Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Созҳои Шероз

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

ТАХТИ ҶАМШЕД

ЗОИНДАРӮД

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

МАРО ГУФТ}О:БИЁ ШЕРОЗ – ПОЙАНДОЗ

СУРУДИ ОХИРИН

ЁД

РАИС

ИДГОҲ

ХИЁБОНИ ИҚБОЛ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

РӮЗГОРОНИ БАЛАНД

ХУМБОВ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ХУНИ БАҲОРОН

ШАҲРИ ДИЛ

ЗИЛЗИЛА

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

НАСИМИ ФОРСӢ

ШИКАСТ

МИРИ ШИКОР

ОЯД

ХУШ ОМАДӢ

БИЁ

НАМЕРАСАД

БИГИРЯМ

ЛОФИ ВАТАН

КИ МАСЪУД ЗОДАСТ ЧАРХИ БАРИНАШ

ТАРҲИ ЗОБУЛ

КАТИБАИ КУРУШИ КАБИР

МАҶОЗОТИ ҶАМШЕД

ОЛАМ ҒАЗАЛОМЕЗ ШУД

ДАР СУГВОРИИ УСТОД ОСИМӢ

ТО РУСТАМИ ЗАМОНА

НАХЛ МЕГИРЯД

ВАТАН

ЯК ЧАМАН СУХАН

ДУБАЙТИҲО

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

НАВРӮЗИИ ПАНҶРУД

РУБОИЁТ

САБЗМОҲ

ХАМӮШӢ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

Мардҳо дар размҳои марзбонӣ мурдаанд,
Модарон дар ҷангҳои меҳрубонӣ мурдаанд,
Душманон аз хештан в-аз дигарон ҷон бурдаанд,
Тифлҳои зору ҳайрон мондаанд.

Тифлҳои монда рӯи ҷисми сарди модарон,
Дар миёни шӯълазору сангари размоварон,
Аз канори модарон дар сарзамини бекарон…

Монда онҳо интизори сарпарасте, ёваре,
Шӯрбахтон роҳпои модари бахтоваре,
Додхоҳони ҷавон дар интизори доваре.

Халқ довар гашт, лекин додхоҳон безабон,
Ҳарфи онҳо рафта будӣ бо фиғон дар осмон,
Бо забони ҳол мекарданд рози худ баён.

Боз меҷустанд аз дашту даман фарёди худ,
Тоза мекарданд аз хуни шаҳидон ёди худ,
Зинда мекарданд дар афсонаҳо аҷдоди худ.

Парваришгоҳи Ватан бар оҳи онҳо гӯш кард,
Мисли як фарзанд садҳо тифлро оғӯш кард,
Гиряи рӯзу шабонро бо сухан хомӯш кард.

Кӯдаки навзодро чун фарди нав эҷод кард,
Наврасонро аз ғаму бори алам озод кард,
Дар дили онҳо басо вайронаро обод кард.

Ман шунидам ҳарфи онҳоро, ки буд ҳарфи Ватан,
Ман бидидам: ваҳдати онҳост мисли ҷону тан,
Модари маҳбуби онҳо - хоҳари маҳбуби ман.

1982.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба