http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Сӯи бесӯӣ равонем, эй дареғ аз сӯи мо,
Кӯи некӯе надорем, эй дареғ аз кӯи мо.

Чеҳраҳо туршидаву пажмурдаву мотамзада,
Рӯи инсонӣ надорем, эй дареғ аз рӯи мо.

Бӯи хуну бӯи мурда мерасад аз хушку об,
Бӯи беҳрӯзӣ надорем, эй дареғ аз бӯи мо.

Ҷои он ҷӯборҳои “ёди ёри меҳрубон”
Ҷӯи ашку хун равон аст, эй дареғ аз ҷӯи мо.

Модари зояндаи ояндамон астарван аст,
Сӯи бесӯӣ равонем, эй дареғ аз сӯи мо.

6.11.1993 – Душанбе
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
...что первая мышка для компьютера была сделана из дерева
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|