http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Шаҳри шикастаҳо, шаҳри фитодаҳо,
Шаҳри пиёдаҳо монанди подаҳо.

Дилҳои ғамзада, қадҳои хамзада
Бар сарнавишти бад гардан ниҳодаҳо.

Дар чеҳри одамон нақши ғами замон –
Ин аст баҳраи Беҳзодзодаҳо.

Аз дасти ғосибу дуздони хонагӣ
Дору надори худ аз даст додаҳо.

Дар назди бонкҳо бо қаҳру бонгҳо
Дар интизори пул сархам ситодаҳо.

Холӣ мағозаҳо мисли кафи гадо
Шарманда раҳгузар дар кӯю ҷодаҳо.

Дар ёди хушкнон гардида хушкҷон
Дар кӯча мехазад анбӯҳи ходаҳо.

Дасти кушода ку? Дарюзае маҷӯ
Ҳам рехт абруи абрӯкушодаҳо.

Ҳарчанд гардане андар қилода нест,
Эҳсос мешавад дарди қилодаҳо.

Тақдири халқро тақрир мекунанд
Андар идораҳо пур беиродаҳо.

Дар пойтахти мо ҷуз рӯзи сахти мо
Дигар чӣ диданист, эй лавҳсодаҳо?!

8.06.1994
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
что байт - это 8 бит
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|