http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Ишқи нав омад, худоё, ҷони нав бахшо маро,
Ташналаб ҳаргиз мабар аз соҳили дарё маро.

То бидидам чашми ӯ, дунё ба чашмам ҳеҷ шуд,
Ё ду чашмам пӯш ё дунёи нав бикшо маро.

Ман, ки имрӯзам, варо имрӯз бо ман васл кун,
Эй фалак, қисмат мадеҳ имрӯзи бефардо маро.

Осмон, дар оси ту бас устухонам орд шуд,
Ҳаққи навбат деҳ даме бо ишқи ҷонфарсо маро.

Гар ту худ парвои бешу кам надорӣ, эй замин,
Соате парво бикун бо ёри бепарво маро.

Ман, к-аз ин дунё наям дар мазҳаби ишқу ҷунун,
Ё дар ин дунё бимон ё бар аз ин дунё маро.

Ман барои ишқ аз модар ба дунё омадам,
Модари гетӣ, макун дар ошиқӣ расво маро!

[1982]
  1. Choice of language
  1. You know ...
The worm – the program, created to work on several computers to copy itself from the machine in the machine and there to start. For the first time the term "worn" was used in 1975 in science fiction.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|