Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Созҳои Шероз

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

ТАХТИ ҶАМШЕД

ЗОИНДАРӮД

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

МАРО ГУФТ}О:БИЁ ШЕРОЗ – ПОЙАНДОЗ

СУРУДИ ОХИРИН

ЁД

РАИС

ИДГОҲ

ХИЁБОНИ ИҚБОЛ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

РӮЗГОРОНИ БАЛАНД

ХУМБОВ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ХУНИ БАҲОРОН

ШАҲРИ ДИЛ

ЗИЛЗИЛА

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

НАСИМИ ФОРСӢ

ШИКАСТ

МИРИ ШИКОР

ОЯД

ХУШ ОМАДӢ

БИЁ

НАМЕРАСАД

БИГИРЯМ

ЛОФИ ВАТАН

КИ МАСЪУД ЗОДАСТ ЧАРХИ БАРИНАШ

ТАРҲИ ЗОБУЛ

КАТИБАИ КУРУШИ КАБИР

МАҶОЗОТИ ҶАМШЕД

ОЛАМ ҒАЗАЛОМЕЗ ШУД

ДАР СУГВОРИИ УСТОД ОСИМӢ

ТО РУСТАМИ ЗАМОНА

НАХЛ МЕГИРЯД

ВАТАН

ЯК ЧАМАН СУХАН

ДУБАЙТИҲО

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

НАВРӮЗИИ ПАНҶРУД

РУБОИЁТ

САБЗМОҲ

ХАМӮШӢ

РУБОИЁТ

Моем ниҳода сина бар синаи санг,
Ҷӯем таҷаллие зи оинаи санг;
Мо санг шудему санги мо об нашуд,
Аз меҳри гияҳ амону аз кинаи санг.


Роҳе, ки зи коми аждаҳо мегузарад,
Аз он дами субҳидам даҳо мегузарад.
Зоди сафараш ниҳода дар мулки Шикай,
Аз раҳгузараш оби бақо мегузарад.


Дар Девдара парӣ надидаст касе,
Аз нахли мурод бар начидаст касе,
Бо фотиҳа бигзашта аз ин ҷой ҳаме
Бо қатра зи Обчак чакидаст касе.


Афтид асо ба обу шаҳпул нашуд,
Умру самараш ба қадри каҷкул нашуд,
Гар роҳ набуд, мо ҳама роҳ шудем,
Чун ҳосили умри рафта маҳсул нашуд.


Аз марҳалае ба ном Оллоҳ Акбар
Моро бирасон ба сӯи чархи ахзар,
Омад ҳадасе, ки солики роҳгузар,
Аз чоҳ бурун омадӣ, аз моҳ гузар.


Ин роҳи ҳақиқат аст, афсона куҷост,
Ҷон дар кафи дасти мост, ҷонона куҷост?
Як умр дар ин ҷода иморат кардем,
Паймон ки ба дасти мост, паймона куҷост?


Дар кӯҳи Камарбанд камар боз макун,
Дар зери самои танг парвоз макун.
Уммеди Зиғар расиданатро чӣ бурӣ,
Дар нимараҳӣ, раҳи нав оғоз макун!


Роҳе ки ба бедорӣ чу дар хоб гузашт,
Аз пули Ниёбу оби пуртоб гузашт,
Ин пул бувад, бори худо, об куҷост?
Бояд, ки ҳам аз пулу ҳам аз об гузашт.


Меъмори азал аҷаб раҳе сохтааст,
Меъмори наве тарҳи нав андохтааст,
Дар рӯи замин раҳи яқин аст, биё,
Меъмор чу кӯҳ қомат афрохтааст.

2005
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба