* * *
Бод дар кафат монда – ҷурми боданӯшиҳо, Сахтият ба сар омад – узри сусткӯшиҳо. Раъд бар сарат ғуррад, бод бар дарат шӯрад, Худ ба худ фиғон дорӣ – ҳосили хамӯшиҳо. Пухтагон ҳама бурданд пухтаҳои полизат Норасида мондастӣ – бори хомҷӯшиҳо. Охирин калӯшатро мебаранд аз поят Баски достонастӣ дар даҳонкалӯшиҳо. Мокиёни куркатро мепаранд гунҷишкон – Заъфи бехурӯсиҳо, заъфи бехурӯшиҳо. Арғувони боғатро додаӣ ба хастабъон, Бо вуҷуди урёнӣ боз айбпӯшиҳо?.. Қарздорӣ аз ҳар саг устухоневу лекин Мекунӣ ба ҳар ҷое устухонфурӯшиҳо...