Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Созҳои Шероз

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

ТАХТИ ҶАМШЕД

ЗОИНДАРӮД

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

МАРО ГУФТ}О:БИЁ ШЕРОЗ – ПОЙАНДОЗ

СУРУДИ ОХИРИН

ЁД

РАИС

ИДГОҲ

ХИЁБОНИ ИҚБОЛ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

РӮЗГОРОНИ БАЛАНД

ХУМБОВ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ХУНИ БАҲОРОН

ШАҲРИ ДИЛ

ЗИЛЗИЛА

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

НАСИМИ ФОРСӢ

ШИКАСТ

МИРИ ШИКОР

ОЯД

ХУШ ОМАДӢ

БИЁ

НАМЕРАСАД

БИГИРЯМ

ЛОФИ ВАТАН

КИ МАСЪУД ЗОДАСТ ЧАРХИ БАРИНАШ

ТАРҲИ ЗОБУЛ

КАТИБАИ КУРУШИ КАБИР

МАҶОЗОТИ ҶАМШЕД

ОЛАМ ҒАЗАЛОМЕЗ ШУД

ДАР СУГВОРИИ УСТОД ОСИМӢ

ТО РУСТАМИ ЗАМОНА

НАХЛ МЕГИРЯД

ВАТАН

ЯК ЧАМАН СУХАН

ДУБАЙТИҲО

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

НАВРӮЗИИ ПАНҶРУД

РУБОИЁТ

САБЗМОҲ

ХАМӮШӢ

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

Мерасад аз ин хамӯшиҳо садои занг…занг…
Меравад аз хотири мардум ҷафои ҷанг…ҷанг…
Сар ниҳода ғижаки Мотсарт бар дӯшаш хамӯш,
Гар биҷунбонад камонакро, ҷаҳон ояд ба ҷӯш.
Гӯши Бетховен гарону дар самоъи Олам аст,
Нолаҳои арғунун фарёди ҷони одам аст.
Бах ба санги хора ғунҷида, нағунҷад ҷони ӯ,
На даруни қолаби хоку на дар кайҳони ӯ.
Ҷангали сарсабз бо анфосу атри сабзи ӯ,
Метапад гирди худои Валс, зери набзи ӯ…
Зери ҳайкалҳои сангин ҷисми шоҳон хуфтааст,
Пайкари ҷанговарону сулҳхоҳон хуфтааст,
Ҷисми доим пургуноҳу бегуноҳон хуфтааст…
Додгар, бедодгар, ҳам додхоҳон хуфтааст…
Чор саҷда бар ҳарими хоки мардони ҳунар,
Ки ба ҷанги неку бад карданд то ин ҷо зафар.
Саҷда бар хоки ғарибону қарибони Ватан,
Ки ба нақди ҷон харида ҷону виҷдони Ватан,
Ин замини сабзро аз болу чанголи сиёҳ,
Пок карда ончунон ки монд як холи сиёҳ,
Пок карда ин сиёҳиро ба хуни арғувон,
Бо сари сабзу хати сабзу ба нирӯи ҷавон.
Мурдан аз баҳри Ватан ҷонро ба ҷонон додан аст,
Ғояти мардӣ - барои дигарон ҷон додан аст.
Шуд ба хоки ин ғарибон хандаи гул хандасор
То даме бишнид аз зан нолаҳои зор-зор;
«Дар куҷо манзил гирифтӣ, хонаи ободи ман,
Оҳ аз ин дурӣ, ки нашнидӣ даме фарёди ман.
Хам зад аз бетакягоҳӣ қомати шамшоди ман,
Мард шуд бо ёди рӯят кӯдаки навзоди ман.
Во Муллоҷони азизам, эй Назири беназир,
Ту ба ёди мо ҷавонӣ, мо ҳама гаштем пир.
Пир шуд шогирдҳоят, ту ҷавон астӣ, ҷавон,
Пир шуд боғи ниҳолат, ту ҳамон астӣ, ҳамон…»
Нолаи зан гашт гӯё номаи адворҳо,
Нӯшдору ёфт Мотсарт гӯӣ аз озорҳо,
Ӯ камонакро кашид оҳиста рӯи торҳо:
Дар миёни хуфтагон дидам аҷаб бедорҳо,
Савти эҳёӣ баровард аз дилам фарёдҳо,
Рафт акси ин садо то обҳо, то бодҳо:
Рез-рез… аз авҷхезаш ин фазо лабрез шуд,
Аз гурези нолааш мавҷи дамодам тез шуд.
Модари ҷон, дар мақоми савти эҳёӣ бихез,
- Оташи ҷовид месӯзад, бар он ашке марез!
Баъд аз ин дарро кушо, эй посбон, эй боғбон,
Посдори рӯҳи Инсон аст ин ҷо посбон.

1977.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба