http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Ман аз диёри шумоям, ман аз диёри шумо,
Ман аз канори шумоям, ман аз канори шумо.

Нахурдаам қадаҳе аз шароби “Марғедар”,
Агарчи ном барандам шаробхори шумо.

“Ҳазор бодаи нохурда дар раги ток аст”
Умеди бода надорам зи токзори шумо.

Мазориёни тунукмеҳр, қадри дил донед,
Ки нури дил битаровад зи ҳар мазори шумо.

Ман аз Мазори шарифам, на аз Мазори касиф,
Ман аз табори шарифам, на аз табори шумо.

Зи оби Чашмаи мардон, ки мардӣ омӯхтам,
Гиромидори шумоям, сипосдори шумо.

Ба Обшор бигӯеду кӯҳи Чилмеҳроб,
Ки обшори сурудам зи обшори шумо.

Чу оби зиндагӣ ояд зи коми Гӯрдара,
Пур аз шукуфаву гул бод ҳар баҳори шумо.

Зи баъди хуфтани ман дар мазор мефаҳмед,
Ки хоксори шумоям, ҳам ифтихори шумо.

Агар накӯям, агар бад, ҳамин маро доред,
Ки ёдгори шумоям, ки ёдгори шумо.

24.12.1995
  1. Choice of language
  1. You know ...
The first mass hard disk was from Seagate capacity 5 Mb
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|