http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Ман зинда берун омадам аз гӯрҳо, аз гӯрҳо
Наздики ёрон омадам аз дурҳо, аз дурҳо.

Оғӯши қисмат боз шуд, сад хони неъмат соз шуд
Гӯёву бино омадам аз базми гунгу кӯрҳо.

Аз ранҷи ғурбат растаам, занҷири по бигсастаам,
Шодӣ кунед аз бахти ман, ранҷурҳо, ранҷурҳо.

Аз нав ҷавонӣ ёфтам, сад муждагонӣ ёфтам
Нак зиндагонӣ ёфтам, маҳҷурҳо, маҳҷурҳо.

Наздики гулшан омадам аз марзи ошӯби хазон,
Наздики гулхан омадам аз сардии лозурҳо.

Маъмуртар аз ҳар киям, манзуртар аз ҳар чиям,
Пирӯзмандам бар шумо, пирӯзҳо, пирӯзҳо.

Чун бар Ватан боз омадам, бар хештан боз омадам,
Ганҷи маро набвад баҳо, ганҷурҳо, ганҷурҳо.

Домони кишвар омадам, домони модар омадам,
Ман ҷашнаму ман ҷашнҳо, ман сураму ман сурҳо!

30.09.1993 – Зумрад
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
что байт - это 8 бит
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|