http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Чу ҳар боре ба ёд орам гулу бори ҷавониро,
Бубинам рӯ ба рӯи хеш дидори ҷавониро.

Бубинам рӯ ба рӯи хеш бо чил кокули мушкин
Ба худ нозидану болидани ёри ҷавониро.

Бубинам орзуҳоям ба чандин ҷилва меҷӯянд
Гаҳ асрори ҷавониро, гаҳ осори ҷавониро.

Ду чашмам мепарад шабҳо, ки шояд бинам андар хоб
Нишону рангҳои бахти бедори ҷавониро.

Дили яхбастаам гум мезанад ҳар гаҳ, ки ёд орам
Муҳаббатҳои сӯзону шарарбори ҷавониро.

Ба ҳасрат ёд меорам кунун зери хазонборон,
Ҳама гул-гулшукуфтанҳои гулзори ҷавониро.

Кунун миқдоре аз умрам дареғогӯӣ хоҳад буд,
Надонистам, дареғу дод, миқдори ҷавониро.

[1986]
  1. Choice of language
  1. You know ...
The first "leptop" computer became IBM 5100 (IBM Portable Computer), equipped the display which has been built-in by the store on an magnetic tape and 16 Kb of operative memory, weight 23 kg. The Year of the creation 1975.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|