ки танҳо мерасад одам,
Ҳамон ҷое, ки одам мераҳад аз ҷавшани сурат,
Ҳамон ҷое, ки одам меҷаҳад аз тавсани сурат.
Ҳамон водӣ, ки рӯҳи якраҳи инсон
Ба марзи ҷовидонӣ мешавад яксон.


Шумо чун пешкори лашкари рӯҳу равон рафтед,
Ба истиқболи фардо бо замину бо замон рафтед.
Ва меояд ба истиқболатон фардои нуронӣ,
Ва меояд ба истиқболатон фардои инсонӣ…
1982.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба