http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Бесарупоем, аммо даст дар корем мо,
Бо ҳама девонагиҳо боз ҳушёрем мо.

Бо ҳазорон сахтӣ гар роҳи ҷаҳонро ёфтем,
Нармрӯю нармдил фарзанди куҳсорем мо.

Дар масири зиндагӣ ҳамчун асири зиндагӣ
Бо ҳама озорҳо дар фикри осорем мо.

Марзбон бедор бошад дар хати сарҳад агар,
Дар сари ҳар мисрае то субҳ бедорем мо.

Гар камем, аммо ба чашми нақдбинон оламем,
Дар миёни кӯҳҳо як дашти ҳамворем мо.

Қадри мо пурсед аз дилташнагони меҳру шеър,
Дар муҳити дашти бирён ҷӯи саршорем мо.

Эй ки моро бебағал пиндоштиву бебисот,
Сад ҳазорон шукр аз қисмат, ки дил дорем мо!

[1986]
  1. Choice of language
  1. You know ...
Bill Geyts became billionaire, when him was 31
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|