Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Созҳои Шероз

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

ТАХТИ ҶАМШЕД

ЗОИНДАРӮД

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

МАРО ГУФТ}О:БИЁ ШЕРОЗ – ПОЙАНДОЗ

СУРУДИ ОХИРИН

ЁД

РАИС

ИДГОҲ

ХИЁБОНИ ИҚБОЛ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

РӮЗГОРОНИ БАЛАНД

ХУМБОВ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ХУНИ БАҲОРОН

ШАҲРИ ДИЛ

ЗИЛЗИЛА

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

НАСИМИ ФОРСӢ

ШИКАСТ

МИРИ ШИКОР

ОЯД

ХУШ ОМАДӢ

БИЁ

НАМЕРАСАД

БИГИРЯМ

ЛОФИ ВАТАН

КИ МАСЪУД ЗОДАСТ ЧАРХИ БАРИНАШ

ТАРҲИ ЗОБУЛ

КАТИБАИ КУРУШИ КАБИР

МАҶОЗОТИ ҶАМШЕД

ОЛАМ ҒАЗАЛОМЕЗ ШУД

ДАР СУГВОРИИ УСТОД ОСИМӢ

ТО РУСТАМИ ЗАМОНА

НАХЛ МЕГИРЯД

ВАТАН

ЯК ЧАМАН СУХАН

ДУБАЙТИҲО

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

НАВРӮЗИИ ПАНҶРУД

РУБОИЁТ

САБЗМОҲ

ХАМӮШӢ

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

Саҳар аз хилвати худ меравам берун,
Маро ҳар субҳ чашмат мекунад афсун.
Чӣ чашме, чашмаи Дарвоз ё Шероз,
Ба ман гӯяд сухан бо ноз, беовоз.

Ба по кафши фарангӣ, бар сарат чодар,
Ба зери мавҷи мушкин мечамад пайкар,
Чу сеҳри панҷаи бутгар,
Чу меҳри зиндаи модар,
Чу ҷони одамӣ дар ҳайкали мармар.

Забон як, достон як, рӯю мӯ-якранг,
Ба чашми ҷавҳарӣ ҳастем аз як санг,
Ба рӯят субҳи рӯи хеш мебинам,
Ба мӯят ранги мӯи хеш мебинам.

Ту дар ман чун ба асли худ нигоҳ кардӣ,
Ки сӯям чодаратро нимво кардӣ.
Ва як дам рӯ ба рӯям лол истодӣ,
Қарибу дур чун иқбол истодӣ.

Ҳамехоҳам барорам моҳро аз пардаи мушкин
Ва хуни ҳамчу лаъламро диҳам кобин.
Ва дастам меравад чун панҷаи хуршед,
Ки созам субҳи чодарпӯшро испед.

Ба як имо фитад аз рӯи маҳ чодар,
Вале гирад зи дастам дасти афсунгар,
Шавад дасти дарозам аз қазо кӯтоҳ,
Туро бишнохтам, эй панҷаи гиро!

Чаро гаштӣ ба ин майхона чун зоҳид,
Ту бетаклифу рухсатномае ворид?
Гусастӣ торҳои васлу пайвандам,
Ба чашми масти мастурат назарбандам!

1971.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба