Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Созҳои Шероз

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

ТАХТИ ҶАМШЕД

ЗОИНДАРӮД

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

МАРО ГУФТ}О:БИЁ ШЕРОЗ – ПОЙАНДОЗ

СУРУДИ ОХИРИН

ЁД

РАИС

ИДГОҲ

ХИЁБОНИ ИҚБОЛ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

РӮЗГОРОНИ БАЛАНД

ХУМБОВ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ХУНИ БАҲОРОН

ШАҲРИ ДИЛ

ЗИЛЗИЛА

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

НАСИМИ ФОРСӢ

ШИКАСТ

МИРИ ШИКОР

ОЯД

ХУШ ОМАДӢ

БИЁ

НАМЕРАСАД

БИГИРЯМ

ЛОФИ ВАТАН

КИ МАСЪУД ЗОДАСТ ЧАРХИ БАРИНАШ

ТАРҲИ ЗОБУЛ

КАТИБАИ КУРУШИ КАБИР

МАҶОЗОТИ ҶАМШЕД

ОЛАМ ҒАЗАЛОМЕЗ ШУД

ДАР СУГВОРИИ УСТОД ОСИМӢ

ТО РУСТАМИ ЗАМОНА

НАХЛ МЕГИРЯД

ВАТАН

ЯК ЧАМАН СУХАН

ДУБАЙТИҲО

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

НАВРӮЗИИ ПАНҶРУД

РУБОИЁТ

САБЗМОҲ

ХАМӮШӢ

ЁД

ЁД

Барои акои Анвар

То номаи сиёҳи ту омад ба номи ман,
То хати ҷанг тира шуд роҳи паёми ман.
Пайроҳае, ки сӯи ту мебурд, кӯр шуд,
Сарчашмае, ки таъми туро дошт, шӯр шуд.
Дар назди чор хоҳари гирёну музтарам.
Кардам сафед номаро чун мӯи модарам.
Гуфтам сафед номаро, фолам сафед шуд,
Пайғоми охирини ту ногаҳ навид шуд
Омад хабар, ки омадӣ, бе чопар омадӣ,
Сарвақти худ расидию аз дар даромадӣ.
Чун роҳи рафту омадат роҳи дароз буд,
Дарвоза чун кушодани дунёи роз буд…
Бахти баланд - сурати қади баланди ту,
Фарёди бахт - шиҳаи аспи саманди ту.
Дар остона хам шудӣ, кошона паст буд,
Баҳри саодате, ки туро сарпараст буд.
Захме ба тоҷгоҳи ту дидам чу моҳи нав,
Бар номаи сиёҳи ту дидам гувоҳи нав.
Дар ҷабҳаат нишонаи қоши дугона буд,
Дар синаат ситорае аз нордона буд…
Эй посбони умри ман, эй осмони ман,
Эй қаҳрамони зиндаи ҳар достони ман,
Захми сари баланди ту шуд сарнавишти ман,
Моҳу ситора медамад шабҳо зи кишти ман!
Сарбози пири ман,
Оғози шеъри ман!
Ҳар бор шиква мекунӣ аз дарди нимсар,
Аммо чӣ чора, аз он ҷанги пурасар
Ними замину ними замон дард мекашад,
Сайёра давр мезанаду дард мекашад.

1973.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба