Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Созҳои Шероз

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

ТАХТИ ҶАМШЕД

ЗОИНДАРӮД

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

МАРО ГУФТ}О:БИЁ ШЕРОЗ – ПОЙАНДОЗ

СУРУДИ ОХИРИН

ЁД

РАИС

ИДГОҲ

ХИЁБОНИ ИҚБОЛ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

РӮЗГОРОНИ БАЛАНД

ХУМБОВ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ХУНИ БАҲОРОН

ШАҲРИ ДИЛ

ЗИЛЗИЛА

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

НАСИМИ ФОРСӢ

ШИКАСТ

МИРИ ШИКОР

ОЯД

ХУШ ОМАДӢ

БИЁ

НАМЕРАСАД

БИГИРЯМ

ЛОФИ ВАТАН

КИ МАСЪУД ЗОДАСТ ЧАРХИ БАРИНАШ

ТАРҲИ ЗОБУЛ

КАТИБАИ КУРУШИ КАБИР

МАҶОЗОТИ ҶАМШЕД

ОЛАМ ҒАЗАЛОМЕЗ ШУД

ДАР СУГВОРИИ УСТОД ОСИМӢ

ТО РУСТАМИ ЗАМОНА

НАХЛ МЕГИРЯД

ВАТАН

ЯК ЧАМАН СУХАН

ДУБАЙТИҲО

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

НАВРӮЗИИ ПАНҶРУД

РУБОИЁТ

САБЗМОҲ

ХАМӮШӢ

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

Ба ёд,
Ёди ғарибони дар ватан мурда,
Ба ёдбуди шаҳидони бекафан мурда,
Ба ёди зиндадилу зиндаҷони танмурда…

Даме, ки хест зану мард, мардхез шудӣ,
Зи мили чашми камон ашку барқрез шудӣ,
Магар ки хасм самум аст? Баргрез шудӣ…

Ба он, ки аз ҳама ҷонро бигирад Азроил,
Касе нагуфту нагӯяд чаро варо қотил?
Чӣ воҷибест, ки зояд ҳазорҳо ботил!

Сипоҳбуд набудат, худат сипаҳ будӣ,
Зиреҳи танк зи пешу қафо гираҳ будӣ:
Гиреҳи хешу табору гиреҳи меҳри диёр,
Азоби кандани реша зи хок айни баҳор,
Зи ҳам гусастани пайвандҳои силсиладор.

Зи чанг то наравад шаҳр, хун нохун шуд,
Зи шаҳр мурдаю зинда валек берун шуд,
Ҷиболи Шайх зи лолӣ чу лола гулгун шуд.

Ба шаҳри холӣ яке ҳамлаи дигар сар шуд,
Нишони тӯп чи хона чи нахли пурбар шуд,
Қунейтра ба замини худо баробар шуд.

Куҷост нури таҷаллӣ, баландии Ҷувлон,
Чӣ сарбаланд будӣ, ҳон ба хоку хун яксон;
Ба рӯю мӯи сафеду ба домани авлон.

Ба ҷои нури худо бар сари ту, эй Ҷувлон,
Баланд хеста родар – бародари шайтон,
Ба зери чашму самоаш гирифта ин майдон…

Даме бишин ба ду зону ба пои мурдаи шаҳр,
Ту баҳри мурда чӣ ҷӯӣ, нигар ба мурдаи баҳр!
Чӣ кинаҳост ниҳон дар ҳарими синаи даҳр…

1985.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба