Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Созҳои Шероз

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

ТАХТИ ҶАМШЕД

ЗОИНДАРӮД

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

МАРО ГУФТ}О:БИЁ ШЕРОЗ – ПОЙАНДОЗ

СУРУДИ ОХИРИН

ЁД

РАИС

ИДГОҲ

ХИЁБОНИ ИҚБОЛ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

РӮЗГОРОНИ БАЛАНД

ХУМБОВ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ХУНИ БАҲОРОН

ШАҲРИ ДИЛ

ЗИЛЗИЛА

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

НАСИМИ ФОРСӢ

ШИКАСТ

МИРИ ШИКОР

ОЯД

ХУШ ОМАДӢ

БИЁ

НАМЕРАСАД

БИГИРЯМ

ЛОФИ ВАТАН

КИ МАСЪУД ЗОДАСТ ЧАРХИ БАРИНАШ

ТАРҲИ ЗОБУЛ

КАТИБАИ КУРУШИ КАБИР

МАҶОЗОТИ ҶАМШЕД

ОЛАМ ҒАЗАЛОМЕЗ ШУД

ДАР СУГВОРИИ УСТОД ОСИМӢ

ТО РУСТАМИ ЗАМОНА

НАХЛ МЕГИРЯД

ВАТАН

ЯК ЧАМАН СУХАН

ДУБАЙТИҲО

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

НАВРӮЗИИ ПАНҶРУД

РУБОИЁТ

САБЗМОҲ

ХАМӮШӢ

ШАҲРИ ДИЛ

ШАҲРИ ДИЛ

Дар замини дӯстии мо бирӯяд шаҳрҳо,
Дар замири дӯстии мо биғунҷад баҳрҳо,
Аз дили дарёи мо ҷорист рӯду наҳрҳо.

Дар фазои дӯстии мо кабӯтар парфишон,
Дар паноҳи дӯстии мо Зарафшон зарфишон,
Меравад Ҷайҳун ба ранги осмон ахтарфишон.

Мо, ки ҳамҷонем, бо як шеъри тар дил бастаем,
Мо ба як рӯи накӯе абрӯи пайвастаем,
Аҳди ёриро ба тӯли қарнҳо нашкастаем.

Гар набошад дӯстии мо, мабодо рӯдҳо,
Гар набошад оташи дилҳо, чи суд аз дудҳо,
Баҳри ҳамосудагӣ бигзаштаем аз судҳо.

Зери як гунбад сареву сарпаноҳе доштем,
Сӯи ахтарҳо ду чашму як нигоҳе доштем,
Пояе то чарх аз «пои расад» афроштем.
Тошканди пирро бинам ҷавонмарди аҷиб,
Халқҳоро мекунад бо ҷону бо дилҳо қариб,
Нест дар шаҳри дили мо ҳеҷ кас асло ғариб.

Осиёву Африқо ғунҷид дар шаҳри дилам,
Баҳрҳову рӯдҳо ғунҷид дар баҳри дилам,
Оби раҳмат мебарояд боз аз қаъри дилам.

1983.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба