http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Зиндагиномаи Ҳофизи Шерозӣ

Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ соли 1321 дар шаҳри Шероз, ки даҳҳо адибони забардаст аз хоки он хестанд, ба дуне омада, тамоми умр дар он ҷо зистааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад ва тахаллусаш Ҳофиз аст. Сабаби “Ҳофиз’’ тахаллус гирифтани шоир он аст, ки у Қуръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ онро тиловат мекард. Бобои Ҳофиз, ки аз Купо ном музофоти Исфаҳон буд, ҳангоми ҷавонии падари Ҳофиз ба Шероз мекӯчад ва дар он ҷо иқомат ихтиёр мекунад. Падари Ҳофиз, ки Баҳоуддин ном дошт, дар Шероз ба касби тиҷорат машғул буд. Модари ӯ аз аҳли Козрун буд. Зиндагии осоишта дар хонадони Ҳофиз дер напоид. Ҳануз дар вақти тифл будани Ҳофиз падари ҷавони ӯ аз олам гузашт. Аз ӯ чанд фарзанди хурдсол ятим монданд. Дар андак вақт мероси гузоштаи падари Ҳофиз тамом шуд. Бародарони ӯ ба ҷустуҷуи лукмаи ноне ба ҳар тараф рафтанд. Ҳофиз, ки дар байни онхо аз ҳама хурд буд, бо модараш дар Шероз монд. Модар фарзанди худро аз хӯроку пӯшок таъмин карда натавониста, ӯро ба дари сарватманде ба хидмат дод. Ҳофиз баъд аз чанде ба хидмати нонвои ба шогирди истод ва касби хамиргариро пешаи худ сохт. Касби Ҳофизи хурдсол басе вазнин ва тоқатфарсо буд. Ӯ аз нимаи шаб то субҳ хамир мекард ва музди ба даст овардаашро ба чаҳор ҳисса тақсим мекард; як ҳиссаи онро ба модараш медод, як ҳиссаро худаш сарф мекард ва як ҳиссаи дигарро ба мактабдор дода, рузона дар мактаби ӯ мехонд. Чоряки боқимондаро ба бечорагон хайр мекард. Дар мактаб Ҳофиз истеъдоди фавқулоддаи фитри зоҳир намуда, Куръонро зуд аз ёд кард ва хондану навиштанро низ ба хуби омухт. Дар маҳаллае, ки Ҳофиз мезист, дуконе буд, ки он ҷо аҳли адаб ҷамъ шуда, муошира ва базми сухан меоростанд. Ҳофиз низ гоҳ-гоҳе аз он маҳфил файз гирифта, ба машқи шеър оғоз кард. Лекин бештари вақти ӯ ба андухтани илм сарф шуда, Ҳофиз дар баробари мустақилона омӯхтани мероси форсизабонон забону адабиёти араб, ҳадису фиқҳ, ҳандасаву нуҷум ва Қуръонро бо ҷидду ҷаҳд омӯхта, дар андак замоне ҳамчун олим машхур шуд. Ӯ ҳатто ба китоби машҳури ‘’Тафсири кашшоф’’ шарҳ навишт. Ҳофиз ҷое ба омузиши улум ишора карда мегуяд:

Илму фазле, ки ба чанд сол дилам ҷамъ овард
Тарсам он наргиси мастона ба ягмо бибарад

Аз ишораҳои худи у муҳаққикони гузашта ва имрӯза пай бурдаанд, ки ӯ соҳиби зану фарзанд будааст. Ба қавли муаллифи тазкираи «Хизонаи Омира» Гуломалихони озод фарзанди калони Ҳофиз, ки Шоҳнуъмон ном доштааст, дар Ҳиндустон фавт карда будааст. Фарзанди дигари у дар кӯдаки аз олам гузаштааст. Инчунин аз ашъори Ҳофиз маълум мешавад, ки ёри азизаш ҳам ӯро танҳо гузошта, оламро хеле пеш аз ӯ падруд гуфта будааст. Бар замми маҳрумиятҳои оилавӣ ва шахси Ҳофиз аз замонаи шум низ азиятҳои зиёд мекашид. Ҳофиз дар замоне ҳаёт ба сар мебурд, ки задухурдҳои пайдарпаи ҳокимони маҳаллӣ мамлакатро хароб ва мардумро хонавайрон мекарданд. Дар баробари нооромии замон, задухурдҳои ашрофзодагон, қатлу ғорати бегонагон аҳволи зиндагии Ҳофиз хам, бешубҳа тоқатфарсо буд. Махсусан ҳокимону давлатмандони Шероз ба қадри сухани Ҳофиз намерасиданд. Аз ҳамин ҷиҳат шоири бузургвор шикваҳо мекард.

Сухандонию хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Бие, Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем.

Бо вуҷуди ин қадар парешони Ҳофиз шабу рӯз кор мекард, шеър мегуфт. Ғазалҳои намакини у дар саросари кишварҳое, ки забони тоҷикӣ – форсиро медонистанд, гулгулаҳо меафганд ва ба қавли Давлатшоҳи Самарқанди дар ҳама ҷо мақбули дилу ҳавоси мардуми авом мегардид. Мураттиби номаълуми девони Ҳофиз низ пас аз андаки вафоти ӯ хабар медиҳад, ки шеъри Ҳофиз бо тамоми ҷалол ва шукӯҳ дар андак муддате ба аксои Туркистон, Ҳиндустон, Ироқ, Озарбойҷон расида, ғазалҳои шӯрангези ӯ чунон маъкули хосу ом гашта буд, ки маҷлисе бе нуқли сухани завқомези ӯ равнақ намеёфт. Худи Ҳофиз низ шӯҳрати ашъори шӯрангези худро чунин тасвир менамояд:

Ба шеъри Ҳофизи Шероз мегуянду мерақсанд,
Сиёҳчашмони кашмирию туркони самаркандӣ.
Ироқу Порс гирифти ба шеъри хуш Ҳофиз,
Биё, ки навбати Бағдоду вақти Табрез аст.

Овозаи Ҳофизро шунида, ҳокимони гуногун аз Ҳиндустону Ироқ мехоҳанд, ки Ҳофиз дар дарбори онҳо хидмат кунад. Ӯро бо ин мақсад даъват мекунанд. Чунончи, дар замони Муборизиддин, ки аҳволи Ҳофиз дар Шероз табоҳ буд, Султон Увайс уро ба Бағдод даъват мекунад. Дере нагузашта бародари ӯ Султон Аҳмад Султон Увайсро кушта, дар соли 1382 ба тахт нишаст. Ӯ низ хост, ки Ҳофизро ба дарбори худ ҷалб намояд. Вале Ҳофиз аз Порс ба ҷониби Бағдод рағбат накард ва ба хушкпораи нони ватани худ қаноат намуда, онро аз шаҳди шаҳрҳои ғариби боло мегузошт. Ҳофиз Шерозро басе дӯст медошт ва ба он ифтихор мекард. Аз ин рӯ, ба сахтиву зори ҳам бошад, зиндагии Ҳофиз асосан дар Шероз гузаштааст ва дар тамоми умри худ ду бор ба Язд, як бор ба Исфаҳону Ҳурмуз ба сафар баромадани ӯро мухаққиқон тахмин мекунанд. Вафоти Ҳофиз дар соли 1390 мелоди воқеъ гардидааст. Ҳарчанд Ҳофиз вафот кардааст, вале каломи шурангезу ашъори диловезаш ҳазорон шуридагону ошиқони сухани форсиро тасхир намудаву барои хамешаги симои ӯро дар дилу дидаи дилбохтагон ва ҳаводоронаш зинда медорад.

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.
Агар ғам лаккар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
Ману соқи ба ҳам созему бунёдаш барандозем.
Чу дар даст аст руде худ, бизан мутриб, суруде хуш,
Ки дастафшон ғазал хонему покубон сар андозем.

Шуҳрати ҷаҳонии Ҳофиз


Ҳофиз бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷик буда, дар таърихи адабиети форсу тоҷик мақоми баланд дорад. Осори Ҳофиз асрҳо инҷониб дар сарзамини Эрону ?индустон, Афғонистон ва Осиёи Миёна шӯҳрат пайдо карда, дар дили ҳазорон пайравону муштоконаш ҷой гирифтааст. Номи баланди Ҳофиз аз ҳудуди ватани худ – Эрон гузашта дар тамоми дуне машҳур шуд. Вай дар замоне, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Эрону Мовароуннаҳр бисёр воқеа ва ҳодисаҳои ногувор руй медоданд умр ба сар бурда ва бо қалами сеҳрангези худ хама беадолатию мардумфиребӣ, ҷаҳлу ғурури табақахои ҳукумрони ҷамъиятро фош мекард, Аҳамияти каломи шӯрангези Ҳофиз ва сирри шӯҳрати шоири бузург дар ин аст, ки маъни ва мазмунҳои баланди назари, панду ҳикматро бо суханҳои ширин баён кардаву ба ҳар мавзӯъ аз равзанаи ишқ менигарад. Умуман Ҳофиз дар эҷод намудани шеър монанди як наққоши моҳир ҳар як маъниро бо рангҳои зебо оро дода, маънӣ ва мазмуни шеърашро дилнишин намудааст. Аз ин ҷиҳат Ҳофиз ҳам монанди бисёр шоирони гузашта дар бораи шеъри худаш меболад. Дар китобхонаҳои машҳури дунё, нусхаҳои девони Ҳофиз дар қатори пурарзиштарин осори инсоният маҳфузанд. Намунаи газалиёти Ҳофизи Шерозӣ дар Ҳиндустон ва Арабистон, Туркия, Озарбойчон, Осиёи Миёна, Россия, Олмону Ингилистон ва ғайра нашр ва тарҷума гардидаанд. Бисёре аз шоирони ғазалсаро, чун К. Хуҷандӣ, Ҳилоли, Фузули, Навоӣ, Ҷоми, ва ғайраҳо аз ғазалҳои у илҳом гирифта ва дар пайравии ашъори ҷаҳоншумулаш эҷод кардаанд. Шоирон ва мутафаккирони Аврупо низ ашъору афкори Ҳофизро тақлид карда, аз ашъори дилнишини ӯ баҳра ёфтанд. Ба ҳамин тариқ, шӯҳрати Ҳофиз аз доираи мамлакати худ берун баромада, ба тамоми Шарқу Ғарб паҳн гардида, дар қатори бузургтарин шоирони Дуне* мақоми арҷманде гирифтааст. Яъне Ҳофиз яке аз он шоиронест, ки хусусиятҳои бисёр нозук ва латифи забони дари – порсиро медонист. Дар тараққи ва ҳусну латофати ин забон хизматҳои тақдиршавандае кардааст, дар ашъори ӯ садҳо таркиб ва ибораҳои нав вомехӯрад. Ҳофиз дар ғазалҳои ҷонгудози худ пеш аз хама ишқро тараннум карда, онро чун ёдгори бемунтаҳои инсоният ба қалам додаст. Осори Ҳофиз ба қатори дастовардҳои тамаддуни ҷаҳон дохил шудааст ва аз ин рӯ, ҳамчун яке аз бузургтарин шоири лириканависи беназир шӯҳрати ҷаҳони дорад. Ҳофиз ва шахсияти ин сухансарои номӣ диққати бисёр бузургони ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст. Бисёре аз устодони назм аз ангезаи шигифтангези ғазалиёти Ҳофиз баҳравар шудаанд ва дар ситоишу васфи каломи шӯрангези ӯ таассуроти хешро баён кардаанд. Бузургтарин намояндаи адабиёти ҷаҳонӣ шоири немиси асри XIX Гёте андешаҳои худро доир ба ашъори ин шоири тавоно ва илхомбахш, пас аз ошнои пайдо карданаш бо эҷодиёти Ҳофиз навиштааст: “Эй Ҳофиз , сухани ту ҳамчун абадият бузург аст , зеро онро оғоз ва анҷом нест . Ту он сарчашмаи файзбахши шеъру нишотӣ, ки аз он ҳар лаҳза мавҷе аз паси мавҷи дигар берун метароват».



  1. Choice of language
  1. You know ...
Author of the most ancient algorithm Evklid
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|